Дар ин бора Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ҳини баррасии барномаи дурнамои Бонки миллӣ дар порлумони кишвар имрӯз, 25-уми июн, иттилоъ дод. Маблағи умумии қарзҳои Бонки миллӣ аз Сандуқи байнулмилалии пул 47 миллион доллар мебошад.
Шариф Раҳимзода ҳамчунин зимни суханрониаш гуфт, қарор аст, сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар ҳудуди 15 дарсад нигоҳ дошта шавад ва ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти умумии Тоҷикистон ба 7 дарсад боло бурда шавад. Вай афзуд, Бонки миллӣ барои баррасии фаъолият аз сӯи аудити мустақил омодагӣ гирифтааст. Оқои Раҳимзода дар ин бора гуфт, «мо дар ду ҳафтаи оянда баррасии фаъолияти молии бонки миллиро аз сӯи ширкати аудити мустақил таъин хоҳем кард. Дар баробари ин дар фаъолияти бонк бо назардошти камбудиҳои мавҷуда тағйиротҳо сурат хоҳад гирифт. Дар ин замина дар ҳоли ҳозир мо бо бонкҳои Швейтсария ҳамкорӣ дорем».
Баррасии фаъолияти Бонки миллӣ аз сӯи ширкатҳои мустақили аудитӣ яке аз дархостҳои Сандуқи байнулмилалии пул буд, ки ба далели ироаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ аз сӯи ин бонк ба Сандуқи байнулмилалии пул сурат гирифта буд.
Намояндагони мардумӣ дар порлумон аз раиси Бонки миллӣ суол карданд: Дар ҳоле, ки фурӯши барқ ва алюминиюм ба кишварҳои хориҷӣ мустақиман ба тариқи доду ситадҳо сурат намегирад ва бо усули торинг, яъне баробаркунӣ, роҳандозӣ мешавад, ин метавонад ба иқтисоди ҷумҳурӣ садама ворид кунад?
Раиси Бонки миллӣ дар посух ба ин суол гуфт: «Мо наметавонем ба фаъолияти молии корхонаи «Талко» таъсир кунем. Ин корхона озод аст ва фаъолияти молии торинг ё баробаркуниро интихоб кардааст. Ҳамчун иқтисоддон ман ин фаъолиятро мепазирам, ба ин далел, ки муносиботи «Талко» бо ширкатҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла ширкати «Ансол» ва «РусАл»-и Русия хуб нест ва дар муноқишаҳои додгоҳӣ миёни онҳо дар Бритониё идома дорад ва агар ширкати «Талко» фаъолияти мустақими додуситадро интихоб мекард, дар он сурат ширкатҳои Русия метавонистанд маҳсулоти корхонаи «Талко»-ро ҳабс кунанд».
Ин дар ҳолест, ки фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, ё ширкати «Талко», дар доду ситад ва фурушу тавлиди алюминиюм равшан нест ва аз сӯи Сандуқи байнулмилалии пул ва дигар созмонҳои хориҷӣ мавриди суол қарор гирифтааст.
Ва ба навиштаи Ҷон Ҳелмер, рӯзноманигор ва таҳлилгари фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ҳазинаи кашмакашҳои додгоҳии давлати Тоҷикистон ва ширкати «Ансол» ба 120 миллион доллар расидааст. Ва Тоҷикистон, ки бахши аъзами мардумаш зери хати фақр ба сар мебарад, ҳар моҳе 3 миллион доллар ҳақи хизмати ҳуқуқдонҳои ширкати "Herbert Smith" «Ҳерберт Смит»-и Бритониё пардохт мекунад. Ва суоли матраҳкардаи додгоҳи Бритониё ин аст, ки 1 милларду 300 миллион доллар оидоти корхонаи алюминиюм кӯҷо меравад?
Шариф Раҳимзода. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар порлумон гуфт, дар чаҳорчуби чорабиниҳое, ки барои ба эътидол овардани фаъолияти Бонки миллӣ сурат мегирад, аудит, ё баррасии фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, ё «Талко», низ дар назар аст.
Созмонҳои сармоягузори байнулмилалӣ на танҳо фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистонро зери суол бурдаанд, балки ҳамчунин тақозо ин аст, ки фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» низ мавриди баррасии аудити мустақил қарор бигирад. Дар мавриди фаъолияти ин ширкат низ суолҳои беҷавоб бисёр аст.
Аз ҷумла ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо роҳбарони ширкати «Барқи тоҷик» ва вазорати энержӣ ва саноӣ чанде аз суолҳоро, аз ҷумла талафи барзиёди барқ, қочоқ ва фуруши ғайриқонунии барқро матраҳ кард.