Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллиардербачаҳои Русия


Маҷаллаи Финанс дар зинаи аввали феҳрасти худ Юсуф, писари 27 солаи мудири ширкати нафтии Лукойл Вагит Алиакбаровро ҷой додааст, ки ба гуфтаи нашрия меросбари беш аз 12 миллиард доллар хоҳад буд.

Аммо ду фарзанди чаҳор ва шашсолаи сарватмандтарин фарди Русия Олег Дерипаска, яке аз мудирони ширкати Русал дар зинаи дуввум ва саввум қарор гирифтаанд, зеро дар сурати тақсими мероси падар ба онҳо беш аз даҳ миллиарддоларӣ хоҳад расид.

Пас аз ин ду нафар, Екатерина ва Лора, духтарони Михаил Фридман, яке аз саҳҳомони аслии ширкати Алфа Груп дар зинаи чаҳорум ва панҷум омадаанд, ки дороии 14 миллиардолларии падар ба қавле насиби онҳо хоҳад шуд.

Аммо фарзандони сарватманди дигари Русия Олег Абрамович дар зинаҳои поёнтар ҳастанд, зеро онҳо панҷ нафаранд ва дар сурати тақсими мероси падар ба онҳо бештар аз чор миллиард долларӣ хоҳад расид.

Фарзандони тоҷири ӯзбакистонӣ Алишер Усмонов дар зинаҳои 34 ва 35 қарор гирифтаанд, зеро падарашон дар сурати тақсими мерос ба онҳо тақрибан 4 миллиардолларӣ дороӣ хоҳад гузошт.

Дар зинаи поёнтарини феҳраст ба қавле камбизоаттарин фарзанди сарватманди Русия духтари Михаил Балакин қарор гирифтааст, зеро аз ҳама камтар, яъне меросбари як миллиард доллар хоҳад буд. Падари ӯ соҳиби як ширкати бузурги сохтмонии мавсум ба Су 155 аст.

Нашрияи Финанс мегӯяд, фарзандони як идда аз миллиардерҳои Русияро ба феҳраст ворид накардааст, зеро агар миллиардҳои волидонашро миёни чанд фарзанд тақсим кунанд, онҳо миллиардер не, балки миллионер хоҳанд буд. Масалан, Дмитрий Ананёв - узви Шӯрои Федератсияи Русия, беш аз севуним миллиард доллар дороӣ дорад, вале аъзои хонаводаи онҳо чанд нафаранд, ба ҳамин хотир ба онҳо танҳо 900 миллиондолларӣ хоҳад расид.

Синну соли сарватмандтарин фарзандони Русия мухталиф аст ва аз ҳама бузургтарини онҳо 36 сол ва хурдтарини онҳо чаҳор сол дорад. Дар маҷмӯъ, дороии 70 нафар нафар сарватмандтарин фарзандони Русия 240 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Маҷаллаи Финанс навиштааст, ки ин фарзандони сарватманд соҳиби машғулиятҳои гуногун ҳастанд, ё тиҷорат мекунанд, ё ба таҳсил ба хориҷа рафтаанд. Аммо ба навиштаи маҷалла, аксари фарзандони сарватманд дар мактабу донишгоҳҳои мӯътабари ин кишвар таҳсил мекунанд, зеро барои волидон таъмини амнияти онҳо дар дохили Русия осонтар аст.
XS
SM
MD
LG