Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдуллоҳ: "Натиҷаҳои интихоботро намепазирем"


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфт, раванди сиёсӣ ба бунбаст расидааст ва дар сурате, ки натиҷаҳои интихобот аз сӯи Комиссияи мустақил эълон шавад, онро нахоҳанд пазируфт.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон баъд аз зӯҳри душанбеи 8 сентябр ба дунболи бенатиҷа анҷом ёфтани музокирот бо рақибаш Ашрафғанӣ Аҳмадзай барои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ, зимни як ҳамоиш дар шаҳри Кобул гуфт, “мо аз ҳаққи худ ва мардуми худ намегузарем, ҳеҷ кас инро иштибоҳ нагирад, мо аз ҳаққи худ гузаштанӣ нестем.”

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон гуфт, ки тими ӯ барои як рӯз ҳам ҳукумати тақаллубиро қабул надорад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ишораи ба тӯлони шудани музокирот барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ гуфт, “сабри мо барои фишори байналмилалӣ набуд, аммо расидан барои як роҳи ҳали муносиб буд. Ва барои ваъдаи супурдашуда буд."

Ба гуфтаи оқои Абдуллоҳ, аммо тими рақиб бо раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай, сабру таҳаммули онҳоро ба маънои мӯҳтоҷиву заъф қабул кардааст. Вай афзуд, ки “мо барандаи интихобот будем ва барандаи раъйи поки мардуми Афғонистон ҳастем” ва ҳеҷ навъ муомила вуҷуд надорад."

Аз ин қабл мими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, нишаст ва сӯҳбатҳои имрӯзи ҳар ду номзади даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон бенатиҷа ба поён расидааст. Фазлрураҳмон Ариё, як узви тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ субҳи рӯзи 8 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тими доктор Абдуллоҳ давоми имрӯз мавқеи худро барои мардуми Афғонистон эълон мекунад.

Тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ қаблан низ ҳушдор дода буд, дар сурате, ки ду номзад дар ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ба мувофиқа нарасанд, онҳо мавқеи нави худро эълон мекунанд. Аммо тими Таҳаввул ва Тадовум бо раҳбарии номзади дигар Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар мавриди нокомии музокироти рӯзи душанбе то ба ҳол изҳори назар накардааст.

Тими ислоҳот ва ҳамгироӣ дирӯз гуфта буд, агар мулоқоти рӯзи душанбеи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба натиҷа нарасад, мавқифи ниҳоии худро эълон хоҳанд кард. Муҷибурраҳмон Раҳимӣ, яке аз сухангӯёни тими Ислоҳот ва ҳамгароӣ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дар ин мулоқот ду тараф дар мавриди эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ ба тавофуқе нарасанд, ин тим мавқифи нави худро эълон хоҳад кард. Оқои Раҳимӣ мегӯяд, ки баҳси эълони ҳукумати мустақил яке аз гузинаҳое аст, ки мумкин аст дар мавриди он дар Шӯрои раҳбарии тими ислоҳот ва ҳамгироӣ баҳс сурат бигирад.

"Агар музокирот ба бунбаст бирасад, тамоми гузинаҳо боз аст ва баҳси ин ки тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ дар ахир чӣ тасмим хоҳад гирифт, тариқи раҳбарӣ ва шӯрои раҳбарӣ ба самъи мардуми Афғонистон хоҳад расид ва ин масъала -- элони ҳукумат яке аз гузинаҳое аст ки ҳатман дар баҳсҳо матраҳ хоҳад шуд."

Пеш аз тавофуқи сиёсӣ ду номзад дар бораи таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон бо миёнҷигарии вазири умури хориҷии Амрико, ҳаводорони тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ дар хаймаи Лӯи Ҷирга аз раҳбари ин тим хостанд то ҳукумати мустақили худро эълон кунад, аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои анҷоми ин кор аз онҳо чанд рӯз мӯҳлат хоста буд. Сипас бо миёнҷигарии вазири умури хориҷии Амрико, Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз гирифтани чунин як тасмим даст бардошт.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар тозатарин гуфтугӯи телефониаш бо ду номзад, аз онҳо хостааст, ки ба тавофуқот дар бахши сиёсӣ ва техникӣ амал намоянд. Оқои Обама ҳамчунон бар заруруати ҳамкории ду номзад дар ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон таъкид кардааст.

Тими Таҳаввул ва тадовум бо раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфтааст, ки эълони ҳукумати мустақил дар Афғонистон аз сӯи тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ, роҳи ҳалли қазияи сиёсии Афғонистон нест ва ин гурӯҳ бояд аз тариқи гуфтугӯ хостаҳои худро матраҳ кунад. Ба гуфтаи масъулони ҳар ду тими интихоботӣ, барои ҳалли ҳамин ҷанҷолҳои интихоботӣ ва сиёсӣ, Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико наздик ба як соат бо ҳар як номзади интихоботӣ телефонӣ сӯҳбат кардааст.

Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷаи Афғонистон дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 5 апрел доир шуда буд, аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар даври дувуми интихобот Залмай Расул, ки 11 дарсад, Абдураб Расули Сайёф, ки беш аз 7 дарсад ва Гулоғо Шерзай, ки беш аз ду дарсади орои интихобкунандагонро дар даври авал ба даст оварда буданд, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ карданд.

Ҳамин тавр, дар даври дувум аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай се номзад --Қутбиддин Ҳилол, ки ҳудуди 2 дарсад, Довуд Султонзай, ки 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амир Арсало, ки 0,2 дарсади орои интихобкунандагонро дар даври аввал касб карда буданд, пуштибонӣ намуданд. Вале дар даври дувум, ки 14 июн доир шуд, бино бар натоиҷи муқаддамотии эълоншуда, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд.

Ин натиҷаҳо мунҷар ба эътирози тунди доктор Абдуллоҳ ва тарафдорони ӯ шуд. Танҳо бо мусоидати миёнҷиҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки ду дафъа барои музокира бо номзадҳо ба Кобул сафар кард, қарор шуд, то овозҳои, ба таъбири доктор Абдуллоҳ”, “нопок” бозшуморӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG