Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дружиначиён дар як саф бо пулис алайҳи ҷинояткорӣ


Ба ибтикори вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нахустин анҷумани дружиначиён, ки нақши ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нигаҳдории амнияти шаҳрвандонро ифо мекунанд дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нахустин Анҷумани дружиначиён, ба назаррас будани нақши ин табақа дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нигаҳдории амнияти шаҳрвандони кишвар таъкид карданд. Ҳоло бештар аз 22 ҳазор дружиначӣ, ки аксарияти онро донишҷӯён ташкил медиҳанд, ҳамарӯза ба кормандони пулис дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ кӯмак мерасонанд ва то имрӯз ба ошкор намудани 22 ҷиноят мусоидат кардаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, эҳёи фаъолияти ин дастаҳои замоне маъруф, баъд аз афзун шудани чорабиниҳои мухталифи оммавӣ ва зиёд шудани мизони ҷинояткорӣ дар кишвар зарурат пайдо кард:«Ҷалби ҷавонон ба чунин дастаҳо боиси он мешавад, ки онҳо бевосита аз содиршавии ҷиноятҳо ва чигунагии вазъ ҷиноӣ дар кишвар огаҳ мегараданд ва бо ин васила ба пешгирии ҷиноятҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дружиначиёни ихтиёрӣ бо шаҳодатнома, либоси махсус таъмин шуда, ба сардорони ситоди онҳо маоши муайян таъин карда шудааст.»

Фаъолияти дастаҳои ихтиёрӣ, ки дар замони собиқ шуравӣ хеле маъмул буд, чаҳор соли қабл бо пешниҳоди гурӯҳе аз вакилони парлумони Тоҷикистон дигарбора эҳё шуд.

Шӯҳрат Давлатов, сардори гурӯҳи дружиначиёни ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, дар дастаи мазкур 30 нафар ихтиёрӣ амал мекунад. Ба гуфтаи ӯ дар нуқтаҳое, ки зери назорати ин гурӯҳҳо қарор доранд, вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ камтар шудааст. Аммо аз ҷониби дигар меафзояд, ӯ сокинони маҳаллаҳо ба фаъолияти чунин дастаҳо муносибати духӯра доранд: «Бинобар он, ки 15-20 сол инҷониб чунин фаъолият набуд, баъзан нисбати онҳо мардум ҳарфҳои дағалу носазо ҳам мегӯянд. Аммо бачаҳо рӯҳафтода намешавад. Ҳам бачаҳо ва ҳам ҷомеа ба оҳистагӣ одат мекунанд.»

Дар чанд ҳафта баъзе чеҳраҳои шинохта ва мардуми оддӣ мавриди ҳамлаи афрроди бебандубор қарор гирифтанд, ки дар баъзе ҳолатҳо бо нияти пулситонӣ анҷом шудаанд. Ин ҳолат бисёр шаҳрвандонро нигарон кардааст ва бархе ҳам суол мегузоранд, ки чаро пулис тартибу низомро дар шаҳр ҳифз намекунад?
Ба маълумоти шоҳидони ҳодисаҳо чунин ҷиноятҳоро ҷавонони аз 16 то 30 сола дастаҷамона ва дар нимаи дуввуми рӯз ва бегоҳ анҷом медиҳанд.

Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд
Коршиносон ва аксари сокинони кишвар афзоиши ҷиноёти авбошиву дуздиро ба бӯҳрони молӣ ва бозгашти муҳоҷирон, ба вижа нафароне вобаста медонанд, ки дар кишвари муҳоҷират ҳам бо ин роҳ, яъне зӯроварӣ ва дуздӣ рӯз мегузаронданд. Бархи дигари таҳлилгарон зиёд шудани чунин ҳодисаҳоро ба бемасъулиятии кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ рабт медиҳанд.

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик бар ин аст, ки тамоми гуноҳро набояд ба сари кормандони милиса бор кард. Зеро ба гуфтаи вай, «дар танҳоӣ теъдоди 3 ва 4 ҳазор милиса, ки дар Душанбе фаъолият мебаранд, имкон надоранд, ки тамоми гӯшаву канори пойтахтро таҳти назорат дошта бошанд, агар платформаҳои ҷамъиятӣ ва дастандаркорони мардумӣ ҳамроҳи онҳо набошад.»

Гурӯҳе ҳам бар инанд, ки афзоиши мавориди роҳзанӣ ва авбошӣ аз сӯи ҷавонон аломатест, ки ҷомеа дар ростои фишори иҷтимоӣ қарор дорад. Бекориву бешуғливу нодорӣ ва набуди ояндаи мушаххас бархе аз ҷавонҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои ҷиноӣ теле додааст.

Марат Маҳмадшоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Аллакай фишори иҷтимоӣ баръало эҳсос мешавад ва барои ҷиддӣ дар ин бора андешидан водор мекунад. Зеро то ҳанӯз мушкилоти зиёде, ки пайваста дар бораи онҳо мегӯянд, ҳал
Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев
намешавад ва дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум чандон пешравӣ ба назар намерасад. Ва чунин рафтор ба мисли як ҳушдор аст.»

Бо ин ҳама, ба гуфтаи ҷомешиносон афзоиши ҷиноёти авбошӣ ин паёмади беназорат ва аз таълиму тарбия дур мондани ҳамон кӯдакону наврасони хиёбонӣ ва афзоиши шумори чунин атфол аст. Натиҷае, ки аз қабл пешгӯӣ мешуд.
Аммо боз ҳам ба таъкиди онҳо, то он замоне, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии хонаводаҳо тағйир наёбад, ҳеҷ як барномаву лоиҳаи тарбиявӣ наметавонад муваффақ шавад ва ба коҳиши мизони ҷинояткорӣ мусоидат кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Қонуни нави «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Тоҷикистон» қабул ва маврид иҷро қарор гирифт ва мақомот умедвор буданд, ки ин санади ҳуқуқӣ метавонад тартибу интизомро миёни ҷавонон, ба хусус хонандагони мактабҳо ба низом медарорад. Аммо натиҷагириҳои нахустин ҳокӣ аз онанд, ки ин барнома интизори ҳукумату ҷомеаро бароварда накард.
XS
SM
MD
LG