Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Исҳоқ Табаров ба "зархаридӣ" муттаҳам шуд


Исҳоқ Табаров аз баҳори соли 2013 боз аз ҳаққи Зайд Саидов ва наздиконаш дар додгоҳ ҳимоят мекунад
Исҳоқ Табаров аз баҳори соли 2013 боз аз ҳаққи Зайд Саидов ва наздиконаш дар додгоҳ ҳимоят мекунад

Мақомот писари яке аз вакилони дифои Зайд Саидовро барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" муттаҳам кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат, 25-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, қарор аст, дар нимаи дувуми 5 январ ба баррасии парвандаи Фирӯз Табаров - писари Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов оғоз кунад.

Як мақоми Додгоҳи шаҳри Ваҳдат рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки писари Исҳоқ Табаров бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 401 (зархаридӣ) ва 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон) - муттаҳам мешавад.

Ин манбаъ гуфт, ки мурофиаи Фирӯз Табаров, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, бояд 4 январ оғоз мешуд, "аммо бо назардошти баъзе аз сабабҳои ҳуҷҷатгузорӣ ба рӯзи сешанбе гузошта шудааст ва интизор меравад дар нимаи дувуми имрӯз шурӯъ шавад". Ин мақоми Додгоҳи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад.

Бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба афроде, ки бо ин ҷурм айбдор дониста мешаванд, бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 7 то 15 сол бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад. Ва тибқи моддаи 307 бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 8 сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Фирӯз Табаров 6 моҳ қабл аз тарафи мақомоти интизомӣ барои омода кардани санадҳо барои як шаҳрванди Тоҷикикистон ҷиҳати сафар ба Сурия боздошт шудааст. Наздикони Фирӯз Табаров то лаҳзаи нашри хабар дар ин бора ибрози назар накарда ва гуфтанд, ки мавқеашонро баъд аз шурӯи мурофиаи додгоҳӣ баён хоҳанд кард.

Исҳоқ Табаров аз баҳори соли 2013 ба ин сӯ аз ҳаққи Зайд Саидов ва наздиконаш дар додгоҳ ҳимоят мекунад. Дар оғоз ӯро дар ин кор Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров низ ҳамроҳӣ доштанд. Аммо Фахридин Зокиров баъди боздошт ва раҳоии аввалааш ҳимоят аз Зайд Саидовро аз сар нагирифт ва Шӯҳрат Қудратов баъз аз зиндонӣ шуданаш ҳаққи дифоъ аз ин соҳибкор ва раҳбари зиндонии ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистони нав"-ро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG