Тасмими ба ноҳияи Данғара кӯчондани сокинони ду рустои селзадаи ноҳияи Дарвоз бархеи онҳоро норозӣ кардааст. Дар Данғара барои ҳар оилаи муҳоҷиршуда 8 сотих замин ҷудо шуда, бояд алакай то 6 ноябри соли ҷорӣ хонаҳо сохта ва мавриди истифода қарор бигиранд.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз рӯзи 15 август ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз офати табиӣ дар рустоҳои Хурк ва Убағини ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз дигар ҳеч имкони зиндагӣ кардан вуҷуд надорад ва аз ин хотир бояд 64 хонавода аз он ҷо ба ноҳияи Данғара кӯч банданд. Ӯ афзуд, “барои 9 хонаводае, ки манзилашон куллан дар натиҷаи сел хароб шуда буд, аз ҳисоби ҳукумат дар деҳаи Чорсадаи ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара манзили нави зист сохта мешавад. Барои 7 хонаводае, ки қисман хонаҳояшон вайрон шуд, низ аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатӣ 50 дарсади масолеҳи сохтмонӣ барояшон дода мешавад.”
Аммо 43 хонаводаи дигар, ки аз сел осеби зиёд надидаанд, вале ба далели набуди роҳу мактаб дар маҳалли кунунии зисташон ба рӯйхати муҳоҷиршавӣ шомил шудаанд, ба гуфтаи мақомот, бояд хонаҳои нави худ дар Данғараро аз ҳисоби худ бисозанд. Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз, мегӯяд, “ин хонаводаҳо хонаи обод ва молу гов доранд. Канда биёранд ва дар онҷо хонаашонро девор зада пӯшонанд. Шарт аст, ки сел боз омада онҳоро бараду ягон талафоти ҷонӣ шавад, баъд онҳо кӯч банданд?”
Раиси ноҳияи Дарвоз афзуд, бо вуҷуди он ки ҳама хонаводаҳои ин ду деҳа барои гирифтани заминдар ноҳияи Данғара ризоят дода, имзо гузоштаанд, аммо акнун бархе аз онҳо дар бунёди манзилаз ҳисоби худ “саркашӣ” ва “танбалӣ” мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Саидбурҳон Абдураҳмонзода шароити зист дар ноҳияи Данғара хеле беҳтар аст ва онҳо дар онҷо бо обу нерӯи барқ, бунгоҳи тиббиву мактаби сеошёна ва, инчунин, роҳи мумфаршшуда таъминанд.
Аммо Аҳтамшо Давлатов, раиси ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз, мегӯяд, мардум тавону имкони молии мустақилона сохтани манзил дар ноҳияи Данғараро надоранд ва аз ин хотир саросема ва маҷбур кардани онҳо аз рӯи инсоф нест. “Онҳое, ки барояшон хона сохта медиҳанд, мераванд, вале ба хонаводаҳое, ки барояшон танҳо қитъаи замин ҷудо шудааст, сохтани хона мушкил аст. Барои ин маблағи зиёд лозим аст. Аз ин хотир, ин масъаларо дуруст омӯхтан даркор, на ин ки онҳоро маҷбур кунанд, ки то мӯҳлати муаяншуда бояд хона бисозанд. Онҳо чунин имкониятро надоранд,” – афзуд Давлатов.
Дар пайи сели моҳи июл дар деҳаҳои Дараи Висхарв ва рустои Курговади ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз 16 хонавода аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, 3 пули мошингузар, 4 пули пиёдагард вайрону валангор ва 27 километр роҳ хароб гардид. Гуфта мешавад, бино бар он ки хонаҳои ин мардум дар ҷойи хатарнок воқеанд, барои онҳо дар Данғара замин ҷудо кардаанд.
Ҳайдаршоҳи Акбар, раиси собиқи ноҳияи Дарвоз тасмими кӯчондани ҳамаи сокинони ду деҳаро нодуруст донист. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дарае, ки сокинонаш кӯч дода мешавад, беҳтарин мавзеъ аст ва бархе созмонҳо, аз ҷумла сафорати Ҷопон бароибунёди мактаб, сохтмони иншооти аз сел муҳофизаткунанда ва тармими роҳи инҷо изҳори омодагӣ кардааст. Вале масъулони ноҳияи Дарвоз ин кумакро рад карда, гуфтаанд, ҳамаи сокинони ин ду деҳаро ба Данғара кӯч хоҳанд дод.
Ҳайдаршоҳи Акбар мегӯяд, “бархе аз мардум мехоҳанд, ки ба ноҳияи Данғара бикӯчанд, аммо теъдоди дигар хоҳиш доранд, дар деҳаҳои худ бимонанд. Ин дар ҷои бисёр обод аст ва метавонад як мавзеи туристӣ ҳам бошад. Агар ҳамаи мардум кӯчонда шавад, дигар дара холӣ мемонад ва нобуд мешавад. Дар ҳоле ки ду соли пеш қонун дар бораи обод кардани минтақаҳои кӯҳистон ба тасвиб расида буд.”
Бо ин ҳама ҳоло чанд хонаводае, ки бар асари офати табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара муваққатан дар хаймаҳо ҷой дода шудаанд.
Дар пайи селу офати табиии рӯзҳои 16 - 23 июл дар шарқи Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар беному нишон шуданд. Ин сели харобиовар ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам хисороти сангине ворид кардааст, ки ба қавли мақомоти расмӣ, ба 600 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 100 миллион доллар мерасад.