Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳаи Миллии Афғонистон омодаи музокирот бо Толибон?


Аҳмад Зиё Масъуд (аз чап) ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ (рост), аз раҳбарони Ҷабҳаи милии Афғонистон.
Аҳмад Зиё Масъуд (аз чап) ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ (рост), аз раҳбарони Ҷабҳаи милии Афғонистон.

Бино ба гузоришҳо, қарор аст охири ҳамин моҳ, теъдоде аз сиёсатмадорони бонуфузи Афғонистон ва намояндагони Толибон дар шаҳри Порис бо ҳам мулоқот кунанд.

Рӯзномаи амрикоии “Волл Стрит Ҷорнал” навиштааст, ки нишасти мазкур бо мусоидати як пажӯҳишгоҳи Фаронсавӣ сурат мегирад. Аҳмад Зиё Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Миллӣ ва яке аз онҳое, ки дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт, ба рӯзномаи Волл Стрит Ҷорнал гуфтааст, ки “Бисёр муҳим аст, ки бидонем мавқеъи Толибон чист? Ба гуфтаи ӯ ҳама ҷонибҳои даргир дар Афғонистон чӣ Толибон, чӣ ҳукумат ва чӣ ҷомеаи байналмилал ҳама аз ҷанг хаста шудаанд.”

Аммо Толибон гуфтаанд, ки ин мулоқотро набояд музокироти сулҳ дар Афғонистон пиндошт, зеро ҳадаф аз ширкати намояндагони ин гурӯҳ дар нишасти Порис, эълони мавзеъгирии Толибон барои ҳозирони ҳамоиш ва ҷаҳониён хоҳад буд. Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, дар як эъломияе гуфтааст, ки онҳо бо ҳеҷ яке аз мақомоти ҳукумати Афғонистон дар нишасти Порис музокирот нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи Толибон, ин нишаст ба ҳеҷ сурат кадом талоше барои музокироти сулҳ нест. Шаҳобуддин Диловар ва Муҳаммад Наим ба намояндагӣ аз гурӯҳи Толибон дар нишасти Порис ширкат хоҳанд кард. Аз сӯи дигар Сардор Муҳаммад Раҳимӣ, сухангӯи Ҷабҳаи Миллии Афғонистон, як созмони умдаи мухолифи давлати Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар гуфтӯгу бо Толибон мушкиле надоранд

Вай афзуд, Ҷабҳаи Миллӣ борҳо эълом кардааст, ки дар усул ба гуфтӯгу бо мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон, бо шумули Ҳаракати Толибон мухолифат надорад. Ҳарчӣ ки ин нишастҳо идома пайдо мекунад, такрор мешавад ва ба соли 2014 наздик мешавем, лоҷарам тарафайн бояд ба як навъ, дидгоҳи муштарак ва ё дар воқеъ хостаҳо ва мутолиботи худашонро ба сароҳат баён бикунанд.

Пеш аз ин Аҳмад Зиё Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи Миллии Афғонистон гуфта буд, талош доранд, то як тафоҳум миёни онҳо ва Толибон эҷод шавад ва онҳо дидгоҳҳои Толибонро бидонанд, то саранҷом роҳҳо барои расидан ба сулҳ ҳамвор шавад.

Ваҳид Мужда, коршиноси афғон
Ваҳид Мужда, коршиноси афғон
Ваҳид Мужда, яке аз мақомҳои собиқ дар вазорати умури хориҷӣ дар аҳди Толибон ва ҳоло яке аз таҳлилгарони сиёсии афғон мегӯяд, нишасти Порис ба хотири ироаи дидгоҳҳои мухталиф дар бораи ояндаи Афғонистон сурат мегирад ва ба ҳеҷ сурат, ба маънои музокироти сулҳ нест. Аммо ӯ ба ин бовар аст, ки Толибон омодагӣ доранд, ки бо боз шудани дафтарашон дар Қатар, музокиротро бо мухолифони сиёсии ҳукумати Афғонистон оғоз кунанд:

“Ман худам, вақте бори аввал бо онҳо сӯҳбат доштам, ба ман гуфтанд, пайғоме доданд, ки шумо метавонед, ба оппозитсиюн ба оғози Юнуси Қонунӣ, доктор Абдулло (ду чеҳраи шинохтаи Ҷабҳаи Миллӣ) бигӯед, ки мо мунтазир ҳастем, ки дафтарамон дар Қатар боз шавад ва бо шумо бишинему музокира кунем. Мо музокираро бо касоне, ки мекунем, ки дар Афғонистон дорои қудрат ҳастанд. Онҳо ҳастанд, ки бояд бо онҳо бишинем ва дар бораи ояндаи Афғонистон тасмим бигирем. “

Интизор меравад, дар нишасти Порис, ки бо мусоидати Муассисаи таҳқиқотии Фаронса баргузор мешавад, шуморе аз аъзои Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ҳам ширкат кунанд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин ҳамоиш ба сарнавишти Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 ва чигунагии таъмини сулҳ, дар ин кишвар тамаркуз шавад.
XS
SM
MD
LG