Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Аз они ман, аз они ту... Абдуллоҳ пирӯзиро ба Аҳмадзай дод


Абдуллоҳ ва Аҳмадзай баъди имзои мувофиқатнома дар Кобул
Абдуллоҳ ва Аҳмадзай баъди имзои мувофиқатнома дар Кобул

Кумиссиюни интихоботи Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзайро раисиҷумҳури ояндаи ин кишвар эълон кард. Ситоди доктор Абдуллоҳ гуфт, ки бар асоси тавофуқи бадастомада чунин натиҷаи интихоботро мепазирад.

Кумиссиюни интихоботи Афғонистон расман Ашрафғанӣ Аҳмадзайро барандаи даври дуюми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ эълон кард. Вале ин ниҳод аз нашри натоиҷи мушаххасе, ки Аҳмадзай ва рақибаш Абдуллоҳи Абдуллоҳ рӯзи 16 июн дар даври дувум ба даст овардаанд, худдорӣ кардааст. Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон шоми 21 сентябр дар нишасти хабарие дар Кобул танҳо бо эълони исми баранда иктифо кард: "Куммиссиюни мустақили интихобот ҷаноби доктор-соҳиб Аҳмадғанӣ Аҳмадзайро ба унвони раиси Ҷумҳурии исломии Афғонистон эълон мекунад ва ба ин тартиб раванди интихоботро ба поён мерасонад."

Фозил Санчаракӣ, сухангӯи ситоди доктор Абдуллоҳ ба дунбол эълон кард, ки онҳо натиҷаҳои интихоботро қабул доранд: "Бар асоси тавофуқи сиёсӣ, маслиҳати калони Афғонистон ва шароити хосе ки буд, мо ин натиҷаро қабул кардем. Ва рӯи чигуна эълон шудани ин натиҷа ҳам мо музокироти хеле печидаву тӯлонӣ доштем."

Натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон танҳо ба дунболи имзои як мувофиқатнома дар масъалаи тақсими қудрат байни ду номзад эълон шуд. Бар асоси қарордоди тақсими қудрат дар Афғонистон, Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба мақоми раисиҷумҳур ва доктор Абдуллоҳ ба курсии раиси ҳукумат хоҳанд нишаст.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ду номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи якшанбе, 21 сентябр, дар маросиме дар Кобул, ба як мувофиқатнома дар мавриди тақсими қудрат ва таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар пояи ин санад, Аҳмадзай дар мақоми раисиҷумҳури Афғонистон ва доктор Абдуллоҳ дар мақоми нави раиси иҷроӣ фаъолият хоҳанд кард.

Файзуллоҳ Закӣ, сухангӯи эътилофи "Таҳаввул ва тадовум"-и Аҳмадзай даро гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ тафсилоти бештари тавофуқоти ҳосилшуда байни Абдуллоҳ ва Аҳмадзайро ошкор кард: "Раисиҷумҳур бо фармони худ мақоми раиси иҷроиро эҷод мекунад ва тими дувум шахсиятеро ба ин мақом муаррифӣ мекунад. Ба ин тартиб як ниҳоди нави иҷроӣ ба вуҷуд меояд. Раиси иҷроӣ ё раиси Шӯрои вазирон, ки то ҳол вуҷуд надошт, ду муовин низ хоҳад дошт."

Сухангӯи Аҳмадзай гуфт, бархе нуқоти аслии ин мувофиқатнома, бо шумули таъсиси мақоми раиси иҷроӣ ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ аз замони зераш имзо гузоштани ҳарду номзад, яъне аз 21 сентябр ба иҷро медароянд, вале бояд дар зарфи 2 соли оянда як Луя Ҷирга даъват шуда, мақоми ҷадиди раиси иҷроиро қонунан тасвиб кунад.

Тақсими қудрат байни Абдуллоҳ ва Аҳмадзай
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Маросими имзои мувофиқатнома аз тариқи телевизиони милллии Афғонистон мустақиман намоиш дода шуд. Баъд аз имзои қарордод Аҳмадзай ва доктор Абдуллоҳ ҳамдигарро оғӯш гирифтанд. Раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай онҳоро табрик гуфт ва изҳори умедворӣ намуд, ки ин ду сиёсатмадор барои сулҳу шукуфоии Афғонистон талош хоҳанд кард.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, гуфт, ки ҳафтаи оянда Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба ҳайси раисиҷумҳури Афғонистон савганд ёд хоҳад кард.

Истиқболҳо аз он сӯи уқёнус

Маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тавофуқ бар сари тақсими қудрат дар Афғонистонро истиқбол кард. Кохи Сафед дар баянияе гууфт, ин тавофуқ барои анҷоми бӯҳрони сиёсии Афғонистон ва эҳёи "эътимод ба оянда" кумак хоҳад кард.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ ин муомилаи Абдуллоҳ ва Аҳмадзайро "мавриди давлатмардии фавқулодда" номид ва гуфт, ин ду номзад "мардуми Афғонистонро дар мадди аввал гузоштанд ва замина фароҳам оварданд, ки нахустин табдили демократӣ ва сулҳомези қудрат дар таърихи кишвари онҳо бо ваҳдати миллӣ шурӯъ шавад." Ҷон Керрӣ як миёнарави асосӣ дар музокироти Абдуллоҳ ва Аҳмадзай буд.

Ба Вошингтон зарур аст, ки раисиҷумҳури ҷадиди Афғонистон паймони алакай музокирашудаи амниятӣ байни Вошингтону Кобулро зудтар ба имзо бирасонад. Ин паймон бояд шароити идомаи ҳузури теъдоде аз нирӯҳои Амрико дар Афғонистон баъд аз соли 2014-ро муқаррар мекунад. Ҳомиди Карзай аз имзои ин паймон даст кашида буд.

Эълони тавофуқи ду рақиб дар мавриди сохтор ва таркиби ҳукумати ояндаи ваҳдати миллӣ дар натиҷаи охирин музокиротест, ки қариб се моҳ боз бо миёнаравии Амрико идома дошт. Тибқи муомилаи пешниҳодӣ, бояд яке аз номзадҳо мақоми раисиҷумҳур ва дувумӣ - курсии раҳбари ҳукумати Афғонистонро бар дӯш мегиранд. То кунун дар Афғонистон мақоми сарвазир аслан вуҷуд надошт ва раҳбарии ҳукумат ҳам бар дӯши раисиҷумҳур буд.

Абдулоҳ қаблан худро ғолиби интихобот эълон карда, гуфта буд, ба раъйи додаи мардум "хиёнат" нахоҳад кард. Аммо рақиби ӯ Аҳмадзай низ худро баранда медонист ва Кумиссиюни интихобот низ эълон карда буд, ки бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар даври дувуми интихобот, ки 16 июн доир шуд, Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56 дарсад ва Абдуллоҳ 43 дарсад раъй гирифтаанд. Дар даври якум дар таърихи 5 апрел Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буданд.

Шоми 20 сентябр як мақоми аршади давлати Афғонистон гуфт, ду номзади рақиб ба мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ - вазири собиқи хориҷа Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай - рӯзи 21 сентябр ба созишномаи тақсими қудрат имхо хоҳанд кард. Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомиди Карзай рӯзи 20 сентябр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, "интизор меравад, ҳарду номзад қарордод дар мавриди сохтори ҳукумати ваҳдати миллиро фардо (21 сентябр) имзо кунанд."

Сухангӯи Аҳмадзай рӯзи 20 сентябр бидуни бурдани ном ва бидуни додани мушаххасоти зиёд гуфтааст, масоили ихтилофи назар байни номзадҳо "100 дарсад" ҳалл шудааст ва ҳарду ҷониб бар сари қарордоди тақсими қудрат тавофуқ кардаанд.

Масъулони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон низ рӯзи 20 сентябр гуфтанд, натиҷаи ниҳоии интихоботи ҷанҷолбарангези раёсати ҷумҳури ин кишварро 21 сентябр эълон хоҳанд кард. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи комиссия, рӯзи 20 сентябр дар ин бора ба Радиои Афғонистони Озод хабар дод. Ӯ гуфт, “мушаххасан намехоҳам, вақтро қайд кунам, чун ин дар салоҳияти аъзои Комиссияи мустақили интихобот аст, вале то ҷое бардошт кардем, бештар вақтро дар бар нахоҳад гирифт.”

Хабари эълони натиҷаҳо дар ҳоле нашр шуд, ки музокироти номзадҳои рақиб дар интихобот Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи тақсими қудрат ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ идома кард. Бар асоси созише, ки бо миёнравии Амрико дар байни ду тараф ҳосил шуд, идораи ҳукумати Афғонистон дар дасти раиси ҷумҳур ва мақоми наве мисли нахуствазир хоҳад буд.

Муҷиб Раҳимӣ, сухангӯи доктор Абдуллоҳ гуфт, номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур омода ҳастанд, созиш дар бораи тақсими қудратро рӯзи 20 сентябр имзо кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон набояд пеш аз ниҳоӣ шудани созиш натиҷаҳои пурраи интихоботро эълон кунад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ду давра дар моҳи апрел ва июни соли ҷорӣ сурат гирифт, вале ба далели иддао дар бораи тақаллуби зиёд дар интихобот натиҷаҳои онро то ҳол эълон накарданд. Бо талаби номзадҳо, дурустии орои интихоботро ба раҳбарии Созмони Милал тафтиш карданд, вале натиҷаҳои тафтиш низ эълон нашудааст. Ҳарду номзад -- Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, вазири молияи собиқи Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири умури собиқи хориҷӣ иддао доранд, ки дар интихобот пирӯз шудаанд. Баъд аз бархостани моҷаро дар бораи тақаллуб дар интихобот, Созмони Милал ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостори таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон шуданд, зеро ин нигаронӣ вуҷуд дошт, ки дар сурати авҷ гирифтани бӯҳрон, Афғонистон метавонад, дучори ноамнии бештар ва ихтилофоти қавмӣ шавад.

Доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раиси ҷумҳурии Афғонистон дар моҳи апрел ғолиб омад, вале дар даври дувум соҳиби раъйи кофӣ барои расидан ба мақоми раиси ҷумҳурӣ нашуд. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дувуми интихобот, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пирӯз шудааст. Як рӯз баъд аз он ки музокироти доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ва шеваву замони эълони натиҷаҳо ба ҷое нарасид, Ҷеймс Каннингам, сафири Амрико дар Кобул, 18 сентябр ду тарафро ба музокироти нав моил кард.

Муҷиб Раҳимӣ, сухангӯи доктор Абдуллоҳ гуфт, агар натиҷаҳои тафтиши орои интихобот қабл аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ эълон шавад, доктор Абдуллоҳ аз музокирот дар бораи ин ҳукумат даст мекашад. Ба гуфтаи Раҳимӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин мехоҳад, муфаттишони натиҷаҳои интихобот орои бештари Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро беэътибор кунанд, аммо Аҳмадзай ин талабро рад кард.

XS
SM
MD
LG