Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Дилорому фарзандонаш дар Конибодом


Як сокини ноҳияи Конибодом бо истифода аз табар зан ва ду фарзанди наврасашро ба қатл расондааст. Мақомот мегӯянд, ин ҳодиса баъд аз муноқишаи зану шавҳар барои харидани тӯҳфа сурат гирифтааст.

Баҳром Юлдошев -- сокини 38-солаи ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, ки ба наздикӣ аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба Ватан бозгаштааст, дар қатли ҳамсар ва ду фарзанди наврасаш айбдор мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Юлдошев рӯзи 30 январи соли ҷорӣ бо зарби табар ҳамсар ва кӯдаконашро куштааст.

“Рӯзи 30.01.2015 ҷасади Дилором Эргашева (соли таваллудаш 1976), сокини ҷамоати деҳоти Патари ноҳияи Конибодом бо фарзандонаш: Нурмуҳаммад Юлдошев, хонандаи синфи 5 ва Зарина Юлдошева, хонандаи синфи 1-уми мактаби таҳсилоти умумӣ дар хонаи истиқоматиашон бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар қисми сарашон дарёфт карда шуданд”,-омадааст дар иттилоияи Вазорати умури дохилӣ.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, маъмурони пулис баъд аз дарёфти ин хабар таъҷилӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, сабабу ҳолатҳои ҷойдоштаро омӯхтаанд: “Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар ин ҷинояти бераҳмона шаҳрванд Баҳром Юлдошев - шавҳари ҳамсари марҳум ва падари тифлакони маъсум дастгир гардид.”

Ба иттилои мақомот, муайян карда шудааст, ки Баҳром Юлдошев бо истифода аз табар ба сари ҳамсар ва фарзандони худ зарба зада, онҳоро ба ҳалокат расонидаву баъдан аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи чигуна рух додани ин ҳодиса мегӯяд, “ҷанҷоли оилавӣ барои маблағи пулӣ, яъне тӯҳфа харидан ба зодрӯзи бародари ҳамсар боиси содиравшии ҷинояти мазкур гардидааст.”

Ҳоло алайҳи Баҳром Юлдошев бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне куштор, парванда боз шуда, тафтиш идома дорад. Ӯ қаблан низ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум шуда, ба наздикӣ аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба кишвар омада будааст.

Куштор ба сари худ ҷинояти хеле сангин аст, зеро ҳар чунин ҷиноят ба риштаи умри дасти кам як инсон теша мезанад. Барои анҷоми ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз тамоми васоил - корд, табар, камон... - истифода мебаранд ва ба касе тараҳҳум надоранд, ҳатто ба падару модар, зан, шавҳар, ҷиян ва фарзанди худ...

Бино аб иттилои расмӣ, дар сеюним ҳафтаи моҳи январи соли ҷорӣ танҳо дар вилояти Суғд 7 куштор сабт шудааст ва аксаран кушторе, ки бо шеваи бераҳмона ва маъмулан дар пайи баҳсҳои ночизи маишӣ содир шудаанд. Солона дар Тоҷикистон бино ба ҳисобҳо, то 150 куштори барқасдона содир мешавад.

Равоншиносон чунин ҷиноятҳои бо бераҳмии гӯшношунид содиршударо аломати бераҳмтар шудани ҷомеа меноманд. Рӯҳониён ба ин таъкид мекунанд, ки ин ҳама натиҷаи аз Ислом ва арзишҳои динӣ дуру бехабар мондани бахусус қишри ҷавон аст. Мақомот аз бадтар шудани вазъи ҷиноӣ дар умум ва соҳибназарон аз эҳтимоли боз ҳам бадтар шудани ин вазъ дар пайи бозгашти даҳҳо ҳазор муҳоҷири бекормонда аз Русия ҳушдор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG