Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони дифои Зайд Саидов ба СММ шикоят мебаранд


Вакилони дифои вазири пешини саноат Зайд Саидов дар робита ба қазияи зерҳимояашон ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят мебаранд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 22-юми январ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" бо таъйиди ин хабар гуфт, ки дар робита ба қазияи зерҳимояашон ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар муроҷиатнома омода мекунанд.

Зеро ба гуфтаи вакили дифоъ, онҳо ҳам ба Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл парулмон дар робита ба ин қазияи муроҷиат карда буданд, аммо дар ниҳоят Додгоҳи олӣ мавқеи худро рӯшан кард ва ҷавоби радд дод. Аз ин рӯ онҳо зарур мешуморанд, ки ба созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиат кунанд.

"ҲУКМ МАХФӢ БУДА НАМЕТАВОНАД"

Шӯҳрат Қудратов дар иртибот ба посухи раиси Додгоҳи олӣ дар хусуси дастрас накардани матни ҳукми нафари таҳти ҳимояташон гуфт, ки тибқи «Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ» ва дигар қонунгузориҳои Тоҷикистон, ҳукм махфӣ буда наметавонад. Вакили дифои Зайд Саидов афзуд, посухи раиси Додгоҳи олӣ, ки дирӯз дар сархати хабаргузориҳо меистод, як шарҳи ғайриқонунӣ буда, далели ба вакилони мудофеъ вогузор накардани матни ҳукми додгоҳ буда наметавонад: «Ҳукми додгоҳ дар Тоҷикистон ҳам дар чаҳорчӯбаи «Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ» ва дигар қонугузориҳои ин кишвар махфӣ буда наметавонад ва на танҳо суд, балки ҳеҷ ниҳоде ҳаққи оммавӣ накардани ҳукмро надорад.»

Шӯҳрат Қудратов дар идома гуфт, тибқи қонун ҳукм ягон вақт махфӣ намешавад, парванда ва маводхои он метавонанд махфӣ бошанд, аммо ҳукм махфӣ буда наметавонад ва аз ҳимоятчиён талаб кардани забонхат барои фош накардани мазмун ва мундаричаи ҳукм ғайриқонунӣ мебошад.

"ПАРВАНДА БЕҲАД ВАЗНИН БУД"

Ин дар ҳолест, ки Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ дар нишасти хабарияш дар Душанбе дар робита ба иддаои вакилони Зайд Саидов роҷеъ ба дастрас нашудани матни ҳукми зерҳимояашон, онро бепоя дониста буд. Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, матни пурраи ҳукми Зайд Саидов ба вакилонаш аз тарафи додрас Шавкат Абдулхайров пешниҳод гардид, аммо онҳо аз навиштани баёнот сарпечӣ карданд, зеро онҳо мебоист ҷузъиёти ҳукми Додгоҳи олиро оммавӣ намекарданд, чун "парванда беҳад вазнин буд."

Вакилони дифои соҳибкори шинохта Зайд Саидов дар авоили моҳи ҷорӣ номаи шикоятии худро дар нисбати додрас Шавкат Абдулхайров ба Додситонии кулл, Додгоҳи олӣ ва ба парлумони кишвар ирсол доштанд. Ба гуфтаи вакилони дифои Зайд Саидов, тибқи моддаи 350-и Кодекси мурофиаи ҷиноӣ, додрас муваззаф буд, ки пас аз 5 рӯзи содир шудани ҳукм, ҳалномаи додгоҳро ба шахси маҳкум ва вакилони мудофеи он супорад, вале аз рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов аз ин бештар вақт сипарӣ шуд ва онҳо ҳукмро нагирифтанд, чунки судя Абдулхайров талаб карда буд, қабл аз гирифтани ҳукм вакилон забонхат нависанд, ки ҳукмро ифшо намекунанд.

Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, додрас дар ҷараёни тафтишоти парванда тибқи моддаи 177 Кодекси мурофиаи ҷиноӣ ҳақ дорад, ки аз махфӣ будани парванда ва барои ифшо накардани ҷузъиёти ҷараёни тафтишот вакилони мудофеъро огоҳ созад ва баёнот гирад, аммо пас аз содир шудани ҳукм, дигар ҳеҷ кас ҳамчунин ҳақро надорад.»

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр, баъди севуни моҳи муҳокимаи пушти дарҳои баста, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе аз 12-уми сентябр идома дошт, соҳибкори шинохта Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG