Ду паноҳҷӯи узбак, ки ҳафтаи гузашта дар Қирғизистон беномунишон шуданд, бино ба хабарҳо, дар Андиҷон таҳти боздошт қарор доштаанд. Валиҷон Бобоҷонови 40-сола ва Саидуллоҳ Шокирови 38-сола зодгоҳи худро дар пайи ошӯбҳои моҳи майи соли гузашта дар Андиҷон тарк гуфта, баъдан дар Қирғизистон мақоми паноҳҷӯӣ дарёфт карда буданд. Валиҷон Бобоҷонов моҳе пеш вақте бо Родиёи Озодӣ аз шаҳри Ӯши Қирғизистон сӯҳбат мекард, умедвор буд, ки ба зудӣ бо кӯмаки Кумиссарияи олии СММ дар умури паноҳандагон дар ягон кишвари аврупоӣ паноҳ хоҳад ёфт: "Ман то чанд рӯзи дигар мақоми паноҳандагӣ хоҳам гирифт. Ман мехоҳам ба Олмон биравам. Модарам ва хоҳаронам ин ҷо бо мананд. Вале соъири аъзои хонаводаам дар Андиҷон мондаанд. Аз ин рӯ, ман мехоҳам ба Олмон биравам."
Ва аммо хабарҳои расида ҳокист, ки ҳарду - ҳам Бобоҷонов ва ҳам Шокировро акнун ба Узбакистон пас додаанд ва онҳо дар Андиҷон дар боздошт ба сар мебаранд. Як дӯсти онҳо дар Ӯш, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд: "Аввал Валиҷон ғайб зад. Ӯро аз манзилаш бардоштанд. Рӯзи дигараш, Саидуллоҳро низ аз хонааш бурданд. Аз он замон, онҳо беномунишон буданд ва касе дар бораи онҳо чизе намедонист. Касе намедонад, ки онҳоро кӣ ва куҷо бурдааст?"
То кунун рӯшан нест, ки ин ду паноҳҷӯро кӣ боздошт ва ба Узбакистон мустарид кардааст ва чӣ иттиҳоме алайҳи онҳо эълон шудааст. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, Бобоҷонов ва Шокиров таҳти пайгарди қонунии мақомоти Узбакистон қарор надоштанд. Аммо намояндагони созмони ғайридавлатии "Адолат" мегӯянд, ки Валиҷон Бобоҷонов ва Саидуллоҳ Шокиров тавассути маъмурони вазорати дохилаи Қирғизистон дастгир шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Қирғизистон то кунун аз ҳар навъ ибрози назар дар ин масъала худдорӣ меварзанд.
Рӯзи 9 август, мақомоти Қирғизистон 4 паноҳанда ва 1 паноҳҷӯи андиҷониро ҳамин тавр ба Узбакистон мустарид карданд. "Адолат" ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон мақомоти расмии Қирғизистонро ба ҳамкорӣ бо ҳамтоёни узбаки худ дар амри боздошт ва истирдоди паноҳҷӯёни андиҷонӣ муттаҳам мекунанд. Турсунбек Охун, маъмури ҳуқуқи башари Қирғизистон мегӯяд, Бобоҷонов ва Шокировро бояд билофосила пайдо кунанд: "Агар онҳоро пайдо накунанд, ҷанҷоли бузурге бар хоҳад хост. Ин ба обрӯи Қирғизистон латма мезанад. Аз ин рӯ мақомоти интизомии мо бояд ҳардуро билофосила пайдо кунанд."