Авохири моҳи август вазорати адлияи Тоҷикистон эълон кард, ки бинобар баста шудани тамоми шӯъбаву намояндагиҳои ин ташаккули сиёсӣ дар манотиқи кишвар, фаъолияти худи ҳизб низ бояд қатъ шавад. Раёсати олии ҳизб ин изҳоротро хилофи қонунҳои Тоҷикистон унвон кард ва гуфт, ки Анҷумани ҳизбии худро дар мӯҳлати таъйиншуда - 15 сентябр баргузор мекунад. Аммо бо шурӯи амалиёти низомии ҳукумати Тоҷикистон бар зидди гурӯҳи мусаллаҳе ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, раҳбарони ҳизб баргузории ҷаласаи худро, ки дар он бояд раёсати нави ҳизб интихоб мешуд, ба вақти дигар гузарониданд. Ин гирудорҳо дар ҳоле ҷараён мегиранд, ки раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ баъди интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба сар мебарад ва агарчи аз таҳаввулот огоҳ ҳаст, вале то ҳол вокунише нишон надодааст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Кабирӣ дар бораи ҳодисаҳои атрофи ҲНИТ ва ҳамчунин фирори "Ҳоҷӣ Ҳалим" изҳори назар кард.
Радиои Озодӣ: Вокуниши Шумо ба ҳодисаҳои охири марбут ба мӯҳр задани мақомот ба дари молу мулки шумов ва наздиконатон чӣ гуна аст?
Муҳиддин Кабирӣ: Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Наметавонам бигӯям, ки оромона қабул мекунам ин хабарҳоро. Вале ин ҳамаро имтиҳон медонам аз тарафи Худованд ва талош мекунам, ки ба ҳама касоне, ки ҳоло дар ҳолати душворанд, кӯмак бирасонам. Ин аввалин ва муҳимтарин корест, ки дорам анҷом медиҳам. Моликият барои ҳама арзиш дорад, вале вазъи бародарону хоҳарони ҳизб ва наздикон бароям муҳимтар аст.
Радиои Озодӣ: Дар ин шароит фикри бозгашт ба Тоҷикистон ва ҳимоят аз худу наздиконатонро доред? Агар ҳа, умедатон ба чист? Агар не, ба кадом далел?
Муҳиддин Кабирӣ: Бозгашт маъно надорад дар чунин шароит. Мушкилии наздиконро бештар мекунад, ки камтар не.
Радиои Озодӣ: Ҳамзамон ҳизби наҳзат ҳам рӯзҳои сахтеро пушти сар мегузорад. Фикр мекунед, умеди наҷот додани ҳизб ҳаст дар ин шароит?
Муҳиддин Кабирӣ: Агар манзури шумо аз ҳизб мӯҳру санади сабти ном ва сохтори имрӯзаи ҳизб аст, кори он бо имзои протоколи 32-20 ҳал шуда буд. Масъалаи вақт монда буд, ки то ҳамин рӯз будааст ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Албатта, мехостанд ки ин кор бо дасти масъулини ҳизб анҷом шавад, яъне худи ҳизб пароканда шуд, то ин нанги таърихӣ ба дӯши масъулини ҳукумат наафтад. Манъи расмии як ҳизбе, ки ин ҳама ҷонбозиҳоро барои сулҳу ваҳдат кардааст ва ин ҳама сабру таҳаммулро барои ватану миллат, назди таърих - кори соддае нест. Вале диданд, ки нашуд, бо баҳонаи ин ҳодисаҳо ҳатман масъаларо яктарафа хоҳанд кард. Аммо, агар манзур аз саволи шумо, ҳизб ҳамчун фикр, андеша ва роҳ аст, он на танҳо идома дорад, балки қавитар ба саҳна бармегардад. Ман ба ин шаке надорам. Чӣ ман бошам, чӣ не, вақт инро нишон хоҳад дод. Агар бо куштану ҳабсу задан андешаҳо ва арзишҳо аз байн мерафтанд, ҳоло ҳеҷ арзише ва муқаддасоте боқӣ намемонад дар ҷаҳон. Бахусус, андешаи миллӣ ва исломӣ, ки рабт ба Худованд ва мардум дорад, на ба шахсе ё гурӯҳе, ки агар онҳо аз байн рафтанд, фикр ҳам биравад. Ҳоло гуфта наметавонам, ки ин андеша ба кадом самт ҳаракат мекунад, вале то рӯзе ки ҳастам, аз чорчӯби мавҷуда берун нахоҳад рафт ва ҳеҷ тӯфоне моро аз ин роҳи сабру устуворӣ дур нахоҳад кард.
Радиои Озодӣ: Оё барпо нашудани анҷуман наметавонад баҳонаи бештаре бидиҳад ба ҷониби дигар, ки раҳбарияти ҳизбро ба надоштани машрӯъият айбдор кунанд?
Муҳиддин Кабирӣ: Ҳолат қиссаи гургу барраро мемонад. Дигар барои гург фарқ надорад, ки барра чӣ далел дорад ва чӣ санад. Бояд хӯрда бишавад. Магар то имрӯз бо ин ҳама конун меҳвариву оромиву сабр ва машрӯъ будани ҳама корҳоямон ҳукумат аз корҳояш даст кашида буд, ки ҳоло анҷуманро ба назар бигирад? Баъдан, тибқи оинномаи мо, болотарин ниҳод байни анҷуманҳо Раёсати Олии ҳизб аст, ки метавонад тасмимҳои лозимиро бигирад. Бо назардошти вазъияти имрӯза ва бастани дафтар, раёсат қарор кард, ки то фурсати муносиб анҷуман ба таъхир гузошта шавад ва салоҳиятҳои ҳамаи ниҳодҳо тамдид гардад. Ин қарори болотарин ниҳоди ҳизб мебошад, ки машрӯъиятро таъмин хоҳад кард.
Радиои Озодӣ: Ин таъқибҳо, ба назаратон, ибтикори худи мақомоти Тоҷикистон аст ваё доираҳои фаротаре пушти ин ҳама истодаанд?
Муҳиддин Кабирӣ: Ибтикори ҳукумат ва розигии доираҳои фаротар аз хориҷ. Баъзе соддалавҳона фикр мекунанд, ки имкон надорад масъулини мо ба чунин коре даст бизананд, ҳатман зери фишори доираҳои хориҷӣ ин корро мекунанд. Таҷриба нишон дод, ки "ақли" ҳеҷ ҳукумат барои чунин сиёсатҳо зидди миллати хеш намерасад, ҷуз ҳукумати "хирадманди" мо. Чун доираҳои хориҷӣ ваъдаи имтиёзҳои зиёдеро дар баробари хомӯшӣ гирифтаанд, манфиатҳояшон водор мекунад, ки ин ҳама қонуншиканиҳоро нодида бигиранд. Чун ҳар кас нафъе мегирад аз ин ҳолат, яке замин, дигаре пойгоҳ, саввуми транзит ва чоруми пул. Ин воқеъияте аст, ки талх аст, вале бояд қабулаш кард.
Радиои Озодӣ: Дар паи ҳушдори вазорати адлия, бархе ин фарзияро матраҳ карданд, ки "болоҳо" ба Кабирӣ ишора мекарданд, ки раёсати ҳизбро ба ягон нафари гапдаротар вогузор кунад, вале ӯ нафаҳмид ишораҳоро ва товонашро ҳоло ҳизбаш пардохт мекунад. Фикр мекунед, агар канор мерафтед, наҳзат метавонист ҳадди аққал муваққатан аз ин мушкилот халос бихӯрад?
Муҳиддин Кабирӣ: Ин фарзия сиҳат надорад. Бо он таҷрибаи хоксоранае, ки дар сиёсат дорем, метавонистем баъзе ҳаракатҳоро пешбинӣ кунем ва кардем. Ғайри президент каси дигар намонда буд, ки дар ин бора сӯҳбат накарда бошам. Мардум шояд фикр мекунанд, ки ман якравӣ кардам, ё нахостам ба мусолаҳа биравам. Яке аз айбҳое, ки ба шахси ман мегиранд, маҳз ҳамин мусолаҳакорӣ ва гузашт кардан аст. Танҳо ман не, чандин ҳайатҳои мо дар сатҳҳои гуногун сӯҳбат карданд ва мехостанд бидонанд ки ҳукумат чӣ мушкилиро мебинад дар фаъолияти мо ва чӣ бояд кард, то аз ин ҳолати ноҷӯр ҳама берун биёянд. Ҳеҷ вокунише намешуд, магар ин ки "фаъолияти худро қатъ кунед". Гоҳо худам ин масъаларо матраҳ мекардам, ки агар мушкилӣ дар мо аст, метавонам қабл аз анҷуман биравам, то вазъияти кишвар аз ин бадтар нашавад. Чун таъсири бад шудани муносибати мақомот бо як ҳизби сиёсӣ, ҳатман болои ҷомеа мерасад ва мо инро намехоҳем. Баръакс, мегуфтанд, ки маҳз мудирият ва сабру таҳаммули мо борҳо вазъиятро аз ҳолати бӯҳронӣ наҷот додааст ва зоҳиран мушкиле надоштанд. Хулоса, мо ҳамаи вариантро пешниҳод кардем, аз рафтани мо, то ивази ном ва ғайра. Аммо эҳсос кардем, ки дигар фоида надорад, чун мушкил дар шахси мо, ном ё фаъолияти мо нест. Мушкилӣ дар заъфи ҳукумат аст, ки аз ҳама метарсад. Магар Зайд ҳам номи исломӣ дошт ё ягон радикал буд? Заъфи ӯ дар қудрати ӯ буд ва ҳамин чиз кори ӯро тамом кард. Мушкилии мо ҳам дар мардумӣ будани мост, на дар чизи дигар. Агар мо ҳукумати қавӣ, бо шахсиятҳои қавӣ медоштем, аз як ҳизби қавӣ не, аз даҳҳо ҳизб наметарсиданд ва ин балоро ҳоло сари миллат намеоварданд. Ҳукумат аз лиҳози пулу низомӣ қавӣ аст, вале аз лиҳози андеша ва фикр заъифтарин ҳукумат дар минтақа мебошад ва ин чиз маҷбур мекунад ки ҳамеша аз пул ва силоҳ истифода намояд, на аз ақл ва мантиқ. Мусибати миллии мо ҳам дар ҳамин аст, аз ҳамаамон - ҳизбҳо, зиёиён, рӯзноманигорон ва тоҷирон, ҳатто, худи кормандони давлат ҳам. Инро ҳам бигӯям, ки аъзои Шӯрои сиёсиро маҳз ба ҳамин хотир ба Истамбул даъват кардам, то машваратҳоеро дар ин бора дошта бошем. Ва аз баъзе аъзои ҳайат хоҳиш ҳам кардам, ки ин масъаларо бори дигар бо мақомот бубинанд ва агар мушкил дар шахси ман аст, бояд нафари дигар масъулиятро ба дӯш бигирад. Муҳим, ки ин сулҳу ваҳдат барҳам нахӯрад, ин қадар гузашт кардем, як бори дигар ҳам мушкил нест. Вале натиҷаро гуфтанд, ки касе дар ин бора сӯҳбат карданӣ нест, агарчи бисёриҳо дар мақомот аз ин раванд хушнуд нестанд.
Радиои Озодӣ: Рӯзҳои охир сӯҳбатҳо дар Тоҷикистон ҳама аз қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим аст. Назари шумо чӣ аст ба ин қазия, чун Ҳоҷӣ Ҳалимро аз наздик ҳам мешинохтед?
Муҳиддин Кабирӣ: Хеле хуб мешинохтам ва дӯсту ҳамсоя ҳам будем як замон. То ҳол ангезаи аслӣ ва сабаби чунин амалашро намефаҳмам. Чун Ҳоҷӣ Ҳалимро ҳамчун як инсони дақиқ ва эҳтиёткору бомулоҳиза мешиносам. Қаблан бештар медидам ва бо нигоҳҳояш шиносоӣ доштам. Як афсари хушк нест, номуси инсонӣ ва ватандориву миллатдориаш хеле қавӣ аст ва аз ҳама муҳимаш, хеле сарсупурда ба ҳукумат ва роҳбарияти кишвар буд. Чаро ӯ маҷбур шуд ба чунин коре даст бизанад, асли муаммо аст.
Радиои Озодӣ: Ин қазия метавонад бар зидди ҳизби шумо истифода шавад?
уҳиддин Кабирӣ: Бале, ин корро алакай карданд ва аз ин қазия ҳади аксар истифода хоҳанд кард. Расонаҳои давлатӣ аллакай ҳукмро содир карданд ва танҳо мондааст, ки суд модаи лозимиро аз Кодекси Ҷиноӣ пайдо кунад. Шаке надорам, ки тамоми молу дороии моро мусодира хоҳанд кард. Факат аз як чиз нигаронам - ҳаҷм ва паҳнои репрессия то ҳаде наравад, ки садҳо ва ҳазорҳо одамони наздик ба мо ва ҳамнишину ҳамкорро шомил шавад. Алакай хабарҳо мерасанд аз ин маҳкам кардану ҳабсу гирифтани амволи хешу ақрабо ва мардум хеле нигаронанду дар ҳарос. Медонам, ки баъзеҳо ҳоло инсофу қонуну виҷдонро як чизи зиёдати медонанд, чун дар сӯҳбатҳо бо худам борҳо гуфтаанд, ки адолату инсоф ва қонун дурӯғ аст, ҳукумати мо набояд фиреби ин шиорҳоро бихӯрад. Аз ин чиз бештар нигаронам, вагарна ҳама тӯҳмату дурӯғҳои каблӣ ва ояндаро оромона таҳаммул хоҳам кард.
Радиои Озодӣ: Албатта, шароити сахте пеш омадааст ва ҳадс задан, ки фардо чӣ мешавад, кори саҳл нест. Вале оё ҳизби наҳзат ва худи шумо ба истилоҳ "Плани Б" доред, ки агар ҳизбро бастанд ё шуморо таҳти пайгард қарор доданд, чӣ хоҳед кард?
Муҳиддин Кабирӣ: Ягон плани дигар надорем, ҳама чиз мушаххас аст барои мо. Аз аввал зидди зӯроварӣ, хушунат ва амалҳои ғайриқонунӣ будем ва хоҳем монд, моро бубанданд ё набанданд. Ин марҳалаи душворро бояд гузашт ва оромона, бидуни эҳсосот кори худро идома хоҳем дод. Набояд ҳама чизро бо ҳисобҳои математикӣ чен кард, беҳуда Худованд нагуфтааст, ки "гоҳо шумо чизҳоеро намеписандед, ки барои шумо дар он некист ва гоҳо чизҳоеро меписандед, ки барои шумо бад аст". Аммо табиист, ки кишвар вориди як марҳалаи душвор хоҳад шуд ва ҳукумат дониста ё нодониста ҳама муъодилаҳоро барҳам зад ва ҳадяи хубе ба гурӯҳҳое кард, ки аслан ба ҳизбу интихобот ва давлати дунявӣ эътиқод надоранд. Ҳоло бо гуфтани мо, ки даст бардоред аз ин корҳо, бас нахоҳанд кард, баръакс, шиддат мебахшанд. Чун пештар ҳам ҳар чӣ қадар гуфтем, ки қатъ кунед ин корҳои иштибоҳиро, баръакс бо кибру ғурур бештар мекарданд ва кишварро ба ин ҳолат оварданд. Ҳарфи мо ин аст, ки ҳарчи зудтар аз аспи ҷаҳлу ғурур поин биёянд ва фаромӯш накунанд, ки рӯзе аз ин мансаб хоҳанд рафт ва бо касоне ки имрӯз зулм мекунанд, рӯбарӯ хоҳанд шуд: ё дар муколама, ё дар маҳкама, ё назди Парвардигор.