Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадӣ: "Артиш ба масоили интихоботӣ мудохила намекунад"


Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон.

Вазири дифои Афғонистон гуфтааст, ки артиши ин кишвар дар масоили сиёсӣ ва интихоботӣ дахолат нахоҳанд кард ва вазифаашонро дар рӯҳияи миллӣ анҷом хоҳад дод.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон рӯзи панҷшанбе дар маросими фориғуттаҳсил шудани 2090 афсар ва сарбоз артиши он кишвар аз як маркази омӯзишҳои низомӣ дар Кобул ибрози умедворӣ кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳ ба дур аз дахолат дар интихобот ва масоили сиёсӣ, ба вазифаи худ, ки амнияти кишварашон аст, бипардозанд.

Вазири дифои Афғонистон хиттоб ба ин сарбозон гуфтааст, ки афсарону сарбозони артиш як ташкили воҳид аз ақвоми мухталиф ҳастанд ва набояд ба масоили сиёсӣ ва интихоботӣ мудохила кунанд:

"Артиши мо дар масоили сиёсӣ ва интихоботӣ бетараф буда ва ҳамеша таъкид кардаем, ки ба сиёсат мудохила накунем. Мо дар пешгоҳи Худованд, давлат ва мардум вазифадор ҳастем, ки артишро бетараф нигаҳ дорем. Ин вазифаи сиёсатмадорон аст, ки ба тавофуқ бирасанд ва мушкилот дар робита ба интихобот ва сиёсат ҳал кунанд."

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ахиран бархе аз таҳлилгарон нигаронӣ карданд, ки гхё нерӯҳои афғон дар масоили сиёсӣ ва интихоботӣ мудохила кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар остонаи берун шудани бахше аз нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, оқои Муҳаммадӣ гуфт, чаҳорумин марҳилаи интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба нерӯҳои афғон ба поён расида ва марҳилаи панҷуми он низ то поёни соли ҷории мелодӣ такмил мешавад. Ба гуфтаи масълуони ин вазорат, дар ҳоли ҳозир ҳаштод дарсади масъулиятҳои амниятиро артиши миллӣ ба ӯҳда доранд ва дар ду соли ахир аксари амалиётро бидуни ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ бомуваффақият анҷом додаанд.

Дар айни ҳол, Шермуҳаммад Каримӣ, сарфармондеҳи нерӯҳои Афғонистон гуфт, ки афсарони кишвар боят мутаваҷҷеҳ бошанд, ки душманони Афғонистон дар либоси Толибон бо онҳо машғлули ҷанг ҳастанд:

"Бародарон, мо бо ашхосе бо номи Толибон меҷангем. Аммо дар ҳақиқат онҳо танҳо толиб нестанд, балки душманони хориҷии ин кишвар ҳастанд ки ба шаклҳои мухталиф дар дохили кишвар ва хориҷ аз он ба бе иттифоқии мардум ва аз байн бурдани хоки Афғонистон шабу рӯз кор мекунанд. Ба ин бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки дӯст ва душмани худро бишносем." Тибқи иттилои вазорати дифои Афғонистон, ҳамакнун наздик ба 90 ҳазор сарбозу афсар дар ин кишвар вуҷуд дорад.

Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи хориҷаи Афғонистон дар даври аввали интихобот, ки рӯзи 5 апрел доир шуда буд, аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар даври дувуми интихобот Залмай Расул, ки 11 дарсад, Абдураб Расули Сайёф, ки беш аз 7 дарсад ва Гулоғо Шерзай, ки беш аз ду дарсади орои интихобкунандагонро дар даври авал ба даст оварда буданд, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ карданд. Вале дар даври дувум, ки 14 июн доир шуд, бино бар натоиҷи муқаддамотии эълоншуда, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд.

Ин натиҷаҳо мунҷар ба эътирози тунди доктор Абдуллоҳ ва тарафдорони ӯ шуд. Танҳо бо мусоидати миёнҷиҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки ду дафъа барои музокира бо номзадҳо ба Кобул сафар кард, қарор шуд, то овозҳои, ба таъбири доктор Абдуллоҳ”, “нопок” бозшуморӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG