Дар ин феҳраст исми танҳо ононе оварда шудааст, ки синнашон зери 25 аст ва аммо новобаста ба ҷавонӣ тавонистаанд, бо ҳунари худ миллионҳо доллар ба даст оваранд.
Аксариятро дар ин феҳраст занон ташкил медиҳанд, ба мисли овозхонон ва ҳунармандони синамо Аманда Байнс, Ҳиллари Даф, Линдсей Лоҳан, хоҳарон Мери Кейт ва Эшли Олсен. Масалан ин хоҳарони дугоник, ки ҳамагӣ 19 сол доранд, дар соли гузашта 21 миллион доллар даромад кардаанд, аммо на аз ҳисоби касби ҳунарманди синамо буданашон. Дар соли гузашта ин ҳар ду аслан дар ҳеҷ як филме нақш бозӣ накардаанд, даромади онҳо аз ҳисоби ҳамкорӣ бо ширкатҳои тавлиди атриёту таблиғот будааст.
Исми дигаре, ки дар феҳрасти сарватмандтарин ҷавонони маҷаллаи "Форбс" оварда мешавад ва барои сокинони Тоҷкистон низ бахубӣ ошно аст, Мария Шарапова, теннисбози рус аст. Мария ҳамагӣ 18 сол дорад ва аз рӯи синн хурдтарин сарватманди феҳрасти "Форбс" шинохта мешавад. Аммо дар тӯли танҳо соли гузашта заҳматҳои Мария дар мусобиқаҳои тенниси ҷаҳонӣ сарвати ӯро 18 миллион доллар афзун кардааст. Маҳз дар соли 2005 Маша барандаи ҷоизаи Уимблдон, бонуфузтарин сабқати теннисбозони ҷаҳон гардид ва инчунин назокату ҳусни зебои ин духтараки варзишгар дар соли гузашта шумори зиёди ширкатҳои таблиғотиро ҷалб карда ҳисоби бонкии ӯро низ ба истилоҳ тақвият додааст.
Исми варзишгари дигаре, ки тавонистааст дар соли гузашта ҳудудан 23 миллиоон долларро аз они худ кунад, Ле Брон Ҷеймс, баскетболбози маъруф аст. Дар маҷмӯъ ҳамаи 11 ҷавони сарватманди ҷаҳон дар соли гузашта 127 миллион доллар ҷамъ кардаанд.
Дар Тоҷикистон ҷавонон танҳо орзуи ҷамъ овардани миқдор сарватро мекунанд, чаро ки бино ба арзёбиҳои расмӣ, даромади ҳадди аққали сокинони Тоҷикистон рӯзона ҳудудан 1 доллари амрикоӣ аст. Даромади донишҷӯён бошад, ғолибан аз ҳисоби идрорпулӣ аст, ки моҳона ҳудудан 24 сомонӣ ё 8 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ва танҳо барои роҳкирои моҳонаи донишҷӯён кифоят мекунад.
Аммо дар айни замон, ҷавонони тоҷик аз як бахши ҳамсолонашон ном бурданд, ки ба назари онҳо, зиндагии беҳтар доштаанд. Ба саволи барномаи "Ояндасоз" оид ба ин ки "Ба андешаи шумо дар шароити кунунӣ чӣ касеро аз миёни ҳамсолонатон сарватманд гуфтан мумкин аст?", аксари ҷавобҳо тақрибан шабеҳи ҳам буданд:
фарзандони мақомоти баландпоя, онҳое, ки ба ғайр аз маош даромади дигар доранд, ҷавонони корманди ташкилоти ҷамъиятиву байналмилалӣ, ҳунармандони поп, соҳибкорон. Буданд нафароне, ки дар ин пурсиш ҷавонони соҳиби манзилу мошинҳои хориҷиро низ ба бахши сарватманди ҷавонони Тоҷикистон шомил карданд.
Аммо дар ҷараёни ин пурсиш, танҳо як нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки гуфт, барояш молу сарват ва ба вижа арзёбии дороиҳои нафари дигар ҳеҷ муҳим нест, муҳимтарин арзиши башарӣ ин ахлоқи ҳамидаву инсондустӣ аст, гуфт ин донишҷӯ.