Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Тоҷикистон дар Тошканд. Созишномаи интиқоли газ ниҳоӣ мешавад


Гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Узбакистон барои азсаргирии интиқоли гази табиӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Дар назар аст, ки созишнома дар моҳҳои аввали соли оянда имзо шуда, интиқоли гази табии аз Узбакистон ба Тоҷикистон баъд аз шаш сол оғоз шавад.

"Ҳайат рӯзи сешанберо мунтазир нашуд"

Як масъули идораи “Тоҷикгаз” рӯзи 29-уми декабр бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Шавкат Шоимов, муовини аввали роҳбари ин ниҳод ба Тошканд рафтанд.

Узбакистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Точикистонро пурра қатъ карда буд.

Ба қавли манбаъ, ҳайати Тоҷикистон дирӯз 28-уми декабр ба вилояти Суғд парвоз карда, аз онҷо тариқи роҳи заминӣ ба Тошканд рафтанд. Парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд танҳо рӯзҳои сешанбе сурат мегирад ва ба қавли ҳамсӯҳбати мо дар идораи “Тоҷикгаз” ҳайат то он рӯз мунтазир намонд.

“Се-чор моҳ мешавад, ки гуфтушунидҳо идома доранд. Ҳама талош доранд, ки интиқоли гази табии аз Узбакистон ба Тоҷикистон дубора сурат гирад. Ҳайат ин субҳ ба Тошканд расид ва дар назар аст, ки пагоҳ ба Душанбе баргарданд,”-афзуд манбаъ.

Дар идораи “Тоҷикгаз” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гуфтушуниди ду ҷониб ба марҳилаи ниҳоӣ расида, ҳайатҳо то 30 декабр охирин ҷузъиётҳои онро баррасӣ мекунанд. Масъулони идораи “Тоҷикгаз” мегӯянд, созишномаи интиқоли гази табии аз Узбакистон ба Тоҷикистон созишномаи ҳукуматӣ буда, аз ин лиҳоз бояд дар як маросим бо иштироки роҳбарияти ду кишвар ба имзо расад.

"Газ ба танҳо ба корхонаҳо дода мешавад"

Масъулини идораи “Тоҷикгаз” мегӯянд, давоми як моҳи ахир ҳаҷми гази табиӣ барои корхонаҳои саноатиро дақиқ карда, ин маълумотро дар ихтиёри ҳайати Тоҷикистон гузоштанд. Ба қавли масъулин, дар навбати аввали гази табии аз Узбакистон ба корхонаи азотии Вахш, ТАЛКО, Маркази барқу гармидиҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе ва бархе аз корхонаҳои саноатии шимоли Тоҷикистон интиқол меёбад. Ҳамсӯҳбати мо дар идораи “Тоҷикгаз” мегӯяд, дар шароити ҳозир онҳо имкони якбора интиқол додани гази табиӣ ба манзилҳои сокинонро надоранд.

Зеро ба қавли ӯ, "давоми қариб шаш соле, ки интиқоли газ аз Узбакистон қатъ шуд, як қисми лӯлаҳои газ хароб шуданд ва ҳоло мо намедонем, ки чӣ миқдори онҳо ба талабот ҷавобгӯ аст. Баъзе шаҳрвандон манзилҳои худро таъмир карда, лӯлаҳоро шояд кандаанд. Агар ҳоло якбора ба интиқоли гази табиӣ ба манзили сокинон шурӯъ кунем, эҳтимол чандин ҳодисаҳои нохуш сар занад. Ба ин хотир дар навбати аввал танҳо интиқоли газии табии Узбакистон ба корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.”

Мақомоти тоҷику узбак дар ҳоле барои интиқоли гази табиӣ ба тавофуқ мерасанд, ки қаблан дар манотиқи маркази Тоҷикистон озмоиши лӯлаҳои интиқоли газ сурат гирифта буд. Бархе аз сокинони ноҳияи ғарби Тоҷикистон - Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, ки тариқи қаламрави онҳо лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ мегузарад, гуфтанд, ки масъулони идораи “Тоҷикгаз” қубурҳои газро санҷида, дастур додаанд, ки сохтмонҳои воқеъ дар болои хати лӯлаҳоро тахриб кунанд.

“Даъвати дубораи кормандон аз рухсатии бемузд”

Дар ҳамин ҳол идораи “Тоҷикгаз” як қисми кормандони худро, ки соли 2012 ба рухсатии бемузд равон карда буд, дубора ба кор даъват кардааст. Сироҷиддин Нодиров, як корманди идораи “Тоҷикгаз” мегӯяд, моҳи гузашта онҳоро ба кор даъват карда гуфтаанд, ки “фаъолияти “Тоҷикгаз” дубора ҷоннок карда мешавад.”

Ба қавли Сироҷиддин Нодиров, онҳо феълан ба тармими лӯлаҳои интиқоли газ машғуланд ва умедворанд, ки бо интиқоли дубораи гази табии аз Узбакистон кулли ҳамкорони собиқашон ба кор даъват мешаванд.

Дар пайи қатъи пурраи интиқоли гази табии аз Узбакистон ба Тоҷикистон идораи “Тоҷикгаз” бахши аъзами кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Гуфтушунидҳо барои интиқоли гази табии аз Узбакистон соли равон шуруъ шуда, даври дуюми он моҳи ноябр баргузор шуда буд. Дар даври дувуми музокирот, ки дар шаҳри Тошканд доир гардид ҷониби Узбакистон пешниҳод кард, ки Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ, ҳудуди 150 доллар маблағ пардохт кунад.

Интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон дар авоили соли 2012 ва замоне қатъ шуд, ки қимати онро ҳукумати вақти Ислом Каримов бо арзиши 370 доллар пешниҳод карда буд. Азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз қаламрави ҳамсоякишвари наздиктарини Тоҷикистонро бисёриҳо ҳамчун як рамзи сиёсии гармоиши робитаҳо истиқбол мекунанд.

Нархи осмонии газ дар гузашта

Узбакистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Точикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои як метри мукааб мефурӯхт. То соли 2012 Узбакистон ҳамасола ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро тадриҷан коҳиш дод, ҳарчанд дар оғози солҳои 2000-ум Тоҷикистон соле ҳудуди 1 миллиард метри мукааб газро аз ин кишвар харидорӣ мекард.

Дар ниҳоят, Узбакистон эълон кард, ки ба сабаби фурӯши миқдори зиёди гази табиӣ ба Русия ва Чин наметавонад дигар ин намуди сӯзишвориро ба Тоҷикистон содир кунад. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки то соли 2009 дар пасманзари сардтар шудани робитаҳои сиёсии ду ҳамсоя ва ҳам болоравии батадриҷи арзиши гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ Узбакистон қимати газро аз 150 доллари пешина як баробар афзоиш дод. Ин боз ҳамон замоне буд, ки ширкати русии “Газпром” бо Тошканд созишномаи харидории газ баст.

Чунин вазъият ҳукумати Тоҷикистонро водор кард, ки ба шеваи изтирорӣ ва сареъ фаъолияти корхонаҳои муҳими фаъол ба гази тибииро ба истифодаи ангишт гузаронад. Аз ҷумла, ширкатҳои бузурге ба монанди корхонаи алюминии “Талко” ва корхонаи тавлиди сементи Душанбе ба истифода аз таҷҳизоти ангишт гузаштанд.

XS
SM
MD
LG