Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди як соли марги Каримов. 10 “дигаргунӣ” дар Узбакистон


Аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, як сол гузашт. Ӯ аз соли 1989 то дами марг ҷилави қудрат дар ин кишвари Осиёи Марказиро дар даст дошт. Аммо дар замони раҳбарии ӯ Узбакистон ба яке аз кишварҳои фақири Шӯравии собиқ табдил шуда, саркӯби мухолифин ва матбуоти мустақил ба авҷи худ расид.

Ҳоло дарёфти иҷозаи расмӣ барои берун рафтан аз кишвар ба ҷуз аз Узбакистон дар Куриёи Шимолӣ амал мекунад.

Баъд аз даргузашти Каримов масъалаи ҷойгузини ӯ начандон қонунӣ, аммо зуд ҳал шуд. Кумисюни гӯручӯби Ислом Каримовро нахуствазир Шавкат Мирзиёев бар ӯҳда гирифт ва рӯзи 8-уми сентябр бо нақзи банди Қонуни асосӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур шуд. Дар ҳоле ки бар асоси Конститутсия, ин мақом насиби раиси Сенат буд.

Баъдан, рӯзи 5-уми декабри соли гузашта Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, ки Шавкат Мирзиёев бо шикасти рақибонаш дар интихобот баранда шудааст. Дар як соли бе Каримов ва раҳбарии Мирзиёев дар Узбакистон чӣ тағйирот пеш омад?

“Ваъдаи лағви визаи хуруҷ”

Моҳи августи имсол мақомоти Узбакистон ваъда доданд, ки аз якуми январи соли 2019 ба шаҳрвандон шиносномаҳои биометрии хориҷӣ хоҳанд дод. Ҳоло сокинони Узбакистон шиносномаи хориҷӣ надоранд ва барои берун рафтан аз ин кишвар бояд ба Вазорати умури дохилӣ муроҷиат кунанд. Дар ин идора тасмим гирифта мешавад, ки оё шаҳрванд аз кишвар берун равад ё наравад.

Дар сурате ки шахс ба хориҷи дур рафтанист, дар паспорти ӯ иҷозатномае насб хоҳанд кард, ки ду сол мӯҳлат дорад. Барои сафар ба хориҷи наздик, аз ҷумла Русия, муҳр зада мешавад. Сокинони Узбакистон барои дарёфти ин иҷозатнома ё визаи хуруҷ дар навбати тӯлонӣ меистанд ва гоҳе маҷбуранд, барои ба даст овардани он “пора” бидиҳанд. Нархи расмии ин ҳуҷҷат тақрибан 30 доллари амрикоист.

Бо ин вуҷуд гирифтани мӯҳру иҷозатномаи сафар ба хориҷ чандон осон нест. Дар Узбакистон “феҳристи сиёҳ” амал мекунад ва афроди таҳти таъқиб ё назорати нирӯҳои вижа ҳаққи берунравӣ аз кишварро надоранд. Ҳоло дарёфти иҷозаи расмӣ барои берун рафтан аз кишвар ба ҷуз аз Узбакистон дар Куриёи Шимолӣ амал мекунад.

“Пирӯзии бозори сиёҳ”

Узбакистон яке аз камтарин кишварҳоест, ки дар онҷо се навъи бозори асъор – расмӣ, биржа ва воқеӣ – амал мекунад. Биржа асосан барои онҳое муҳим аст, ки аз хориҷ мол ворид мекунанд, ё ба хориҷа мол бурданианд. Нархи “бозори сиёҳ” барои одамони одист. Барои мисол, ҳангоми таҳияи ин матлаб нархи як доллари амрикоӣ дар “бозори сиёҳ” ба 7800 сум баробар буд. Дар ҳоле ки Бонки марказии Узбакистон ин нархро 4182,30 сум таъин кардааст. Фарқ тақрибан ду баробар аст.

Охири тобистони имсол мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъор боз хоҳанд кард. Пештар аз он дар моҳи июл ба бонкҳо иҷоза дода шуд, ки ба афроди ҳуқуқӣ баробар бо нархи “бозори сиёҳ” асъори хориҷӣ бифурӯшанд.

“Пули сабуктар”

Табдили сад доллари амрикоӣ бо суми Узбакистон метавонад тақрибан ним кило пул шавад. Ин шӯхӣ нест. То моҳи марти имсол болотарин арзи узбакӣ 5 ҳазор сум буд ва ин каметар аз як доллар аст. Мардум баъзе вақт барои хариди маҳсулот маҷбуранд бандчаҳои зиёди пулро бо худ бигиранд.

Барои рафъи ин мушкил мақомот баҳори имсол пули 10-ҳазор сумӣ ва дар моҳи август пули 50-ҳазор сумиро ба гардиш бароварданд.

“Дӯстони наздик”

Раҳбари нави Узбакистон якбора сиёсати кишварашро дар баробари ҳамсояҳо тағйир дод. Дар замони хеле кӯтоҳ Шавкат Мирзиёев барои беҳтар кардани муносибат бо Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон гом бардошт. Дар замони раҳбарии Ислом Каримов муносибати Тошканд бо Душанбеву Бишкек ба сардӣ гароида ва тамоми марзҳо бо ин ду ҳамсояи наздик баста буд.

Нахустин бор дар Андиҷон як ҳайати бузург аз Қирғизистон меҳмон шуданд ва барои боздид ба Хуҷанд як ҳайати узбакистонӣ омад. Сипас Тошканду Душанбе парвози ҳавопайморо аз сар гирифта, рӯзҳои фарҳанг ва намоиши маҳсулоти саноатии Узбакистон дар Тоҷикистон шуд. Дар гузашта Тошканд ҳеҷ гоҳ чунин муносибати дӯстонаашро ба намоиш нагузошта буд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Аммо талоши Тошканду Душанбе барои беҳтар кардани муносибат ба ҳаёти сокинони таъсири чандоне нагузоштааст. Сокинони наздимарзии Тоҷикистон ҳанӯз барои сафар ба Узбакистон ва дидор бо хешовандон маҷбуранд аз гузаргоҳҳои махсус убур кунанд. Инчунин аз онҳо даъватнома ва ҳадафи сафар тақозо мешавад. Ин сабаб бояд ё тӯй бошад, ё дафни наздикон.

“Бозгашт ба саҳна”

Имсол Шералӣ Ҷӯраев ва Юлдуз Усмонова, ду овозхони маъруфи Узбакистон, ба саҳнаи калон баргаштанд. Солҳои охир дар Узбакистон баъзе аз овозхонҳо аз ҳаққи баромад маҳрум шуда, телевизионҳои давлатӣ онҳоро намоиш намедоданд. Садояшон дар радиоҳо низ банд шуда ва даъваташон ба консертҳо манъ буд.

Юлдуз Усмонова
Юлдуз Усмонова

Ба ин феҳрист натанҳо овозхонҳое шомил буданд, ки мавриди хашми Ислом Каримов қарор гирифтанд. Онҳое низ буданд, ки бо ягон сабаб дар маъракаҳои расмӣ иштирок накарда, ба тӯйи мансабдорон нарафтаанд.

Мақомот дар моҳи аввали баъди марги Ислом Каримов ин феҳристро ихтисор карданд. Дар баъзе ҳолат мақомоти “Узбекнаво”, масъули додани иҷозатнома, аз овозхонҳо маъзартхоҳӣ карданд. Аз ҷумла, кормандони ин ширкат ба хонаи Юлдуз Усмонова бо дасти гул рафта буданд.

“Онлайн – понлайн”

Моҳи апрели имсол телевизиони давлатии Узбакистон тарҳи “Пресс клуби байналмилалӣ”-ро роҳандозӣ кард, ки дар як барномаи зинда мушкили гуногун баррасӣ мешуд. Аммо баъди як барнома, ки кори нахуствазир танқид шуд, пахши зиндаи барнома қатъ гардид.

“Нахуствазир таъкид кард, ки дигар онлайн-понлайн намешавад. Дигар ҳеч кас ҳаққи пахши мустақимро надорад”, гуфт яке манбаъҳои Радиои Озодӣ. Ҳоло натанҳо барномаи “Пресс клуби байналмилалӣ”, балки барномаҳои дигар низ аз қабл сабт шуда, сипас, ба эфир гузошта мешаванд. Мисли даврони гузашта.

Моҳи июл ширкати телевизион ва радиои Би-би-сӣ эълон кард, ки дубора намояндагиашро дар Узбакистон боз хоҳад кард. Дар вебсайти Би-би-сӣ эълони як ҷойи холии кор ҳам нашр Би-би-сӣ барои дарёфти аккредитатсия аз мақомоти Узбакистон моҳи декабри соли гузашта муроҷиат кардааст.

“Наздикӣ бо мардум”

Дар муқоиса ба раҳбари пешини Узбакистон, Шавкат Мирзиёев дӯст медорад, ки бо одамони одӣ дидор кунад. То куҷо ин дидорҳо самимӣ ё намоишӣ ҳастанд, чизе гуфтан мушкил аст. Барои мисол, ҳангоми сафараш Намангон, вақте Мирзиёев ба кӯча баромад, дар атрофаш теъдоди зиёди одамон ҷамъ шуданд. Ҳангоми сафар дар Бекобод ӯ ба хонае рафт, ки мотам доштанд. Баъди сӯҳбат бо хонаводаи марҳум, Мирзиёев амр дод, ки ба онҳо ёрӣ расонда шавад.

“Парастиш ва танқиди президенти пешин”

Муҷассамаи Ислом Каримов дар шаҳри Тошканд
Муҷассамаи Ислом Каримов дар шаҳри Тошканд

Ҳоло дар Узбакистон ду муҷассамаи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон қомат афрохтааст. Як муҷассамаи ӯ дар зодгоҳаш Самарқанд ва дигаре дар шаҳри Тошканд гузошта шуд. Ҳангоми рӯнамоӣ аз ин муҷассама дар шаҳри Тошканд Шавкат Мирзиёев, мансабдорони дигар ва намояндагони созмони ҷавонон иштирок карданд. Ҳамаи онҳо дар назди ҳайкали Каримов сари таъзим фуруд оварданд.

Мирзиёев ҳар боре ки ба Самарқанд меравад, қабри Каримовро зиёрат мекунад. Ӯ ҳарчанд аз камбудҳои замони гузашта мегӯяд, аз касе ном намебарад, Каримовро рӯирост танқид намекунад.

Аммо дар аввали моҳи августи имсол дар телевизиони давлатии Узбакистон нахустин интиқод аз даврони раҳбарии Ислом Каримов садо дод. Дар ин барнома президенти қаблии Узбакистон барои роҳандозии сабқати “кӣ зӯртар?” бо кишварҳои ҳамсояҳо айбдор гардид. Муаллифони барнома гуфтанд, ки “ҳоло президент Шавкат Мирзиёев талош дорад, гиреҳи ин муамморо бо ҳамсояҳо боз намояд”.

“Озодии зиндониҳои сиёсӣ”

Баъд аз марги Каримов ҳукумат чанде аз зиндониёни сиёсиро аз маҳбас озод кард. Яке аз онҳо Самандар Қӯқанов, вакили собиқи Шӯрои олии Узбакистони Шӯравист, ки 23 сол дар зиндон буд. Наздиконаш мегӯянд, ки ин сиёсатмадор бо амри шахсии Ислом Каримов ҳабс шуда буд.

Ҷамшед Каримов
Ҷамшед Каримов

Инчунин, Муҳаммад Бекҷон, сардабири пешини рӯзномаи "Эрк" ва бародари раҳбари мухолифин Муҳаммад Солеҳ озод гардид. Бекҷон соли 1999 ба зиндон маҳкум шуд. Дар ин сол ҷияни Ислом Каримов – журналист Ҷамшед Каримов – аз бемористони касалиҳои рӯҳӣ озод шуд. Ӯ дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки марги Каримов барояш “сюрприз” буд.

“Омодагии қудои бойтарин”

Соли 2009 дар Тошканд тӯйи Бобур Усмонов ва Диёра Мирзиёева, ҷияни Шавкат Мирзиёев, баргузор шуд. Ҳамон вақт амаки арӯс яке аз ворисони эҳтимолии Ислом Каримов дониста мешуд. Бобур Усмонов, ҷияни миллиардер Алишер Усмонов аст.

Баъди марги Ислом Каримов, Алишер Усмонов дар сӯҳбат бо телевизиони “Россия-24” гуфт, ки дар сурати даъват омода аст ки ба Узбакистон баргардад. Манобеи Радиои Озодӣ аз чанд тарҳе ном мебаранд, ки миллардер барои сармоягузорӣ дар онҳо таваҷҷуҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG