Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё дар робита ба изҳороти расмии Кумитаи миллии олимпии Узбекистон гирифта шудааст. Мизбони пешини ин чорабинӣ эълом дошт, ки дар моҳи сентябри соли 2025 имкони баргузории Бозиҳои осиёии наврасонро надорад, зеро сохтмони шаҳраки олимпӣ дар Тошканд сари вақт анҷом намеёбад.
Инчунин Бозиҳои V Параосиёӣ, ки мебоист дар Тошканд баргузор мешуданд, лағв гаштанд. Макони нави баргузории онҳо ҳанӯз маълум нест.
Узбекистон ҳуқуқи мизбони Бозиҳои сеюми осиёии наврасонро дар соли 2019 гирифта буд. Дар соли 2020 нақшаи омодагиҳо ба мусобиқа тасдиқ ва соли 2022 санги таҳкурсии шаҳраки олимпӣ ба маблағи 289 миллион доллар гузошта шуд.
Кумитаи олимпии Баҳрайн омодагии худро барои мизбонии Бозиҳои сеюми наврасон дар соли 2025 бо фароҳам овардани иншооти варзишӣ, манзил ва хадамоти тиббӣ изҳор кардааст.
Шӯрои олимпии Осиё якҷоя бо Кумитаи олимпии Баҳрайн намудҳои варзишеро, ки ба барномаи мусобиқот шомил хоҳанд шуд, тасдиқ кард: 1.Варзиши сабук. 2.Бадминтон. 3.Баскетбол (3х3). 4.Аспдавонӣ. 5.Киберспорт. 6.Футзал. 7.Голф. 8. Ҳендбол. 9.Ҷудо. 10.Ҷиу-ҷитсу. 11.Ҳунарҳои размии омехта. 12.Велесипедронӣ. 13.Шиноварӣ. 14.Тенниси рӯи миз. 15.Таэквондо. 16.Триатлон. 17.Куштӣ. 18.Вазнабардорӣ. 19.Каббода. 20.Волейбол. 21.Текбол.
Ёдовар мешавем, нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2009 дар Сингапур баргузор шуданд, бо ширкати беш аз 1300 варзишгари синнашон аз 14 то 17-сола аз 45 кишвари қора дар 9 ришта – тенниси рӯи миз, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, футбол, боулинг, шиноварӣ, тирандозӣ ва навъҳои варзиши обӣ тӯли 9 рӯз идома карданд. Дар нахустин Бозиҳои осиёии наврасон дар Сингапур танҳо ду варзишгари тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат дштанд. Натиҷаи Атобоев хубтар буд. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр ҷойи чорумро касб кард. Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои дуюми осиёии наврасон соли 2013 дар шаҳри Нанҷинги Чин бо иштироки беш аз дуним ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора дар 17 риштаи варзиш сурат гирифт, ки намояндагони 29 кишвар соҳиби медалҳо гардиданд.
Дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – ҷудо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук - рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгар ду кас медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии ҷудо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.