Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: Миллиардер Усмонов ба муаррифии Узбакистон дар ҷаҳон кумак мекунад


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Алишер Усмонов, миллиардери узбактабор, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории “Ройтерс” гуфт, ки ба раҳбари нави Узбакистон дар муаррифии ин кишвар ба ҷаҳони берун мусоидат мекунад. Ӯ гуфт, ният дорад, то ҳадди тавонаш ба иқтисоди Узбакистон низ сармоягузорӣ намояд.

Дар гузашта бисёриҳо аз сармоягузорӣ ба иқтисоди Узбакистон ҳарос доштанд, чунки механизми бозгардони даромадҳо вуҷуд надошт. Имрӯз ин масъала аз назари қонун тақрибан ҳал шудааст

Усмонов, ки молики чанд корхонаи истихроҷи маъдан ва клуби футболи “Арсенал” аст, нахустин бор ба таври боз дар бораи ҳамкориҳояш бо мақомоти Узбакистон нақл кард. Пуштибонии Алишер Усмонов, ба эҳтимоли ғолиб, мавқеи президент Шавкат Мирзиёевро тақвият мебахшад, чун президенти ин кишвари Осиёи Марказӣ талош дорад кишварашро баъди чоряк қарни фишору маҳдудиятҳо ва иқтисоди нақшавӣ навсозӣ кунад, вале айни замон, метавонад бо фишорҳои эҳтимолӣ дар дохили кишвар ҳам рӯбарӯ шавад.

“Омода ҳастам бо ҳар роҳ кумакашон кунам ва ҳоло ҳам ин корро мекунам”, - гуфт Алишер Усмонов дар як сӯҳбати телефонӣ бо оҷонсии “Ройтерс”. Вай афзуд, “нақши имрӯзаи ман аз машварату маслиҳат додан иборат аст, Инчунин, баъзе тарҳҳои хайриявиро роҳандозӣ мекунам”.

Ба саволи хабарнигор дар бораи инки чӣ миқдор маблағро ӯ омода аст ба Узбакистон ихтисос диҳад, Усмонов гуфт: “ҳар қадаре, ки аз дастам омад”. Соҳибкори шинохта рақами мушаххасро ба забон наовард, вале аз тақвияти ҳамкориҳои байни корхонаҳои истеҳсоли маъдани Узбакистон ва ширкатҳои русии USM, ки 49 дарсади саҳмияҳояшро дар ихтиёр дорад, хабар дод. Усмонов ҷузъиёти дигари домани ҳамкориҳояшро боз накард.

Усмонови 64-сола дар мақоми панҷуми феҳристи сарватмандтарин афроди Русия қарор дорад. Маҷаллаи Forbes дороиҳои Усмоновро дар ҳаҷми 15,2 миллиард доллар арзёбӣ мекунад, ки панҷяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Узбакистонро ташкил медиҳад.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Усмонов зодаи Узбакистон аст, вале ҳанӯз дар ҷавонӣ ба Маскав кӯчид. Ӯ молики нисфи саҳмияҳои Металлоинвест буда, инчунин, саҳмдори ширкатҳои телевизиониву интернетӣ мебошад.

Узбакистон баъди аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуданаш, давоми 25 сол аз ҷониби президент Ислом Каримов идора шудааст. Каримов бо нобоварии баробар ба Русия ва Ғарб муносибат мекард, иқтисодро шадидан назорат ва дигарандеширо маҳдуд менамуд.

Соли 2016 баъди марги Каримов раҳбарии кишварро Шавкат Мирзиёев бар ӯҳда гирифт. То пирӯзӣ дар интихобот, Мирзиёев дар мақоми нахуствазири Узбакистон кор кардааст. Баробари расидан ба қудрат Мирзиёев чанд ислоҳоти иқтисодӣ баргузор кард, назорати сармояро соддатар намуд ва равобит бо кишварҳои дигарро ҳам беҳбуд бахшид.

Алишер Усмонов дар мусоҳибааш дар ин замина гуфт, “ҷасорати ҳукумати имрӯзаро дар масоили ислоҳотии молиявӣ эҳтиром мекунам. Фикр мекардам, ки барои шурӯи ин кор аз се то панҷ сол лозим мешавад, чунки дар бисёр кишварҳои дигар ҳамингуна аст. Вале дар ин кишвар масъала дар давоми як сол ҳал шуд”. Вай гуфт, “дар гузашта бисёриҳо аз сармоягузорӣ ба иқтисоди Узбакистон ҳарос доштанд, чунки механизми бозгардони даромадҳо вуҷуд надошт. Имрӯз ин масъала аз назари қонун тақрибан ҳал шудааст ва танҳо масъалаҳои фаннии иҷрои ин шарту шурут мемонад. Ин баёнгари ислоҳоти ҷиддӣ барои Узбакистон аст”.

Ислом Каримов
Ислом Каримов

Алишер Усмонов дар замони раҳбарии Каримов бо раҳбарияти Узбакистон робитаҳои наздик надошт. Баъди президент шудани Мирзиёв ҳам ширкаташ дар ҳаёти сиёсии ин кишварро рад кардааст. Моҳи октябри соли 2016 дафтари матбуоти Усмонов гуфт, ки ҳама гуна хабар дар ин замина “як овозаи бепояву асос аст”. Вале Усмонов дар гузашта ҳам гуфтааст, ки агар аз ӯ дархост шавад, ҳатман ба Узбакистон кумак хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, вақтҳои охир нишонаҳои ҳамкориву робитаҳои Усмонов ва Мирзиёев ба чашм мерасад. Мирзиёев савори ҳавопаймои хусусии Усмонов сентябри имсол ба Ню-Йорк бо ҳадафи ширкат дар Маҷмаи кулли СММ рафта буд. Ширкати милии Uzbekistan Airways гуфт, ҳавопаймо бо нархи бозор ба иҷора гирифта шуд.

Видео: Рақси Алишер Усмонов бо ҳамсари раиси ҷумҳури Узбакистон

Рақси Алишер Усмонов бо ҳамсари раиси ҷумҳури Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Ба саволи “Ройтерс” дар бораи ин парвоз Усмонов гуфт: “Дар ҳузури ман масъалаи парвози Мирзиёев ҳаллу фасл шуд. Ба он хотир буд, ки парвоз хеле тӯлонӣ асту ҳавопаймои муносиб вуҷуд надошт”. Ӯ гуфт, “мехостам ҳавопайморо бепул ба истифода бидиҳам ва хеле хурсанд ҳам мешудам, вале Узбакистон пофишорӣ кард, ки истифода аз он танҳо бар асоси тиҷоратӣ сурат мегирад. Ҳамин тавр ҳам шуд”.

Алишер Усманов
Алишер Усманов

Матбуот хабар додааст, ки хоҳарзодаи ҳамсари Мирзиёев - Диёра ҳамсари Бобур - бародарзодаи Усмонов буд, ки соли 2013 дар як садамаи нақлиётӣ даргузашт. Ба савол дар ин бора Усмонов гуфт: “Диёра дигар ҳамсари собиқи ҷияни ман нест. Ӯ бо марди дигар издивоҷ кардааст ва ман ҳам хушбахтии ӯро орзу мекунам”.

Усмонов гуфт, бо мақомоти Узбакистон дар тарҳҳои марбут ба барқарории мероси таърихӣ дар Бухоро, Самарқанд ва Тошканд кор мекунад. Ба гуфтаи ин миллиардер, бисёр кишварҳои дигар омода ҳастанд ба иқтисоди Узбакистон сармоягузорӣ кунанд, ба шарте ки муҳити сармоягузорӣ муносиб бошад.

“Ин ҳамон ҳадафҳоест, ки президент иҷрои онҳоро ваъда додааст ва ман бовар дорам, ба ҳадафаш мерасад. Ман ҳам ҳамаҷониба ба онҳо кумак хоҳам кард”, - гуфт Усмонов.

Ӯ, инчунин, аз узбакистониҳои дигар дар хориҷи кишвар даъват кард, ки ба шукуфоии иқтисодиву сиёсии Узбакистон сармоягузорӣ кунанд, то ки ин кишвар ба як “давлати боадолат” табдил шавад. “Рисолати ман ҳам дар ҳамин аст. Ман, ки дар синну соли нафақа ҳастам, фақат метавонам, ки таҷрибаву дониши худро бо онҳо дар миён гузорам”, - хулоса кард Алишер Усмонов.

XS
SM
MD
LG