Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9,5 соли зиндон – барои тамошои навори Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим


Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон
Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Вахшро барои тамошо ва ташвиқи навори сӯҳбатҳои Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва "пайравӣ аз ақидаҳои ифротӣ" ба 9.5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукм моҳи апрели имсол содир шуда, мавриди иҷро қарор гирифтааст. Додгоҳ Алиҷон Шарипови 32-соларо, инчунин, барои тамошо ва тарғиби навори сӯҳбатҳои видеоии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон ва муттаҳам дар ошӯби мусаллаҳонаи соли 2015 гунаҳкор донист.

  • Мақомот дар Тоҷикистон ҲНИТ ва Назарзодаро масъули ташкили ошӯби мусаллаҳона бо ҳадафи кӯшиши табаддулоти давлатӣ унвон карда, ҳизбро мамнӯъ ва аъзои онро мавриди таъқиб қарор доданд.
На тарафдори ин ҳизб буду на узви он. Аз ноогоҳӣ чунин кор кардааст

Тамошову бознашри ҷаласаи раёсати олии ҲНИТ

Аз ҷумла дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, ки “Шарипов наворҳои видеоии ҷаласаи раёсати олии ҲНИТ дар ҳиҷрат (қисмҳои 1 ва 2)-ро тамошо карда, наворҳоеро бо ширкати Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ташвиқ кардааст, ки хусусияти тавсифӣ доранд”. Бо ҳукми додгоҳ, Алиҷон Шарипов барои “даъват ба экстремизм, даъват барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва фаъолият дар ҳизбҳои сиёсие, ки бо қарори додгоҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ дониста мешаванд”, гунаҳкор дониста шуд.

Темур Бойзода
Темур Бойзода

Худи Алиҷон Шарипов дар баёнияҳояш гуфтааст, ки воқеан ба тамошову бознашри наворҳо бо ширкати раиси ҲНИТ ва Абдуҳалим Назарзода машғул шуда, аммо намедонист, ки ин кораш ғайриқонунӣ ва ҷиноят аст.

Дар парвандаи Алиҷон Шарипов гуфта мешавад, ки ин ҷавон соли 2017 ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан пайваста наворҳои сӯҳбати Муҳиддин Кабириро сабт ва тамошо карда, зерашон тугмаи “класс”-ро зер мекард ва ё онҳоро бо дигарон мефиристод (“поделиться”) мекард.

Алиҷон Шарипов рӯзи 3-юми январ дар зодгоҳаш – деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш – боздошт шуд.

"Чӣ хел огоҳ набудааст?"

Темур Бойзода, додраси додгоҳи вилояти Хатлон, ки ин парвандаро баррасӣ кардааст, рӯзи 9-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “пас аз бозгашт аз муҳоҷират ин ҷавон ба таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротии худ идома додааст”.

Ӯ гуфт: “Дар мурофиа ба гуноҳаш иқрор кард, вале гуфт, ки намедонист, ин ҳизб дар Тоҷикистон экстремистиву террористӣ ҳисоб шуда, ташвиқи ақидаи онҳо ҷиноят ҳисоб мешавад. Албатта, надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Аз тарафи дигар, шабу рӯз тариқи телевизиону радио дар бораи хатари ин ҳизбу дигар гурӯҳҳои ифротӣ гуфта мешавад, чӣ гуна огоҳ набудааст?”

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Моҳи сентябри соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мамнӯъ ва террористиву экстремистӣ эълон кард. Масъулони ин ҳизб бо ҳукм ва ҳам иттиҳоми расмии зидди худ ва созмони сиёсиашон комилан розӣ нестанд ва мегӯянд, ошӯби Абдуҳалим Назарзода бо ҳадафи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун кардани ҳизби оппозитсионӣ ташкил шуд.

Ҳукмҳои сангини аъзои ҲНИТ

Дар пайи ин ҳаводис дар Тоҷикистон наздики 200 нафар, дар миёни онҳо беш аз сад узви ҲНИТ зиндонӣ шуданд. Дар миёни маҳкумшудаҳо ба мӯҳлатҳои сангини зиндон, аз ҷумла зиндони абад – 13 узви раёсати олии ҲНИТ мебошанд. Аксар фъолони ин ҳизб ва дигар созмонҳои оппозитсионӣ Тоҷикистонро тарк карданд. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ ҳам аз баҳори соли 2015 дар хориҷа ба сар мебарад ва гаҳ-гоҳе аз ташкили ҷаласаҳои ҳизбӣ ё ширкаташ дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Аврупо хабару гузоришҳо нашр мекунад.

​Аммо пайвандони Алиҷон Шарипов мегӯянд, ӯ воқеан ҳам дар бораи ин ҳизб ваё мамнӯъ будани тамошои наворҳои раҳбарони он чизе намедонист. Худойдод Аюбов, яке аз наздикони ӯ рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “Алиҷон дар бораи ин ҳизб ваё ҳадафҳои он чизе намедонист, мушкилаш ин буд, ки вақтҳои бекорӣ аз интернет онҳоро тамошо мекард. На тарафдори ин ҳизб буд ва на узви он. Аз ноогоҳӣ чунин кор кардааст.”

Дар ҳоле ки Шарипов барои бозбинии парвандааш дархост надодааст, ин ҳодисаи камназир аст, ки як додгоҳ дар Тоҷикистон барои тамошо ва бознашри сӯҳбатҳои видеоии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба зиндон меравад. Алиҷон Шарипов хатмкардаи донишгоҳ буда, падари се фарзанди ноболиғ аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG