Волии вилояти Бадахшони Афғонистон таъйид кард, ки Толибон маркази Юмгонро пурра таҳти назорат қарор додаанд. Шоҳ Валиуллоҳ Адиб рӯзи 6 июн дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло ба амалиёти озодкунии ин минтақа омодагӣ мегирем ва дар садади фиристодани нерӯ ба Юмгон ҳастем".
Волии Бадахшон афзуд, бино ба иттилои ӯ, дар задухӯрдҳо чаҳор тан аз нерӯҳои ҳукуматӣ ҷон бохта, се нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. "Ба камияш 8 тан аз ҳамлагарон, ки шарҳвандони маҳалливу хориҷиянд, низ кушта ва даҳ нафари дигарашон ҷароҳат бардоштаанд," -- изофа кард ӯ.
Ба қавли Шоҳ Валиуллоҳ Адиб, бештари ҳамлагарон хориҷӣ - шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, чеченҳо туркҳо ва уйғурҳои Чин ҳастанд. Дар мавриди он ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд ё не, ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар бораи ҳувияти шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳанӯз иттилои дақиқ зери даст надорад.
Садҳо мусаллаҳони ҷунбиши Толибон ба як минтақаи дури вилояти Бадахшони Афғонистон ҳамла карданд. Сахидод Ҳайдарӣ, муовини раиси пулиси вилояти Бадахшон, гуфт, ҳамлаи субҳи барвақти шанбе шурӯъ шуд ва нерӯҳои пулиси маҳаллӣ ба ёрии чархболҳо ё ҳавопаймоҳои низомӣ ниёз доранд, дар акси ҳол суқути Юмгон аз эҳтимол дур нест. Ба дунболи ин, Лаълмуҳаммад Аҳмадазй, сухангӯи раиси пулиси Бадахшон, гуфт, афроди мусаллаҳ дар канори бинои ҳукумати маҳаллиянд ва даргириҳо идома доранд.
Намояндаи ҷунбиши Толибон Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи 6 июн изҳор намуд, ки ҳамларо мусаллаҳони ин гурӯҳ анҷом додаанд. Шабакаи телевизионии "Тулӯъ" аз суқути Юмгон хабар дод ва аммо қаблан мақомоти Бадахшон ин иттилоъро рад карда буданд.
Ҳамла ба Юмгон дар ҳоле сурат мегирад, ки нерӯҳои амниятии афғон имсол бори аввал бидуни низомиёни хориҷӣ бо мухолифини давлат вориди даргирӣ мешаванд – сарбозони НАТО охири соли гузашта рисолати худро дар Афғонистон анҷом доданд.
Ин дувумин ҳамлаи густардаи Толибон ба як минтақаи Бадахшон дар камтар аз ду моҳи ахир аст. Миёнаҳои моҳи апрел онҳо ба волусволии Ҷурм ҳамла кард, 18 сарбози афғонро қатл карда буданд. Дар он ҳамла низ асосан мусаллаҳони хориҷии ҷунбиши “Толибон” ширкат доштанд ва 8 нафари онҳо кушта шуданд.
Шоҳ Валиуллоҳ Адиб он вақт ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, Чеченистони Русия ва вилояти Шинҷон-Уйғури Чинанд. Дар он набард ду нафар аз толибони хориҷӣ - Умар Ислом, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ситезаҷӯе бо номи Сӯҳроб аз Узбакистон ҷароҳат бардошта буданд. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, Умар Ислом, раҳбари гурӯҳи ситезаҷӯёни тоҷик дар ҷунбиши "Толибон" аст
Бино ба иттилои расмӣ, дар фақат дар дараи Хастаки волусволии Ҷурм аз 200 то 400 толиби хориҷӣ аз Чин, Чеченистон, Узбакистон ва Тоҷикистон мустақаранд ва аммо ҳукумат то ҳол барои аз ин минтақа берун кардани онҳо амалиёти ҷиддиеро роҳандозӣ накардааст.
Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале рӯшан нест, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ё онҳоро аз банд раҳо карданд.
Баҳори соли гузашта ҳам толибон волусволии Юмгонро тасарруф карда буданд, аммо нерӯҳои ҳукуматӣ баъд аз ду рӯз ин мавзеъҳро дубора таҳти назорат гирифта буданд.
Зимнан, дар Юмгондара асосан пайравони мазҳаби Исмоилия ба сар мебаранд ва он барои ҳама исмоилиҳо минтақаи муборак маҳсуб мешавад, зеро шоир ва мутаффакири бузурги тоҷик Носир Хисрави Қубодиёнӣ, ки аҳли ин мазҳаб ба ӯ ихлоси бузург доранд, он ҷо макони охират пайдо кардааст.