Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Президент гуфт, ки тағйироти кадрӣ мешавад". АКС


Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ расман бидуни кадом тағйироти кадрӣ ба поён расид. Аммо яке аз иштирокдорони ҷаласа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки президент ваъда додааст, "ба зудӣ тағйироти кадрӣ хоҳад шуд". Носирҷон Салимзода, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, гуфт, "дар ҷараёни ҷаласаи ҳисоботии ҳукумат тағйироти кадрӣ нашуд. Раиси ҷумҳур дар сухани ниҳоӣ гуфт, ки бархе аз мансабдорон вазифаи худро тарк мекунанд ва ин хабар тавассути расонаҳои расмӣ эълон хоҳад шуд."

Қарзи маош дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав... ва истифодаи ғайриҳадафмандонаи пули буҷетро аз камбудҳои вазири молия баршумурдааст.

Инчунин, ба қавли ҳамсуҳбати мо, чанде аз мақомдорон барои камбуд дар фаъолияташон сарзаниш шуда, барои ислоҳи "хатояшон" дастур гирифтаанд.

"Камбудҳоро ислоҳ кунед"

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон низ шоми 18-уми январ бо нашри хулосаи ҷаласа иктифо кард ва дар бораи тағйироти кадрӣ ё эҳтимоли барканорӣ ё таъйини баъзе аз мақомдорон чизе нагуфт.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Ин ҷаласа субҳи панҷшанбе оғоз ёфта, то бегоҳӣ идома кард. Бино ба навиштаи хадамоти матбуоти президент, дар ҷаласа аз ҳисоботи нахуствазир Қоҳир Расулзода то гузориши вазири молияву раиси кумитаи андоз, хадамоти гумрук, раҳбари Бонки миллӣ, раиси шаҳри Душанбе вазири умури дохилӣ ва додситни куллу дигарон шунида шудааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, баҳси раиси ҷумҳур дар ин ҷаласа асосан сари масоили иқтисодӣ ва пур нашудани бахшҳое аз буҷети соли гузашта буд.

Абдусалом Қурбониён
Абдусалом Қурбониён

Ба ин далел, аз ҷумла ба вазири молия Абдусалом Қурбониён дастур шудааст, ки камбудҳои худро ислоҳ кунад. Эмомалӣ Раҳмон иҷрои нокифояи қисми даромади буҷети давлатӣ, қарзи маош дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, истифодаи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои буҷетӣ, назорати ғайриқаноатбахши истифодаи маблағҳо, сари вақт пардохт нагардидани қарзҳо аз ҷониби субъектҳои қарзгир аз камбудҳои вазири молия баршумурдааст.

"Нақшаи гумрук ва андоз иҷро нашуд"

​Дар мавриди иҷро нагардидани нақшаи 4 намуди андоз ва ба буҷети давлатӣ ворид нашудани 400 миллион сомонӣ ба раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода низ дастур шудааст, ки ин камбудро ислоҳ кунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз кори раҳбарияти Хадамоти гумрук ҳам интиқод карда, "иҷро нагардидани нақшаи даромади боҷи гумрукӣ, ба фасод даст задани кормандони Хадамоти гумрук, назорати нокифояи фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва воридоти маҳсулоти гӯштии пастсифат”-ро ба унвони далел овардааст.

"Як нафар ба 263 ҳазор доллар замин фурӯхтааст"

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҳисоботаш масъалаи тақсими нодурусти заминро матраҳ кардааст. Ӯ гуфтааст, танҳо раиси як идораи вобаста ба Вазорати кишоварзӣ беш аз 12 гектар замини ин муассисаро дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба қимати 263 ҳазор доллар “ба мардум фурӯхтааст”. Дар масъалаи риояи қонуни танзим, додситони кул гуфтааст, “аз ҷониби мақомот беш аз 500 нақзи қонун ошкор ва беш аз 300 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.”

​Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз сабти беш аз 20 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла “амалҳои террористиву экстримистӣ, куштор, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, нашъамандӣ ва қочоқи маводи мухаддиру истифодаи ғайриқонунии силоҳ” хабар додааст. Дар ин маҷлис раиси Бонки Миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва раиси “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода низ ҳисобот дода, барои ислоҳи камбуди соҳа муваззаф шудаанд.

"Гӯшу ҳуш ба тағйирот буд"

Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

Аммо чашму гӯши бисёриҳо ба ин маҷлиси солона барои он дӯхта шуда буд, то бифаҳманд, ки имсол кӣ аз мақомаш барканор ё соҳиби мансаб хоҳад шуд. Ҳар сол дар остонаи ҷаласаи солонаи ҳукумат дар матбуот аз зарурати тағйироти кадрии ҷиддӣ сӯҳбат мешавад. Ин мавсим дар расонаҳои маҳаллӣ “дилзанак” таъбир мешавад, чунки аксари мансабдорони баландпоя то итмоми ҷаласаи солона нигарони сарнавишти мақоми худ боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG