Фирӯз Табарови 27-сола, писари адвокати маъруфи тоҷик Исҳоқ Табаров аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ваҳдат барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба сендаҳуним сол ба зиндон маҳкум шуд.
Исҳоқ Табаров рӯзи 15 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати писараш Фирӯз рӯзи панҷшанбеи 11-уми феврал содир шудааст. Вай ҳукми додгоҳ дар нисбати фарзандашро "бераҳмона" хонд.
Писари Исҳоқ Табаров барои ташкил ва ширкат дар созмони эекстремистӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия гунаҳкор дониста мешавад. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, ки аз ҳаққи писари маҳкумшудааш дар додгоҳ ҳимоя мекунад, "Фирӯз Табаров, шоми 3 июли соли 2015 дар масҷиди марказии шаҳри Ваҳдат ба таври ғайриқонунӣ дастгир шуда, дар пайи шиканҷаву зӯроварии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин гуноҳро ба дӯш гирифтааст."
Дар парвандаи писари Исҳоқ Табаров 3 ҷавони дигар -- Ашӯр Арипов, Раҳимзода Далери Ҷалолиддин ва Сайвалӣ Назаров ҳам ҳамроҳ ҳастанд, ки аз 13 то 14 сол маҳкум шудаанд. Онҳо дар тарғибу ташвиқи ақидаҳои равияи дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия муттаҳам дониста мешаванд. Исҳоқ Табаров афзуд, писари ӯ Фирӯзро ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористӣ ва мусоидат дар ҷалбу фиристодани ҷавонон ба ҷанги Сурия, айбдор медонанд.
Худи Исҳоқ Табаров мегӯяд, ҳама айбе, ки нисбати писари ӯ эълон мешавад, “бидуни ягон далели қатъӣ, фақат бар пояи шубҳаву гумонанд”. Ӯ ба ҳайси вакил зимни суханрониаш дар мурофиаи додгоҳии писари худ ба ин нуқта таъкид карда, хостааст бо сабаби набудани ҳодисаи ҷиноят, зерҳимоя ва писараш сафед карда шавад.
Фирӯз Табаров 27 сол дошта, ба гуфтаи падараш, вазъияти молӣ имкон надодааст, то таҳсилашро дар мактаби олӣ идома бидиҳаду соҳибихтисос шавад. Ӯ мисли ҳазорҳо ҷавони дигар бештар дар муҳоҷират будааст. Исҳоқ Табаров таъкид мекунад, ки писараш ҳарги ақидаҳои эктремистӣ надошт.
Ба гуфтаи вакили дифоъ, фарзандаш замоне боздошт шуд, ки гӯё барои як зани тоҷик ҷиҳати сафар ба Сурия назди шавҳараш санадҳои заруриро омода ва кӯмак мекард. Аммо ба гуфтаи вакили дифоъ ва падари айбдоршаванда, Фирӯз баръакс аз сафари ин зан ба Сурия ҷилавгирӣ карда, шиносномаи ӯро пора намудааст ва ба хонаводаи зан барои пешгирии ин сафар ин хабарро расонидааст.
Исҳоқ Табаров аз баҳори соли 2013 ба ин сӯ аз ҳаққи Зайд Саидов ва наздиконаш дар додгоҳ ҳимоят мекунад. Дар оғоз ӯро дар ин кор Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров низ ҳамроҳӣ доштанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳама фишору таъқибе, ки ба ӯ ва наздиконаш сурат мегирад, ангезаи сиёсӣ дошта, ба фаъолияти касбиаш рабт дорад.
Ӯ дар мурофи додгоҳии писараш гуфтааст “Медонам ҳар чӣ ки нисбати ману наздиконам ҳаст, танҳо бо вобаста ба вазъи сиёсии кишвар метавонад дарку маънидод шавад.... Танҳо ман мондам дар канори Зайд Саидов, ману хатар ва қисмати пуршӯрам , ки худаму пайвандонамро барои фаъолияти касбиам домангиранд.”
Вакили дифоъ мегӯяд, баъди дарёфти ҳукми додгоҳии писараш Фирӯз Табаров, алайҳи он ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.