Кумисарёи олии СММ дар умури паноҳандагон эълом доштааст, ки шурӯъ аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ мақоми паноҳандагии он идда аз шаҳрвандони тоҷик, ки ҳамакнун дар ҷумҳурии Қирғизистон ба сар мебаранд, бекор мегардад. Ин ниҳод мегӯяд тасмим дар мавриди лағви мақоми паноҳандагии шаҳрвандони тоҷик дар Қирғизистон бар асоси як тавофуқи тарафайн миёни Кумисарёи олии СММ дар умури паноҳандагон ва давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон иттихоз шудааст. Гуфта мешавад қарор аст ин тасмим заминаи бозгашти шаҳрвандони тоҷикро, ки аз замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон инҷониб дар қаламрави Қирғизистон паноҳандаанд, фароҳам меорад.
Қодир Мурувват муовини раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикони паноҳандаи Қирғизистон мегӯяд акнун бар асоси тасмими гирифтаи Кумисарёи олии СММ дар умури паноҳандагон шаҳрвандони тоҷики муқими Қирғизистон бояд ба ватан баргарданд ва ё дар сурати ғайр тобеъияти кишвари ҳамсояро дарёфт намоянд.
Аммо то куҷо имрӯз ин замина фароҳам аст, ки мақоми паноҳандагии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Қирғизистон лағв гардад? Оё онҳо метавонанд бидуни нигаронӣ ба кишвар баргарданд ва дар ватан соҳиби шуғлу кори муносиб шаванд? Посухи ин суолҳоро аз Музаффар Зарифов масъули дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон ҷуё мешавам:
« Ба фикрам тасмими Кумисарёи олии СММ дар умури паноҳандагон роҷеъ ба бекорсозии мақоми паноҳандагии тоҷикони гурезаи Қирғизистон дуруст аст. Зеро дар Тоҷикистон имрӯз вазъ бархилофи солҳои аввали даҳаи 90 асри гузашта ҳам аз лиҳози амниятӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоъӣ беҳбуди назаррас ёфтааст. Ва ба назарам дигар дар он ҷо бинобар далоили сиёсӣ мо паноҳанда надорем»
Исмоили Раҳматов коршиноси тоҷик мегӯяд аксари шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Қирғизистон аз навоҳии Ҷиргатол ва Мурғоби ин кишвар паноҳанда шудаанд ва баргашти ин паноҳандагон ба вусъати умури ободонӣ дар ин навоҳӣ мусоъидат менамояд.
Аммо Ҷумъабой Ниёзов муовини раиси ҲДТ дар робита ба лағви мақоми паноҳандагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ба чанд нуктаи аз назари ӯ муҳим ишора менамояд: «Ба масъалаи паноҳандагон на ба таври дастаҷамъӣ, балки ба гунаи инфиродӣ бояд муносибат шавад. Аз сӯи дигар бояд ба шароите,ки ин паноҳандагон дар Қирғизистон доранд расидагӣ сурат бигирад. То барои онҳо дар ватан шароити муносиби кору зиндагӣ фароҳам оварда шавад. Фикр мекунам қабл аз баргардонидани паноҳандагон ин масъалаҳо бояд аз ҷониби масъулини Кумисарёи олии СММ дар умури паноҳандагон ҳамарафа таҳқиқ шаванд»Дар ҳамин ҳол Қодир Мурувват муовини раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикон дар Қирғизистон мегӯяд Кумисарёи СММ дар умури паноҳандагон ҳамзамон дар мавориди ҷудогона метавонад ба афроде, ки имкони бозгашт ба ватан надоранд ҳаққи паноҳандагӣ эъто намояд.
Бино ба оморҳои расмӣ дар пайи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳудуди 40 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қисмати умдаи онҳоро мардуми қирғиз ташкил медод, ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон паноҳа бурданд ва тақрибан 10 ҳазор нафари онҳо расман мақоми паноҳандагӣ дарёфт намудаанд.