Дар муқоиса ба соли гузашта сарвати Баффет ба 10 миллиард доллар афзоиш ёфт ва ҳамин тавр вай тавонист дар феҳраст ҷои аввалро ишғол намояд. Пеш аз ӯ дар тули 13 соли пайҳам дар зиннаи аввали феҳрасти Форбс таъсисдиҳанда ва яке аз соҳибони ширкати Майкрософт Бил Гейтс қарор дошт, аммо имсол Гейтс ҳамаги 2 миллиард доллари иловагӣ даромад кард ва дар сабқат танҳо ба ҷои севвум сазовор гардид.
Дастовардҳои бесобиқаи Баффет кайҳо ӯро ба як шахсияти афсонавии ҷаҳони молии Амрико табдил додаанд. Сарватмандтарин сокини дунё дар шаҳри Омахаи айолати Небраска, дар манзиле ки соли 1958 ба қиммати ҳамагӣ 31 ҳазор доллар харидорӣ карда, буд ба сар мебарад. Манзилаш панҷ утоқи хоб дорад ва масоҳаташ 557 метри мураббаъ будааст. Нархи имрузаи хонаи Баффет 700 ҳазор долларро ташкил медиҳад , ки барои Амрико нархи як манзили маъмулист, на нархи қасрҳои бошукӯҳе, ки одатан миллиардерҳо ба сар мебаранд.
Баффет бо хоксорӣ ва камхарҷӣ маъруф буда, манзилаш дар Омаха ҳатто девору дарвоза надорад. Худи Баффет танҳо мошинҳои сохти амрикоро харидори мекунад. Соли 2006 духтари Баффет барои падараш мошини тамғаи “Кадиллак”, ки тақрибан 42 ҳазор қиммат дорад харидорӣ кард.
Уоррен хатмкардаи мактаби бизнеси донишгоҳи Колубияи Ню-Йорк аст. Ӯ се фарзанд дорад. Соли 1965 Баффет ширкати нассоҷии “Беркшаер Ҳасавей”-ро харидорӣ кард ва то ҳол ин ширкат таҳкурсии бизнеси ӯро ташкил медиҳад. Соли 2007 нархи як саҳмияи ширкати “Беркшаер Ҳасавей” ба 150 ҳазор доллар баробар шуда буд.
Имрӯз ширкати Баффет бо сармоягузори ба бахшҳои гуногун машғул аст - аз риштаи суғурта то саноъати хӯрокворӣ. Гуфта мешавад, ки Баффет дар ширкатҳои “Кока Кола”, “Проктер энд Гембел” ва “Теско” ҳиссаи худро дорад. Соли 2006 Баффет эълон карда буд ки 80 дар сади саҳмияҳои ширкаташро барои корҳои хайрия сарф хоҳад кард.
Сарватмандтарин одами дунё ба таҳаввулоти сиёсӣ низ бефарқ нест. Дар ҳоли ҳозир Уоррен Баффет маъракаҳои интихоботии ҳарду довталаб ба номзадӣ мақоми раёсатҷумҳури аз ҳизби демократ Барак Обама ва Ҳиллари Клинтонро маблағгузорӣ мекунад. Ба ақидаи вай, ҳар кадоме аз ин ду нафар қодир ҳаст, раисҷумҳури хуби Амрико шавад.