Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи 14 ҳамдасти Ҳоҷӣ Ҳалим дар Хатлон


Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон.
Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон.

Мақомоти интизомӣ дар Хатлон мегӯянд, ки 14 сокини ин вилоят барои ҳамдастӣ дар ошӯби муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Мақомоти қудратӣ дар ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ки 43 сокини вилояти Хатлон дар задухӯрдҳои моҳи сентябр бо раҳбарии муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдулҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар Душанбе ва Ваҳдат, даст доштаанд.

Як манбаъ аз раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 21 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 23 нафари ҳамдастони Абдураҳим Назарзода боздошт гардида ва шаш тани дигарашон тайи амалиёт кушта шуданд. Ин манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки 14 нафар аз ҳамдастони Абдуҳалим Назарзода ҳоли ҳозир дар кофтуков қарор доранд. Ба гуфтаи манбаъ, ба эҳтимоли зиёд ин афрод дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Мақомоти қудратӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳамчунон мегӯянд, дар баробари ҷустуҷӯи ҳамдастони Хоҷӣ Ҳалим, афроде дигареро, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, мавриди кофтуков қарор доданд, ки дар миёни онҳо ҳамдастони сарҳанги исёнгар Маҳмуд Худойбердиев, низ ҳастанд.

Субҳи 4 сентябри соли 2015 афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи вижаи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бор карданд ва гуфтанд, ки ӯ аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифин гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода, ба исёни мусаллаҳона омодагӣ мегирифт.

Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит дар тақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд. Амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид. Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта ва беш аз 150 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб дастгир шуданд.

Дар пайи хунсо шудани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр расман манъ карда шуд. Ба дунбол, даҳҳо тан аз аъзои ҲНИТ, ба шумули 23 узви раёсати он боздошт шуданд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ пас аз мамнӯъ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ гуфт, ки ӯву ҳизбаш дар ршӯби Назарзода даст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки “ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем."

XS
SM
MD
LG