Ин фармондеҳи тоҷиктабор бо вуҷуди интиқодҳои мухолифонаш, нирӯи баҳамоваранда ва пуле дар байни мухолифин ва маъмурияти порашудаи Ҳомид Карзай буд. Баъди шикасти Толибон дар соли 2001 Фаҳим дар нигаҳдории сулҳу созиш дар байни гуруҳҳои мухолифи дохили Эътилофи шимол нақши калидӣ дошт.
Марги Фаҳим, ин нафари калидӣ ва раҳбари қавмӣ дар таърихи 9-уми март, дар пасманзари дурнамои норӯшани ин кишвар, барои раҳбарияти Афғонистон ва шарикони Ғарбии он зарбае талхе буд. Гуфта мешавад, ки генерал Фаҳим бар асари сактаи қалбӣ аз дунё гузашт. Рафтани Фаҳим дар як марҳилаи гузариш барои Афғонистони ноором ва интихоботи зудраси раёсати ҷумҳур, ки дар он барои аввалин бор қудрат бо роҳи демократӣ ба раҳбари дигар интиқол меёбад, хеле нобаҳангом буд. Интихоботи 5-уми апрел ҳамчунин дар пасманзари бадтар шудани вазъи амниятӣ ва омодагии нирӯҳои байналмилалӣ барои хориҷ шудан аз Афғонистон баргузор мешавад.
Томас Раттиг, ҳамраиси Шабакаи таҳлилгарони Афғонистон, як созмони мустақил дар Кобул нуфузи Фаҳимро дар сиёсат ингуна шарҳ медиҳад: “Халое дар раванди сиёсӣ дар атрофи интихобот ба миён меояд, зеро ҷойгоҳи Фаҳим ҳамчун раҳбари тоҷиктаборон холӣ хоҳад буд ва ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки кӣ ва чигуна ин халоро пур мекунад. Инҷо сабқат дар байни раҳбари Ҷамъияти исломӣ ва гурӯҳҳои дигар ҳамеша вуҷуд дорад.”
Ҷамъияти Исломӣ, як ҳизби исломиест, ки дар он тоҷикҳо бартарӣ доранд. Ин ҳизб бар алайҳи нирӯҳои шӯравӣ ва баъдан Толибони Афғонистон мубориза бурдааст. Томас Раттиг, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Эътилофи шимол, Юнус Қонунӣ ва Аҳмад Зиё Масъуд, бародари қаҳрамони машҳури Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъудро аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Фаҳим медонад. Аммо таҳлилгарон мегӯянд вежагиҳои муҳими маршал Фаҳим хоси худи ӯ буданд, ва гумон аст ин сифатҳо дар дигарҳо пайдо шаванд.
Умар Самад, сафири собиқи Афғонистон дар Фаронса ва Канада мегӯяд, нуфузи Фаҳим ва вижагиҳои ӯ ҳамчун сиёсатмадори васлгар ба таври ҷуброннопазир аз даст мераванд. Мақомоти Афғонистон ва Амрико ба думболи интихоби дубораи Карзай, дар соли 2009, ки баҳсҳои фарогирро ба думбол дошт, ба Фаҳим ҳамчун нирӯи оштидиҳанда такя карданд. Дар остонаи даври дуввуми интихобот рақиби аслии Карзай доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ шикасти худро баъди дахолати Фаҳим эътироф кард.
Умар Самад мегӯяд: “Баъзе вежагиҳои ӯ, ба мисли фаротар будан аз сиёсатҳои фирқаӣ, пайвандгар будан ва ҳамчунин тавозуни сиёсиву иҷтимоиро ҳадаф доштан - аз даст мераванд.”
Рӯшан нест, ки маршал Фаҳим дар ҷараёни райдиҳии интихоботи 5-уми апрел чӣ нақше мебозид. Ба навиштаи матбуоти Афғонистон, чандин довталаби курсии раёсати ҷумҳур барои ба даст овардани райъи тоҷикҳои ин кишвар ба Фаҳим такя мекарданд, дар ҳоле, ки худи ӯ ошкоро аз кадом номзаде пуштибонӣ накарда буд. Аммо дар паси саҳна хайрхоҳии Фаҳим дар байни чанд номзад мекалавид. Фаҳим бо Қаюм Карзай, бародари Ҳомид Карзай, ки ҳафтаи равон номзадиашро бозпас хонд, робитаи наздик дошт ва ҳамчунин бо доктор Абдуллоҳ, ки аз тоҷиктаборони Афғонистон аст.
Муҳаммад Қасим Фаҳим дар тӯли фаъолияти сиёсиву низомиаш аз чанд сӯиқасд ҷон ба саломат бурда буд. Сӯиқасди охирин алайҳи ӯ соли 2009 дар шимоли Афғонистон сурат гирифт. Ӯ дар маъмурияти нахустини Карзай дар мақоми вазири дифоъ ва баъдан ноиби аввали президент фаъолият кард. Аммо Фаҳим дар ёди ҷонибдоронаш ҳамчун фармондеҳи Эътилофи шимол боқӣ хоҳад монд, фармондеҳе, ки режими Толибонро дар соли 2001 сарнагун кардааст.