Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки маъмурони пулис ҳодисаи куштори як духтари ноболиғ дар шаҳри Турсунзодаро пинҳон накарда ва ҳамчун худкушӣ сабт нанамудаанд. Вазорат рӯзи 7 март аз ин духтар И.Н. ном бурда ва гуфт, "аз рӯзи аввали ҳодиса кормандони шӯъбаи умури дохилии Турсунзода онро пайгирӣ намуда, бевосита дар якҷоягӣ бо мақомоти Прокуратура дар кушодани ҷиноят иштирок карданд." Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, баръакс, онҳо рӯзи 9 феврал чанд нафари гумонбарро ошкор ва ба мақомоти додситонӣ пешниҳод кардаанд.
Парвандаи "иттилои бардурӯғ"
Додситонии ноҳияи Турсунзода рӯзи 6 март эълон кард, ки алайҳи мутахассиси ташхисгоҳи судии ноҳия барои нишондоди бардурӯғ дар бораи марги духтари ноболиғ як духтари ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мирзошариф Шарифзода, сарпрокурори шаҳри Турсунзода ба Радиои Озодӣ гуфт, коршиноси судии ташхисгоҳи ноҳия бар асоси моддаи 351-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ё дидаю дониста хулосаи ғалат додани коршинос ҳангоми таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё дар суд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст. Ин модда то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Ҷаноби Шарифзода гуфт, номи корманди ташхисгоҳи
Баъди кӯшиши "худкушӣ" нишон додани ин қазия хешовандон ба додситонии кулл шикоят карда таҳқиқи мунсифонаи қазияи куштори духтар ва ҳам ба ҷавобгарӣ кашидани муттаҳами қатли ӯро талаб карданд
ҷиноӣ ба хотири халал нарасидан ба ҷараёни тафтишот пинҳон дошта мешавад.
Вай гуфт, ин ташхисгоҳ баъди омӯхтани ҷасади духтари ноболиғ дар ибтидо маълумот пешниҳод кардааст, ки гӯё ӯ худкушӣ кардааст, вале баъди мудохилаи додситонӣ ин ҳодиса аз нав ташхис карда шуд ва маълум шуд, ки ин ҳодиса куштор будааст. Мирзошариф Шарифзода афзуд, дар рӯзҳои наздик таҳқиқи парвандаи куштори духтари ноболиғ ба анҷом мерасад ва барои муҳокима ба додгоҳи ноҳия ирсол мешавад.
Рӯзи 22 феврал дар раёсати назорати тафтишоти пешакии Додситонии кулл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба амалкарди кормандони шӯъбаи дохилаи Турсунзода дар ин замина баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.
Коршиноси судии ташхисгоҳ ҷасади духтареро колбадшикофӣ ва ё экспертиза кардааст, ки ба гуфтаи мақомот ду наврас ӯро таҷовузи ҷинсӣ карда ва сипас куштаанд.
Қатли ваҳшиёнаи духтари 16-сола дар таърихи 2 феврали имсол баъди ду ҳафтаи рух доданаш аз забони додситони кулл Юсуф Раҳмон дар минбари Маҷлиси Миллӣ ҳамчун намунаи ҷинояти наврасон расонаӣ шуд.
Баъд аз он ки мақомоти интизомӣ марги духтарро худкушӣ сабт кардаанд, хешовандон ба додситонии кулл шикоят бурда ва хостаанд, қазия одилона таҳқиқ шавад ва гунаҳкорон ҷазо бигиранд.
Бархе дигар афроди огоҳ аз қазия он замон гуфтанд, азбаски наврасон аз кадом як хонаводаи сарватманд ва бонуфуз будаанд, талош кардаанд, то ҷиноят ошкор нашавад. Мақомот дар ин замина чизе нагуфтаанд ва ҳуввияти муттаҳамон ба ҷиноятро ҳам ошкор накардаанд. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ошкор кардани ному насаби ноболиғони гумонбар дар ҷиноят дар матбуот мамнӯъ аст.
Сабаби қатл – моҷарои ошиқона
Додситонии шаҳри Турсунзода мегӯяд, ки дар тафтиши пешакӣ маълум шуд, ки духтар қурбонии "моҷарои ошиқона" шудааст. Ба гуфтаи муфаттишон, робитаи ошиқонаи духтари 16-сола бо хонандаи синфи 11-и як мактаб баъдан ба ҷанҷол печидааст.
Ба гуфтаи Мирзошариф Шарифзода, сарпрокурори шаҳри Турсунзода гумонбар дар куштор – писарбачае будааст, ки дар мактабе таҳсил мекард, ки духтар то синфи 8-ум дар онҷо таҳсил кардааст.
“Духтар дар гуфтугӯҳои телефонӣ аз писар хоҳиш мекард, ки ба хонаи онҳо хостгор фиристад ва бо ӯ издивоҷ кунад, аммо писар дар посух гуфтааст, ки ҳоло талабаи мактаб аст ва баъди хатми мактаб дар ин бора фикр хоҳад кард”.
Духтар, эҳтимолан, бо андешаҳои ахлоқӣ ба писар гуфтааст, ки “муносибатҳои онҳоро ҳамаи мардуми деҳа медонанд, шармандагӣ аст ва духтар таҳдид мекунад, ки агар издивоҷ накунад, ба полис хабар медиҳад”.
Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон робитаи ҷинсӣ бо ноболиғон ҷиноят аст.
Бобои духтари кушташуда рӯзи 18 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тафсилоти лаҳзаҳои пеш ва баъди марги ӯро нақл кард:
Таҳдиди духтар аз шикоят ба полис
Ҷаноби Шарифзода мегӯяд, баъди таҳдиди духтар, "маъшуқи" ӯ дар фикри нобуд кардани духтар шуда ва бо машварат бо як ҳамсинфаш даст ба ҷиноят мезананд. Ба гуфтаи сарпрокурори шаҳри Турсунзода, ду гумонбари куштор аз рӯи боздошт шудаанд ва ба қатл муттаҳам мешаванд.
Хабари боз кардани парвандаи ҷиноӣ ба зидди корманди ташхисгоҳи судӣ дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки нашр мешавад, ҳарчанд иддаоҳо дар бораи "маълумоти бардӯруғ" додани коршиносони судӣ зиёд аст.