Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА шариконашро аз интиқоли мушакҳои эронӣ ба Русия огоҳ кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маълумот дар бораи интиқоли мушак аз Эрон ба Русияро бо шариконаш дар миён гузоштааст. Дар ин бора хабаргузории Ассошиейдет пресс рӯзи 8-уми сентябр гузориш дод.

Ин расона аз қавли ду манбаи огоҳ навиштааст, феълан дақиқ нест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Русия чӣ қадар мушак додааст. Дар Кохи Сафед бидуни шарҳи мавзӯъ танҳо аз он нигаронӣ карданд, ки Эрон ҳамчунон пуштибонӣ аз Маскавро идома медиҳад.

Ахиран телевизиони CNN ва нашрияи The Wall Street Journal хабар доданд, ки Эрон ба Русия 200 мушаки кутоҳпарвоз додааст. Ин ду расона навиштанд, ки хабарро аз манбаҳои худ дар Хадамоти истихборот дарёфт кардаанд.

Намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ин хабарро рад кард.

Вазорати корҳои хориҷии Украина аз нашри хабарҳо дар мавриди интиқоли мушак аз Эрон ба Русия нигаронӣ кард. Ин вазорат дар хабарномае гуфтааст, ки ин хабар тасдиқ шавад, "оқибати харобиовар" дар муносибати Украина ва Эрон хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG