Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ. Вакилони ҷавон фаъол мешаванд


Ҷаласаи "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон" дар Душанбе.
Ҷаласаи "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон" дар Душанбе.

Парлумони ҷавонони Тоҷикистон қарор кардааст, ки ҷавононро дар интихоботи президентии соли 2013, фаъолтар месозад.

Дар нишасти навбатии парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар баробари интихоби раис ва вакилон, қарор шуд, ки ояндаи наздик яке аз самтҳои кори ин ниҳоди иҷтимоӣ фаъол кардани ҷавонони тоҷик дар интихоботи президентии соли 2013 мебошад.

Ба гуфтаи Ҷумъахон Нозиршоев, раиси тозаинтихобшудаи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамзамон донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аксарияти ҷавонон аз интихобот канораҷӯйӣ мекунанд ва мавқеи худро муайян намесозанд.

Ҷумъахон Нозиршоев, раиси "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон"
Ҷумъахон Нозиршоев, раиси "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон"
Нозиршоев ҳамчунин афзуд, ки дар ин ҷаласа ниҳоде бо номи Кумитаи қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ташкил карда шуд, ки ҳадафи асосиаш таъмини ширкати фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар мебошад: «Суханони зиёд ҳаст дар байни ҷавонон, ки аз мо вобаста нест, бе мо ҳам интихобот мегузарад, яъне онҳо худро дар канор мегиранд. Вале интихоби президент аз ҷавонон низ вобаста аст. Онҳо ин масъулиятро дарк намекунанд. Аз ин рӯ, бояд дар донишгоҳу муассисаҳои касбӣ дар арафаи интихобот бо ҷавонон маҳфилу вохӯриҳо баргузор намуда, ба онҳо зарурати иштирок дар интихобот фаҳмонида шавад, дар ин сурат шояд, ки мушкилии бетарафии ҷавонон ҳалли худро ёбад.»

Самтҳои дигари фаъолияти минбаъдаи парлумон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанхоҳӣ дар ниҳоди ҷавонон ва мушкилии ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб кардани магистрҳои донишгоҳҳо унвон карда шуд.

Зебо Қурбонова, вакил аз вилояти Суғд мегӯяд, ба унвонии онҳо номаву арзҳои зиёде аз ҷониби ҷавонон расидааст, ки онҳо аз ҷалб шудан ба сафи артиш изҳори нигаронӣ кардаанд. Зебо гуфт, аз сабабе ки ба таври мушаххас дар қонун калимаи магистрант наомадааст, онҳо то имрӯз натавонистанд ба мақомоти дахлдор даъво пешниҳод кунанд. Ба ин далел, дар ин ҷаласа аз вакилон даъват гардид, ки то ба Парлумони Тоҷикистон пешниҳоде роҷеъ ба ворид кардани тағйирот ба «Қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ» матраҳ шавад.

Аммо бо ин ҳам, ба гуфтаи Зебо, парлумони ҷавонон дар муддати фаъолияти хеш дар мушкилии ҷавонон зиёд саҳм гузоштааст: «Таҷҳизонидани озмоишгоҳи кимиёи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ҳалли худро ёфт. Барои ташкили рӯзномаи ҷавонон дар вилояти Суғд қарори махсуси раиси вилоят қабул карда шуд,ки дар ин самт кор рафта истодааст. Ташкили роҳҳои пиёдагард. Ҷавонон ба мо муроҷиат карданд ва гуфтанд, ки набудани роҳҳои пиёдагард дар баъзе роҳҳо боиси зиёд гардидани садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон шудааст ва мо ба БДА муроҷиат кардем, ки ин мушкилӣ дар дамои як ҳафта ҳалли худро ёфт.»

Руслан Шодиков, вакили "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон" аз вилояти Бадахшон
Руслан Шодиков, вакили "Парлумони ҷавонони Тоҷикистон" аз вилояти Бадахшон
Руслан Шодиков, вакил аз вилояти Бадахшон низ эҷоди ҷойҳои корӣ барои ҷавонон дар дохили кишварро аз дигар талошҳои порлумони ҷавонон медонад: «Он шахсоне, ки синнашон ба нафақа расидааст, онҳо бояд гусел карда шаванд ва ба ҷойи онҳо бояд омӯзгорони ҷавон ба мактаб ҷалб карда шаванд. Аллакай ин раванд оғоз ёфтааст ва боварии комил дорам, ки мо боз инро назорат карда, барои тезонидани он мусоидат мекунем.»

Бо ин ҳама соҳибназарон бар инанд, ки порлумони ҷавонони Тоҷикистон фаъолияти муассире надорад. Назири Нусрат, коршиноси ҷавони тоҷик мегӯяд, фаъолияти парлумони ҷавонони Тоҷикистон ҳатто чун «Созандагони Ватан», ки қаноти ҲХДТ аст, чашмрас нест: «Ин дар ҳоле, ки метавонист худро як навъ ҳамвазн ва ё як навъ дар баробари парлумони касбии Тоҷикистон гузорад. Яъне метавонист ҳар қонун, қарор ва ҳар санаде, ки парламенти Тоҷикистон ба баррасӣ мегирад, ин ҳам муҳокима кунад ва ба таври рамзӣ метавонист, ки дар баҳси байни худ гузорад. Аммо ҳамин гуна ҳолатҳо мушоҳида нашуд дар ҳоле, ки аз ҳамин гуна як иттиҳод ва созмонҳо ҷомеаи ҳар кишвар интизориҳои зиёде дошта метавонад.»

Зимнан, Парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2010 бо ташаббуси созмони иҷтимоии «Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» таъсис шудааст. Ин парлумон як ниҳоди иҷтимоӣ буда, дорои 63 вакил аст. Ҳамон гуна, ки Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ аз ин миқдор вакил иборат аст. Вакилони парлумони ҷавонони Тоҷикистон умдатан аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои кишвар ҳастанд.

Бар асоси низомнома, ҳар ду сол интихоб мегарданд. Ҳадафи асосии парлумони ҷавонони Тоҷикистон, рушди парламентаризми ҷавонон ва аз ин тариқ мусоидат ба раванди демократисозии ҷомеа дар Тоҷикистон аст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG