Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшти мурғ ба карйераи Абдуфаттоҳи Ғоиб нуқта гузошт? ВИДЕО, САДО


Абдуфаттоҳи Ғоиб. Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон. Рӯзи 18-уми январи 2018
Абдуфаттоҳи Ғоиб. Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон. Рӯзи 18-уми январи 2018

Мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон сабаби аслии барканории Абдуфаттоҳи Ғоиб аз мақоми раиси ин ниҳоди давлатиро ошкор накарданд. Вале гуфтанд, ки ӯ дар робита ба воридоти гӯшти пастсифати мурғ "гап шунида буд".

Турсунзода: Абдуфаттоҳи Ғоиб барои воридоти гӯшти пастсифат огоҳӣ гирифта буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00
Линки мустақим

Ба кори дигар гузашт, ба куҷо?

Муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гуфт, ки "масъалаи воридоти гӯшти пастсифати мурғ аз мушкилоти аслӣ дар соли гузашта буд"

Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 19-уми январи имсол, пас аз ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки дар онҷо барои ислоҳи камбуд дар кораш фурсат гирифт, бо қарори ҳукумат аз мақом озод шуд. Дар қарор иллати барканорӣ "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст. Бо гузашти тақрибан даҳ рӯз маълум нест, Абдуфаттоҳи Ғоиб корро дар куҷо ва дар чӣ мақоме идома хоҳад дод.

Раҳбарияти нави Хадамоти гумрук низ рӯзи 26-уми январ дар нишасти матбуотӣ нагуфтанд, ки феълан ӯ дар куҷост. Аммо дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ ки чаро аз мақом озод шуд?, гуфтанд, "ӯ ба хотири воридоти гӯшти пастсифати мурғ огоҳӣ гирифта буд".

Турсунзода: Гӯшти пастсифати мурғ мушкили соли 2017 буд

Азим Турсунзода
Азим Турсунзода

Азим Турсунзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, гуфт, масъалаи воридоти гӯшти пастсифати мурғ аз мушкилоти аслӣ дар соли гузашта буд. "Чанд мақомот огоҳӣ гирифтанд, баъзеҳо аз вазифа озод карда шуданд. Ин масъалаи бениҳоят ҷиддӣ аст. Ҳоло ҳам ин мушкил вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Гӯшти мурғ ба карйераи Абдуфаттоҳи Ғоиб нуқта гузошт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Бо ин ҳол, Турсунзода аз Абдуфаттоҳи Ғоиб шахси кордон тавсиф кард ва гуфт, бовар дорад, ки ӯ дар мақоми нави худ муввафақ хоҳад шуд. Ӯ афзуд, "мо бовар дорем, ки роҳбари бениҳоят баобрӯ буданд, донишманд буданд, корашон самарбахш буд. Мо бовар дорем, ки дар дигар мақомот низ раҳбар мешаванд ва ба корҳои худ идома медиҳанд."

Абдуфаттоҳи Ғоиб дар се моҳи ахир ду дафъа мавриди интиқоди шадиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифт. Бори аввал моҳи ноябри соли гузашта дар қатори вазири собиқи молия танбеҳ шунид. Баъдан, дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январи имсол раиси ҷумҳур аз кори раҳбарияти Хадамоти гумрук башиддат интиқод кард ва "иҷро нашудани нақшаи даромади боҷи гумрукӣ, ба фасод даст задани кормандони Хадамоти гумрук, назорати нокифояи фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва воридоти маҳсулоти гӯштии пастсифат"-ро далел пеш овард.

Се сол дар мақоми раиси Хадамоти гумрук

Нишасти хабарии мақомоти Хадамоти гумрук. Рӯзи 26-уми январи 2018
Нишасти хабарии мақомоти Хадамоти гумрук. Рӯзи 26-уми январи 2018

​Абдуфаттоҳи Ғоиб се сол пеш ба Хадамоти гумрук аз курсии раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия омада, дар ин мақом ҷойгузини Рустами Эмомалӣ - писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон шуд. Ҳарчанд ӯ гуфта буд, ки соҳаи гумрук барояш ошност, зоҳиран се соли раҳбарӣ барояш чандон осон набуд. Аз як тараф даромади боҷи гумрукӣ кам шуд ва аз тарафи дигар масъалаи воридоти маҳсулоти пастсифати гӯштӣ дарди сар гардид.

Тарҷумаи ҳол:

Абдуфаттоҳи Ғоиб (қаблан Фаттоҳ Саидов), генерал-майори адлия, соли 1962 дар деҳаи Хушобаки ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1984 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолиятро дар шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шурӯъ намуд.

Сипас, мактаби олии милиса дар шаҳри Саратови Русияро хатм мекунад. Солҳои 1994 -1995 барои кор ба шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон даъват мешавад. Соли 1996 сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии шӯъбаи умури дохилии шаҳри Исфара таъйин мешавад.

Аз соли 1998 то 2002 фаъолиятро ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Идораи умури дохилии шаҳри Душанбе идома медиҳад. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилаи пойтахт кор мекунад. Моҳи июни соли 2009 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин мешавад. Аз моҳи марти соли 2015 то 19-уми январи 2018 сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG