Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози фаъолияти нахустин зоишгоҳи пулакӣ


Феълан хоҳишмандони таваллуд дар ин бахш хеле кам аст.
Феълан хоҳишмандони таваллуд дар ин бахш хеле кам аст.

Дар Тоҷикистон нахустин таваллудхонаи расман пулакӣ, ба фаъолият оғоз кард.

Ин таваллудхонаи пулакӣ дар зоишгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе ташкил гардида, ҳаққи ба дунё овардани тифл дар он аз 430 то 480 доллари амрикоӣ мебошад.

Шамсиддин Қурбонов, раҳбари Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии акушери гинекологии Тоҷикистон мегӯяд, дар утоқҳои вижаи таваллуд модару кӯдак аз ҳама чиз, ғизои хубу муносиб, либос ва ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳанд буд: «Ин бахш расман пулакӣ таъсис ёфтааст. Масалан шумо беш аз 400 доллар дар касса месупоред ва як тори ришта бо худ намеоред. Лавозимоти зарурӣ ин ҷо аз ҷониби зоишгоҳ барои шумо дода мешавад. Бо ин занон метавонанд яке аз наздиконашон бимонанд. Дар толорҳои пешина занон таваллуд карда, 2 соат пас ба палата гузаронида мешаванд. Дар маркази нав зан аз аввал то охир дар як утоқ мемонад. Яъне аслан зани таваллудкарда ташвиш дода намешавад.»

Гулҷаҳон Давлатова, мудири шӯъбаи таваллуд дар зоишгоҳи рақами як мегӯяд, занони зиёде хоҳиши таваллуд дар алоҳидагӣ ва бо хизматрасонии вижаро доранд. Ҳарчанд ҳоло утоқҳои ин бахши вижа холиянд, хонум Гулҷаҳон бовар дорад, ки бо огоҳ шудани мардум аз ин навъи хизматрасонӣ, шумораи муштариён зиёд хоҳад буд:

«Марказ махсус барои табақаи занҳое, ки мехоҳанд таваллуди онҳоро касе набинад, аз дигар занҳо ҷудо бошанду мавриди таваҷҷӯҳи бештар қарор гиранд, кушода шуд. Шароит дар дигар утоқҳои таваллудхонаи мо ҳам бад нест, аммо ин ҷо албатта фарқ мекунад.»

Таъсиси утоқҳои вижа ва пулакӣ барои таваллуд дар кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки шикоят аз шароити бади таваллудхонаҳо, муносибати духтурон ва ришваю фасод зиёд аст. То имрӯз расман харҷи таваллуди бемушкил дар зоишгоҳҳо бештар аз 100 сомонӣ муайян шудааст, аммо дар амал аз таваллудкунандагон ба маротиб бештар маблағ меситонанд.

Ҳамида, як мусоҳиби мо мегӯяд, ахиран хоҳараш дар яке аз зоишгоҳҳо барои таваллуд 200 доллар сарф кард. Ӯ мегӯяд феълан қариб ҳамаи зоишгоҳҳо ба ивази пул хизмат мерасонанд: «Ҳар касе, ки маблағи бештар медиҳад таваҷҷӯҳ ба ӯ зиёд аст, касе ки шароити хуб надорад, ба ӯ камтар аҳамият медиҳанд. Таваллуди хоҳари ман каме вазнин гузашт ва танҳо барои наркоз беш аз 200 сомонӣ пардохт кардем. Ба ҳайате, ки дар рафти таваллуд ширкат карданд, зиёда аз 80 сомонӣ додем. Хулоса ягон чӣ бепул нест, шурӯъ аз воридшавӣ ба таваллудхона ҳама чӣ пулакӣ аст. Масалан, ҳар барои хабаргирии бемор фақат барои бахил, пойпӯши салафанӣ як сомонӣ бояд пардохт кунӣ.»

Дар ҳамин ҳол Мақсад Муродова, як модар иддао дорад, ки духтараш метавонист бе ягон мушкил таваллуд кунад, аммо пизишкон ба хотири дарёфти пули бештар ҷони ӯро дар хатар гузошта ҷарроҳияш карданд. Ба қавли ӯ, чунин ҷарроҳиҳо ба хотири пул дар зоишгоҳҳо то рафт бештар мешаванд: «Ҳамаш хуб буд, аммо онҳо интизор нашуданд, ки духтарам бо дарди худ таваллуд кунад. Гуфтанд, ҷарроҳӣ кардан даркор. Ҳатто мешунидем, ки як ҳамшираи шафқат
а момодоя мегуфт, бояд каме интизор шавем, аммо духтур ин корро накард. Дар чанд муддати дар зоишгоҳ буданам, қариб 5 духтарро ба таваллуди маҷбурӣ, яъне тавассути ҷарроҳӣ водор карданд. Занон баъд аз ҷарроҳӣ танҳо як бори дигар таваллуд карда метавонанд ва он ҳам бо хатари зиёд. Баъдан ҳамон духтурро барои ин рафтор ва ришвахориаш боздошт карданд, аммо ҳоло боз дар ҷои худ кор карда истодааст.»

Дар ҳамин ҳол бархе аз занон мегӯянд, дар шароити мавҷудаи табобатхонаҳои Душанбе, додани пули зиёд кафили табобати босифат нест. Манзума, ки бояд 1 моҳ пас модар шавад, мегӯяд, харҷи зиёд ҳамоно наметавонад, касро эмин дорад. Вай чанде пеш дар яке аз марказҳои тиббии гаронарзиш ба як бемории сироятӣ мубтало шудаст.«Ҳафт моҳ пеш ба яке аз беморхонаҳои машҳуру қимати шаҳр муроҷиат кардам, ки он ҷо фақат як қабули духтур 40 сомонӣ аст. Тақрибан 300 сомонӣ фақат барои ташхис масраф кардам, аммо баъдан маълум шуд, ки аз асбобҳои онҳо ба бемории гепотити B гирифтор шудам. Барои ҳамин ба шароитҳои гӯё хуби чунин беморхонаҳои гаронарзиш ҳам дигар бовар надорам.»
XS
SM
MD
LG