Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Зайд Саидов: Аз ман қасос гирифта истодаанд


Вакили мудофеъ Фахриддин Зокиров, ки бо гумони “қаллобӣ” боздошт шудааст, гуфтааст, ин иттиҳом қасоси мақомот барои шикоятест, ки онҳо алайҳи раиси Оҷонсии зиддифасод ба додгоҳ бурдаанд.

Вакили мудофеъи тоҷик Фахриддин Зокиров, ки бо гумони “қаллобӣ” боздошт шудааст, гуфтааст, ин иттиҳом сохта ва қасоси мақомот барои шикоятест, ки ӯву ду вакили дигари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов алайҳи раиси Оҷонсии зиддифасод ба додгоҳ бурдаанд.

Шӯҳрат Қудратов
, яке аз вакилони дигари Зайд Саидов рӯзи 9-уми март ба Озодӣ гуфт, боздошт рӯҳияи Фахриддин Зокировро нашикастааст ва онҳо ба мубориза идома хоҳанд дод. Ба гуфтаи оқои Қудратов, дар ҳоли ҳозир ба ғайри аз ӯву Исҳоқ Табаров, ки якҷо бо Зокиров аз Зайд Саидов ҳимоят мекарданд, аз манфиатҳои Фахриддин Зокиров бо 4 вакили мудофеи дигар аз Коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе ҳимоят мекунанд.

Мусоҳиби мо афзуд: “Фахриддин Зокиров раиси коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе буд ва 4 шогирдаш аз ин коллегия ба мо дар роҳи ҳимоят аз ӯ ҳамроҳӣ мекунанд. Зокиров, ба ин тартиб, ҳоло 6 вакил дорад.”

Фахриддин Зокиров шаби 6 ба 7 март аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд. Мақомот алайҳи ӯ тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) парванда кушодаанд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 7 март ҳукми ҳабси думоҳаи ин вакили мудофеъро содир кард.

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, “азбаски мо раиси Оҷонсии мубориза бо фасод Абдуфаттоҳи Ғоибро ба додгоҳ додем, аз як баҳси шаҳрвандӣ, ки баҳсаш алакай як сол боз дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон идома дошт, парвандаи ҷиноӣ сохта, Фахриддин Зокировро пушти панҷара шинонданд. Ин тамоман ба ягон меъёри қонунгузорӣ дуруст намеояд.”

Манобеъи Озодӣ мегӯянд, асли моҷаро 1 миллион доллар қарзест, ки як ширкати марбут ба Фахриддин Зокиров ҳанӯз дар соли 2011 аз “Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст. Даъвои мақомот ин аст, ки ширкати Зокиров дар баргардондани тақрибан 30 дарсади боқимонда аз ин маблағ таъхир мекунад.

Аммо вакилони ӯ мегӯянд, ширкати Зокиров дар вақти гирифтани қарз як корхонаи пахтаро ба гарав гузошта буд ва 70 дарсади қарзро алакай пардохтааст. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд: "Фақат ягон 30 фоизи ин қарз монда буд, ки онҳо тибқи нақша онро ҳам пардохт карда истодаанд. Вале инро баҳона карда, Зокировро ба қаллобӣ айбдор карданд.”

Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб
Дар моҳи январ раиси Оҷонсии мубориза бо фасод Абдуфаттоҳи Ғоиб дар нишасти хабариаш вакилони Зайд Саидовро айбдор кард, ки ба хотири пуле ки аз хонаводаи ин соҳибкор мегиранд, воқеъиятҳоро таҳриф мекунанд. Вакилони Саидов ба дунбол раиси Оҷонсиро ба таҳқири шахсияти худ айбдор карда, гуфтанд, ки ба додгоҳ шикоят мебаранд.

Дар поёни моҳи феврал вакилони Зайд Саидов бо нашри як изҳороти расмӣ гуфта буданд, ки ба ҷони онҳо таҳдид мешавад ва аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов ахиран аз рақами телефонии 915651308 бо чунин мазмун паёмак гирифтааст: “Гуш к т да серуз вакт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таерита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.

Вакилони Саидов гуфта буданд, ки дар пушти ин таҳдидҳо зоҳиран Оҷонсии зиддифасод истодааст, ки мехоҳад монеъи даъвои додгоҳии онҳо бо раиси ин ниҳод Абдуфаттоҳи Ғоиб шавад. Аммо мақомоти Оҷонсӣ гуфтанд, ки ҳамчун як ниҳоди давлатӣ аз чунин шеваҳо аслан кор намегиранд ва даъвои вакилон асос надорад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 6 март дар сомонааш хабар дод, ки даъвои Қудратов дар бораи паёмаки таҳдидомез собит нашудааст ва тибқи маълумотномаи ширкати «Tcell» дар таърихи 25 феврали соли 2014 умуман ба рақамҳои телефони мобилии охирин ягон паёмак ворид нагардидааст." Ин вазорат даъвоҳои дигари вакили мудофеъ дар бораи таҳти таъқиб қарор доштанашро ҳам бепоя номида, бар илова Қудратовро айбдор кард, ки бо мошинаш рӯзи 27 феврал дучори садама шуда, вале ҷабрдидаҳоро таҳқир ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Аммо худи ҳамон шаби 6 ба 7 март боздошт шудани Фахриддин Зокиров ва он ҳам бар пояи як баҳси молӣ бисёриҳоро ба андешае бурд, ки таҳдидиба кариби пеши хаму зайдт мередар мисоли ин вакили Зайд Саидов зоҳиран ҷомаи амал мепӯшад.

Зайд Саидов
Зайд Саидов
Фахриддин Зокиров, Шӯҳрат Қудратов ва Исҳоқ Табаров аз Зайд Саидов - соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон ҳимоят мекарданд. Саидови 54-сола моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав боздошт ва моҳи декабр бо ҷароими сангине, чун ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Зайд Саидов ва тарафдоронаш таъқибу боздошт ва ҳукми ӯро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои азми сохтани ҳизби сиёсӣ мешуморанд.

Боздошти ин вакили мудофеъ ба мавҷи маҳкумиятҳо дар миёни адвокатҳои тоҷик рӯбарӯ шудааст. Коллегияи адвокатҳои “Сипар” боздошти Фахриддин Зокировро маҳкум карда, аломати таъқиб барои фаъолияти касбии ӯ ба ҳайси вакилии мудофеъ номид. Ин созмон аз ҷомиа хостааст, ки нисбат ба ин қазия хомӯш набошанд.

Ҳуқуқдони тоҷик Шокирҷон Ҳакимов дар вокуниш ба боздошти ин вакили мудофеъ гуфт, боз ҳам навиштаҳои Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ дар бораи қозиҳои давраи феодалиро тасаввур мекунам ва ба чунин хулоса меоям ки аслан воқеияти имрӯзаро низ инъикос менамояд.”

Бо гузашти инак 4 рӯз аз боздошти Фахриддин Зокиров мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасод ин қазияро то ҳол шарҳ надодаанд.
XS
SM
MD
LG