Сармушовири департаменти Сандуқи Байналмилалии Пул Дэвид Оуэн баъд аз мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, «аудити «Барқи тоҷик» оғоз шудааст, вале то кунун натиҷаи мушаххасе дар даст надорем ва фаъолияти аудиторҳо иодма дорад».
Сармушовири СБП ҳамчунин гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон низ таҳти аудит қарор гирифта ва интизор меравад дар моҳи ноябр натиҷаҳои он эълон шавад.
Таҳти аудит қарор додани ширкатҳои муҳими Тоҷикистон як шарти ақзи қарордодҳои байнулмилалии молӣ ва ворид шудани сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст.
Дар ҳамин ҳол коршиносон мегуянд, аудити байнулмилалии ин корхонаҳо бояд ҳарчи зудтар сурат мегирифт, то шафофияти фаъолияти онҳоро рӯшан мекард ва эътимоди сармоягузорон бештар мешуд.
Аммо Дэвид Оуэн афзуд, ки барои баргузории аудити ширкати «Талко», ё корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, низ озмун эълон шудааст ва интизор меравад дар моҳи сентябр аудити ин ширкат низ, ки бузургтарин ширкати санъатии Тоҷикистон мебошад, оғоз шавад.
Сармушовири СБП ҳамчунин бо ишора ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон пас аз зимистони сарди гузашта, аз сатҳи баланди таваррум, нархи қиммати маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ изҳори нигаронӣ кард. Оғои Оуэн изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин заминаҳо пешниҳодоти СБП-ро ба назар хоҳад гирифт.