Ҷавонон мегӯянд, ки ин барномаҳо ба хотири ҷалби онҳо ба саҳнаи сиёсат, иштироки эшон дар интихоботҳо ва андӯхтани таҷрибаи ҷойгузинӣ ба мақомҳои давлатӣ рӯи даст гирифта шудаанд.
"Парлумони ҷавонони Тоҷикистон" ахиран дар Хуҷанд бо иштироки намояндагони 3 ҳизби сиёсӣ: халқӣ-демократӣ, демократӣ, наҳзати исломӣ ва гурӯҳи ҷавонони фаъол ин мавзӯъро ба баҳс кашид. Ин парлумони рамзӣ бо барномаи созмони ҷамъиятии “Мо ва ҷомеи шаҳрвандӣ” соли 2010 дар Душанбе аз миёни ҷавонони фаъоли аз 17 то 26 сола 63 нафарро узви парлумони худ баргузид, ки умдатарин масҳалаҳои сиёсии ҷавононро матраҳ кунанд.
Мамнури Мелс, магистри бахши рассомӣ-графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, муовини раиси "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон” ба Озодӣ гуфт: “Имрӯз ҷавонон ба худ бовар доранд, ки дарҳои мақомот барои омӯзиши таҷрибаву тахассус ба рӯйи онҳо боз аст. Бархе донишҷӯён бо тақозои ихтисос, масалан, ҳуқуқшиносон ва иқтисодчиёни оянда дар назди мақомот кору таҷриба меомӯзанд. Мактаби сиёсатмадорони ҷавон, ҳафтаҳои худидораи ҷавонон низ бо ҳадафи омода кардани ҷойгузинҳо ба вазифаҳои давлатӣ роҳандозӣ мешавад. Мақомот фаъолияти ҷавононеро, ки ин зинаҳои омӯзишиву таҷрибаомӯзиро паси сар мекунанд, мунтазам зери назар қарор медиҳанд ва ин ҷавонон баъди касби тахассус имкон пайдо мекунанд дар мақомоти гуногун кор кунанд.”
Ахиран Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, дар мулоқот бо ҷавононе, ки даври яксолаи омӯзишии “Мактаби сиёсатмадори ҷавон”- ро хатм кардаанд, “норасоии шадиди кадрҳои ҳирфаӣ” ва муҳимияти ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои давлатиро таъкид кард. Ҳамзамон, ҷаноби Расулзода аз ҷавонон хост барои расидан ба мақомҳои баланд, ба умеди дигарон нашуда, худ низ талош кунанд: “Барои ин бояд ҳар яки шумо барои такмили донишу маҳорати худ кор кунед. То кас худ саъю кӯшиш накунад, роҳбар ба вай он қадар аҳамият намедиҳад. Марҳамат, “майдон аз далер аст”, донишу истеъдод, ташаббускорӣ ва ташкилотчигии худро ба кор андозед.”
Дар соли интихоботи раисҷумҳурӣ дар Тоҷикистон мақомот рӯйи масъалаи ҷойгузинии ҷавонон, фарҳанги тахассусгароӣ ва роҳкушоӣ барои ворид шудани онҳо ба саҳнаи сиёсӣ зиёд таъкид мекунанд.
Вале чаро бо вуҷуди роҳандозии барномаҳои зиёд боз ҳам ҷавонон худро аз сиёсат канор мондаанд ва барои соҳиб шудан ба курсиҳои вазифаҳои давлатӣ талош намекунанд?
Зебо Қурбонова, раҳбари маҳфили “Сиёсатмадорони ҷавон”, узви "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон" ва ҳамзамон сардабири нашрияи “Лочин” дар Хуҷанд, мегӯяд: “Гап сари он бошад, ки чаро калонсолон ҷойро барои ҷавонон холӣ намекунанд, ман бовар дорам номаи вазорат дар бораи ҷойгузини кадрҳои синнашон бознишаста намудани ҷавонон ҳамсолонамро барои расидан ба вазифаҳои давлатӣ дилпур мекунад. Аз тарафи дигар, аз таҷрибаи худам мегӯям, ки аксари ҷавонони имрӯза роҳҳои тиҷорату пулёбиро меҷӯянд ва барои саҳнаи сиёсат дохил шудан хуш надоранд. Онҳо аз ақидаҳои шахшудае, ки дар мо танҳо бо роҳи хешутаборбозиву дигар роҳҳои номақбул соҳиби вазифа шудан мумкин аст, барои худашон як садд, девор месозанд. Ҳол он ки ин ақидаи ботилро танҳо худи ҷавонон шикаста метавонанд.”
Мусоҳибам афзуд, вай ҷавононеро медонад, ки ин саддҳоро рахна кардаву бо дониш ва маҳорати худ то дараҷаи соҳибӣ ба мақомҳои масъули давлатӣ расидаанд.
Рустам Юсуфов, раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон”, мегӯяд, “як гул баҳор нест” ва ба корҳои поиндараҷаи давлатӣ таъин шудани чанд ҷавони назди мақомот таҷрибаомӯхта ва таъсиси "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон" аз рӯи лоиҳаи як созмони ҷамъиятӣ ҳанӯз маънои раҳ кушодан ба парлумони воқеиро надорад. Ба назари вай, барои ҷойгузинии ҷавонон бояд заминаҳои бештареро фароҳам кард: “Омода кардани кадрҳои ҷавон бояд аз зинаи донишгоҳӣ шурӯъ шавад. Аммо дар мо чунин нест, аз ин рӯ, кадрҳои ҷавон барои бар дӯш гирифтани вазифаҳои муҳими раҳбарӣ омода нестанд. Мушкили дигар ин ки як қонуни махсусе дар бораи ҷойгузинии ҷавонон кадрҳои бознишастаро дар Тоҷикистон то ҳол қабул нашудааст ва вазифаҳои давлатӣ, ҷо ба ҷогузории кадрҳо бо роҳи таъинотӣ сурат мегирад. Аз ин ҷо имрӯз ҷавонони синнашон 30-35 соларо дар мақомҳои муҳими давлатӣ ангуштшумор мебинем. Чӣ расад ба он ки онҳо барои рақобат ба курсиҳои парлумониву ҳатто маҷлисҳои маҳаллӣ имкон дошта бошанд.”
Раҳбари созмони ҷамъиятии “Ваҳдати ҷавонон”, аз ташаббускорони муроҷиатномаи раҳбарони ҳудуди 70 созмони ҷамъиятӣ ба раиси вилояти Суғд дар чанд моҳи пеш аст, ки барои ҷавонон фароҳам кардани фазои беҳтару озодтари кору фаъолиятро хоста буданд.
Вай мегӯяд, мақомот дар ин роҳ ва ҷалби ҷавонон ба сохторҳои давлатӣ қадамҳое ба истиқболи онҳо гузоштаанд, аммо ин иқдомҳои нокофӣ ҳанӯз натиҷаҳои назаррас наовардааст. Чун дар Тоҷикистон мактаб ё институти омода кардани ҷойгузинҳои ҷавони ҳирфаӣ, бо такя ба сатҳи тахассусии онҳо ба курсиҳои раҳбарӣ, тақрибан вуҷуд надорад.