Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт, ҳафтаи гузашта Интерпол номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз феҳристи афроде, ки шадидан ҷустуҷӯ мешаванд, берун кардааст.
Масъулони созмони Defending the Human Right to a Fair Trial, ки дар Белгияву Лондон қароргоҳ дорад, 28-уми феврал гуфтанд, "беш аз як сол зарур шуд, то “огоҳии сурх” (Red Notice) аз номи Муҳиддин Кабирӣ бардошта шавад.
Онҳо дар вебсайти расмии худ гуфтанд, Интерпол "ба суистифодаи Тоҷикистон аз системаи Red Notice посухи рад дод" ва Кабириро "ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ эътироф кард".
Номи Муҳиддин Кабирӣ соли 2016 вориди листи Интерпол шуда, чанд муддат дар вебсайти пулиси байналмилалӣ ҳам қарор дошт, аммо баъди чанде аз онҷо ғайб зад.
Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷустуҷӯи байналмилалии Муҳиддин Кабирӣ поён наёфтааст. Аввали соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи парвандаи ӯ дар ғайбаш шурӯъ кард.
Муҳиддин Кабирӣ, ки дар гузашта мақомоти тоҷик ӯро барои даст доштан дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам карда буданд, аз моҳи марти соли 2015 ба ин тараф дар хориҷ қарор дорад. Кабирии 53-сола соли 2006 дар пайи даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба раҳбарии ҳизби наҳзати исломӣ расид. Вай ду дафъа вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ буд.