Бо вуҷуди он, ки бархе аз муассисаҳои молии ҷаҳон дар робита ба нишонаҳои пасравии иқтисоди Узбакистонро хабарҳо пахш карда буданд, аммо мақомоти расмӣ дар Тошканд баъд аз поён соли 2015 ин нишонаҳоро пинҳон нигоҳ доштанд. Вале ин пасравӣ аз чашми ононе, ки аз наздик ба вазъи иқтисоди ин кишвар назорат мекунанд, пинҳон намонд.
Барои ҳукумати Узбакистон нигарониҳои иқтисодӣ масъалаи дараҷаи дувум мебошад ва онҳо аз таҳдидҳои тундгароии исломӣ бештар ҳушдор медиҳанд ва барои решакан кардани он дар қаламрави Узбакистон тадбирҳо меандешанд. Масъалаҳои амниятӣ барои Ислом Каримов, раиси ҷумҳури ин кишвар ҳамеша масъалаи муҳим будааст ва дар давоми соли 2015 ҳукумати вай бо баъзе муҳоҷирони кории бозгашта мубориза мекард, ки гӯё онҳо дар Русия тундгаро шудаанд. Гузашта аз ин, мақомот мегӯянд, ки дар он тарафи марзи кишварҳои Осиёи Миёна дар қаламрави Афғонистон гурӯҳи Толибон ва баъзе ҳампаймонҳои онҳо, аз ҷумла Ҳаракати Исломии Узбакистон ба пешравӣ ноил шудаанд.
Дар паёми солинавии худ Ислом Каримов гуфт, ки даромади нохолиси миллии Узбакистон дар соли 2016, 7,8 дарсад пешбинӣ шудааст. Як оҷонси анҷомдиҳандаи назарпурсиҳо бо номи “Иҷтимоӣ Фикр” натиҷаҳои назарпурсии худро ба нашр расондааст ва гуфтааст, ки 90,8 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки сатҳи зиндагии онҳо беҳтар шудааст. Вале гуфта нашудааст, ки чӣ тавр онҳо дар ин назарпурсӣ ширкат доштаанд.
Дар рӯзи аввали соли нав 1 доллар ба 2,809. 98 суми узбакӣ баробар буд, дар ҳоле, ки дар рӯзи аввали соли 2015 он муодили 2,422.40 сум буд. Вале дар Узбакистон арзиши пулро бозори сиёҳ нишон медиҳад. Ҳоло як доллар дар бозори сиёҳ 6,200 сум аст,. Ҳамин рақам дар аввали соли 2015 3,700 буд.
Бисёре аз аҳолии Узбакистон рӯзи аввали соли навро дар ҳоле ҷашн гирифтанд, ки маҳдудияти барқ идома дошт. Чунин ҳолат нишон медиҳад, ки дар баъзе ҷойҳо сабри мардум камтар шудааст.
Дар моҳи декабри соли гузашта гурӯҳе аз сокинони шаҳри Фарғона роҳи аслии мошингардро бастанд ва намехостанд, ки интиқоли газ қатъ шавад. 5 январ сокинони Газалкент дар 70 километрии Тошканд танҳо баъд аз он газ гирифтанд, ки 100 нафар сокинони он ба идораи ширкати гази маҳаллӣ рафтанд ва тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд. Баъзеҳо ба сӯи бинои ин ширкат сангандозӣ мекарданд.
Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки давоми соли 2015 дар баъзе муассисаҳо, ҳатто дар оҷонсиҳои давлатӣ дастмузди коргаронро дар вақташ пардохт намекарданд. Масалан, тибқи як гузориш аз 15 феврал, дастмузди кормандони пулиси Фарғона дар вақташ пардохт нашудааст. “Узбекэнерго” шикоят кардааст, ки аз моҳи августи соли 2015 маош нагирифтаанд.
Хадамоти муҳоҷиратии Русия 12 феврал хабар дод, ки шумораи муҳоҷирони кории Узбакистон дар Русия 80 ҳазор нафар кам шудааст. Тибқи хабарҳо, бо вуҷуди он, ки дар соли 2015 вазорати кори Узбакистон аз 990 ҳазор то як миллион ҷои нави корӣ ташкил кардааст, вале санҷишҳои дохилӣ собит месозад, ки ин рақам шубҳабарангез аст.
Арзиши суми узбакӣ поин рафтааст. Рӯзи 6 феврал Қаҳрамон Орипов-раҳбари яке аз бонкҳои бузурги ин кишвар аз мақом барканор шуд ва вай гӯё барои тақаллуб дар табдили асъор ба ҳабс гирифта шудааст.
Ислом Каримов 4 феврал раиси вилояти Тошканд Аҳмад Усмоновро дар ҷаласаи Маҷлиси вилоятӣ аз кор барканор кард. Ба Усмонов дар давоми солҳои кориаш дар мақоми раҳбари вилояти Андиҷон номи мустаори “Гитлер” дода буданд. Каримов дар ин ҷаласа ба вай гуфт, “дониста бошед, ки агар шумо боварии мардумро аз даст додед, он дар дили мардум мемонад”. Каримов гуфт, “як кас ҳамин қадр мушкил пеш меорад, ки ҳазор каси дигар онро дуруст карда наметавонанд”.
Баъдтар, 9 феврал аз телевизион Каримовро нишон доданд, ки раёсати ҷаласаи ҳукматиро бар ӯҳда дошт ва мақомотро сарзаниш мекард, ки интернетро бастаанд ва вай худро он гуна вонамуд мекард, ки гӯё дар давоми солҳои раёсаташ аз ин кор хабар надошта бошад.
Навиштаи Брус Паннир, гузоришгари бахши марказии РО