Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми меҳварии сафари Абдуллоҳ ба Тоҷикистон


Нахустин сафари расмии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳошияи “Ҳамоиши байналмилалии об барои ҳаёт” дар шаҳри Душанбе, сурат гирифт.

Доктор Абдуллоҳ дар гузашта дар қатори фармондеҳони Эътилофи Шимол, ки дар саргаҳи он тоҷикони Афғонистон қарор доштанд, борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешуд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар сафараш ба Тоҷикистон масоили амниятиро низ матраҳ мекунад. Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъи манотиқи бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон дар моҳҳои ахир муташанниҷ шуда, нигарониҳоеро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бор овардааст. Аксаран ҳукумати нави Афғонистонро, ки дар он доктор Абдуллоҳ ва номзади рақиби ӯ Ашраф Ғанӣ баъди интихоботи пурҷанҷол қудратро бо ҳам тақсим кардаанд, танқид мекунанд ва мегӯянд, дар ҳоле, ки ҳукумат ба даргириҳои дохилӣ машғул шудааст, гурӯҳҳои террористӣ дар марзҳои шимолии он фаъол шудаанд. Бо ин ҳол паёми сафари Абдуллоҳ ба Тоҷикистон чӣ буда метавонад?

ТАКОН БАЪД АЗ СУКУТИ ДАРОЗ

Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои минтақа ва Афғонистон сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳро сирф ба фаъолияти ҳукумати Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон марбут медонад ва мегӯяд, мушкилоте, ки дар ин росто пеш омаданд, то андозае ба ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя дар минтақа таъсир гузоштанд, “аз таъсиси ҳукумати нави Афғонистон вақти зиёде гузашт, масъалаи интихобот, масъалаи ташкили ҳукумат ва ҳамаи ин, албатта, дар робитаҳои Афғонистон ва Тоҷикистон таъсиргузор шуданд."

Қосимшоҳ Искандаров
Қосимшоҳ Искандаров

"Ҳол он ки мебоист, бо рӯи кор омадани ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон як сафҳаи наве дар муносибатҳои Тоҷикистон бо Афғонистон боз мешуд. Аммо ин корҳо монданд ва ҳамакнун фикр мекунам, ки ҷониби Афғонистон ба ин натиҷа расиданд, ки равобиту ҳамкориҳо бо Тоҷикистон як такони ҷиддӣ мехоҳанд. Ба ин далел сафари Абдуллоҳи Абдуллоҳ ба Тоҷикистон фоли нек аст. Чун дар Афғонистон низ дакр мекунанд, ки ин равобит ба як марҳалаи нав, суръатбахшӣ ва такони дигаре ниёз дорад,” -- мегӯяд Қосимшоҳ Искандаров.

Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон 9 моҳ пеш, пас аз интихоботи ҷанҷолбарангези раёсати ҷумҳурӣ, бо созиш миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар натиҷа аввалӣ раиси ҷумҳур ва дуввумӣ раиси иҷроияи ҳукумат таъин шуданд, рӯи кор омад.

Аммо то кунун ин ҳукумат ба чолишҳое дар дохил рӯ ба рӯ аст, ки мавқеият ва машруияти онро зери суол бурдааст.

ҶУСТУҶӮИ ҲАМПАЙМОНОИ БЕРУНӢ

Бо таваҷҷӯҳ ба мушкили ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, Дилшод Муллоев, сиёсатдон ва ходими илмии Пажӯҳишгоҳи сиёсат, фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, раҳбарони ин ҳукумат дар симои Тоҷикистон “иттифоқчӣ” –и берунии худро мебинанд.

Даргириҳо дар Кундуз
Даргириҳо дар Кундуз

Ҷаноби Муллоев афзуд, “ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон мувоҷеҳи сахтиҳо шудааст ва яке аз ин сахтиҳо дар он аст, ки бисёре аз чеҳраҳои калидӣ, бо шумули устод Ато Муҳаммади Нур ба ин ҳукумат ва кобина бо назари шубҳа менигаранд ва онро то як андоза марионетка ё лӯхтаке, ки орзуву омолҳоро бароварда карда натавонистааст, муаррифӣ мекунанд ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин сафараш мехоҳад, то дар симои раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон, як навъ “иттифоқчӣ” –и беруниро пайдо кунанд. Чун Тоҷикистон бо тоҷикони шимоли Афғонистон робитаи густарда ва хуб ҳам дорад.”

Аммо Ротиб Нурӣ, рӯзноманигор ва таҳлилгари афғон, бештар сафари раиси иҷроияи Афғонистон ба Тоҷикистонро ба бурузи ноамниҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва хатари гурӯҳҳои террорист ва ифротгаро, назири созмони “Давлати исломӣ” дар ин минтақа рабт медиҳад. Вай мегӯяд, “чун густариши ҳаросатгарӣ дар бахшҳое аз шимоли Афғонистон, ба вижа дар ин авохир тағйири самти ҷанг аз ҷануб ба шимоли кишвар на танҳо ба Афғонистон ва вилоятҳои шимолии он, балки метавонад таъсири мустақим ба кишварҳои Осиёи Миёна дошта бошад. Ба ҳамин сабаб, раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон рӯи он баҳс хоҳанд кард, ки бо муборизаи зидди тероризм ва ифротгароӣ чӣ гуна расидагӣ шавад.”

ХАТАРҲО ДАР МАРЗИ МУШТАРАК

Аз нигоҳи ҷаноби Нурӣ, хатарҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ сар мезанад, муҳимтар аз ҳар мушкили дигар аст ва ҳукуматҳоро водор мекунад, то муштаракан сари он иқдом кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки "Афғонистони ҷангзада, мушкили терроризмро дар чанд даҳаи ахир кашида ва то ҳанӯз аз он берун нашудааст."

Дар ин байн Тоҷикистон ба унвони кишвари ҳамсоя, ҳаммарз ва ҳамфарҳангу ҳамдини Афғонистон ҳамеша талош кардааст, то дар баробари мушкилоту чолишҳояш қарор бигирад ва ба рафъи онҳо мусоадат намояд.

Аммо ин суол матраҳ аст, ки чаро бо гузашти 9 моҳ Ашраф Ғанӣ ба унвони раиси ҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон сафари расмӣ накарда ва ин бор ҳам доктор Абдулоҳ Абдуллоҳ ин масъулиятро бар дӯш доштааст?

Дилшод Муллоев, сиёсатдони тоҷик инро ба тақсимбандии вектори сиёсати беруна дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон вобаста медонад ва мегӯяд, “шояд вектори сиёсати хориҷии ҳукумати ҷадиди Афғонистон ба ин шакл тақсимбандӣ шудааст, ки Ашраф Ғанӣ ба қисмати ҷануб – Покситону Ҳиндустон, Эрону ҳамчунин давлатҳои Ғарбу Амрико ва доктор Абдуллоҳ ба минтақаи Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон сафари хориҷӣ кунад.“

ТОҶИКИСТОН ВА ТОҶИКОН?

Ин ҳам дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидори рӯзи душанбе хитоб ба доктор Абдуллоҳ гуфтааст, "Тоҷикистон хонаи дувуми Шумост" ва афзудааст, "кӯшиш мекунем, муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду ҷониб бошанд.”

Ротиб Нурӣ, рӯзноманигор ва таҳлилгари афғон низ бар ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба тақсими 50 ба 50 - и ҳукумати ваҳдати миллӣ миёни Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, сиёсати хориҷии кишвар низ бар ин мабно тарҳрезӣ шудааст. Ҳатто пешниҳоди номзад ба мақоми вазири умури хориҷии Афғонистон, масъулияти раиси иҷроия аст ва дар ин симмат Салоҳиддин Раббонӣ, писари Бурҳониддин Рабонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон баргузида шуд.

Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ дар чанд моҳи ахир бештар ба Покистон, Ҳинд, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо сафар кардааст.

Аммо Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои минтақа ва Афғонистон бар ин аст, ки сафарҳои Ашраф Ғанӣ ба ин кишварҳо, ба хусус Покистону Арабистон ба хотири тарҳи сулҳ, яъне пайдо кардани роҳи музокира бо Толибон будааст. Аз ин хотир ҷаноби Искандаров мегӯяд, сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон бамаврид аст ва метавонад барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф миёни ду кишвар, ҳатто дар бахши амниятӣ ва мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ самар диҳад.

БАРНОМАҲОИ ИҚТИСОДӢ

Ин аст, ки ба иттилои расмӣ дар дидорҳои доктор Абдуллоҳ бо мақомоти Тоҷикистон, ба хусус Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур бар иловаи иҷрои тарҳҳои дуҷониба ва минтақаӣ, назири фаъол шудани хатти барқи 220 - киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои мошингузари миёни ду кишвар, CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ҳамчунин масъалаи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва таҳдидҳои тоза дар минтақа баҳс шудаанд.

Коршиносон бар инанд, ки ҳарчанд дар ин нахустин сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон дар мақоми раиси иҷроияии Афғонистон санадҳои начандон калидӣ имзо шудаанд, ба монанди эъломияи муштарак ва созишномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, гуфтушуниди ду тараф мудаввом хоҳад буд.

Тоҷикистон ва Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак доранд ва бо вуҷуди вазъи ноором дар чанд даҳаи охир ва хатару таҳдидҳои замони муосир ҳар ду кишвар тавонистаанд, аз равобити хубе бархурдор бошанд ва ҳамкориҳоро дар ҳама самтҳо, ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву тиҷоратӣ густариш бахшанд.

XS
SM
MD
LG