Аксҳои Маҳмуд Худойбердиев, сарҳанги шӯришгар, ки ахиран рӯйи саҳфаи Facebook пайдо шудааст, "зоҳиран дар Узбакистон аккосӣ шудаанд, на дар Тоҷикистон".
Бо баёни ин нукта полковник Эминҷон Ҷалилов, муовини сардори раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа нашри аксҳои гӯиё нави сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев дар шабакаи интернетро «иғвои навбатӣ»-и гурӯҳҳое номид, ки ҳадафашон бесубот кардани вазъи кишвар мебошад.
Пайдоиши ду акси Худойбердиев дар шабакаи Facebook аз ҷониби Додоҷон Атовуллоев, дар маҳофили Тоҷикистон баҳсҳои доманадореро ба миён овардааст. Баъзе аз таҳлилгарон иддао карданд, ки чопи ин аксҳо бавижа дар соли интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимолан ишораест ба тасмими гуруҳҳои мухолифи ҳукумати феълӣ, ки ба ин маъракаи сиёсӣ дахолат хоҳанд дошт. Рӯзи 16 январ дар сӯҳбат бо Би-Би-Си хабарнигори мухолифи давлат Додоҷон Атовуллоев гуфт, ки ин аксҳо аз ҷониби як дӯсташ "дар баҳори соли 2012 дар наздики ағбаи Анзоби Тоҷикистон бардошта шудааст".
Аммо Эминҷон Ҷалилов, муовини сардори раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон, гуфт, мақомоти Тоҷикистон дар мавриди фаъолиятҳо ва мавзеи будубоши Маҳмуд Худойбердиев иттилоъ доранд ва ин гуруҳ ба ноором кардани авзоъ дар кишвар қодир нахоҳад буд: "Маҳмуд Худойбердиев чӣ хел одам аст, чӣ ҷиноятҳои мудҳишро содир кардааст, ҳама медонад. Ҳама медонад, ки вай дар кишвари ҳамсоя умр ба сар мебарад, бо чӣ кор машғул буданаш ҳам ба ҳама маълум. Ягон ҷойи пинҳон карданаш нест. Лекин маълумоти фаврӣ ҳаст нисбат ба ҳаммаслаконаш ва корҳои фаврӣ идома дорад. Фаъолияти тамоми ҳамин гуруҳ зери назорати кормандони шуъбаҳои фаврии ҳам ВКД, ҳам амнияти миллӣ, ҳам раҳбарияти ВКД ва ҳам шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил қарор дорад."
Дар ҳамин ҳол, як таҳлилгари маҳаллии масоили амниятӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар соли интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон пайдо шудани аксҳои Маҳмуд Худойбердиев дар интернет наметавонад амри тасодуфӣ бошад. Ба иддаои ӯ, ҳарчанд Додоҷон Атовуллоев гуфтааст, ки “Маҳмуд Худойбердиев ба Тоҷикистон ҳамла нахоҳад кард”, аммо иқрор намудааст, ки ҳаммаслакони ӯ мехоҳанд дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат варзанд.
Маҳмуд Худойбердиев то соли 1997 раҳбари воҳиди низомии зери итоати президенти Тоҷикистон буд. Аммо пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997, вай ин санадро эътироф накард. Гуруҳҳои мусаллаҳ таҳти раҳбарии Маҳмуд Худойбердиев соли 1997 дар Қӯрғонтеппа ва моҳи ноябри соли 1998 ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкаловски вилояти Суғд ҳамлаҳои низомӣ кард. Аммо ба муқовимати ҳарбии нерӯҳои ҳукуматӣ тоб наоварда, бо пайравонаш тарки Тоҷикистон намуд. Мақомоти Тоҷикистон алайҳи ӯ ва иддае аз пайравонаш бо иттиҳомоти хиёнат ба давлат ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, тӯли 15 соли ахир наздики 200 пайраву узви гуруҳи Худойбердиев дар Тоҷикистон боздошт ва ба муҷозот кашида шуданд. Вале Эминҷон Ҷалилов, муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳоло бархе аз аъзои афвшудаи гуруҳи Худойбердиев дар қаламрави Хатлон зиндагии осоишта дошта, мақомот дахле ба рӯзгорашон надоранд. Вай гуфт: "Албатта, баъзе тарафдорони Худойбердиев, ки аз тарафи Ҷаноби олӣ афв карда шуданду ҳоло ба озодӣ баромадаанд, аз кирдорҳои худ пушаймон шудаанд, ягон кас онҳоро таъқиб намекунад. Зиндагии орому осуда доранд."
Ин ҳам дар ҳолест, ки авохири моҳи сентябри соли гузашта Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз таҳияи феҳрасти беш аз 500 тан аз тарафдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев хабар дода буд.
Абдураҳим Мирзоев, аз раҳбарони раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, гуфта буд, ки ҳадаф аз таҳияи ин рӯйхат, таҳти назорат гирифтани пайравону тарафдорони собиқ ва эҳтимолан феълии сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев аст, ки амали ношояме содир накунанд: “Зиёда аз 500 нафар тарафдорони гуруҳ муайян гардида, ба қайд гузошта шудаанд. Муайян карда шуд, ки зиёда аз 170 нафарашон феълан дар Федератсияи Русия мебошанд. 36 нафари онҳо дар кофтукови байналмилалӣ эълон шуда, боқимондаашон таҳти назорат мебошанд”.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар соли 2012-ум 665 ҷинояткори эҳтимолиро мавриди пайгарди қонунӣ қарор дода буд, ки дар миёни онҳо пайравони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев низ будаанд. Аммо дар ҳоле, ки 303 нафар аз ҷустуҷӯшавандаҳо дар ин муддат боздошт шудаанд, дар миёни онҳо ягон узв ё пайрави Худойбердиев набудааст.