Ҳаёти аспирантҳои тоҷик дар Маскав
Баъзе аз аспирантҳои тоҷик дар Маскав шикоят кардаанд, ки дар хобгоҳҳо ба сар мебаранд ва дар он ҷо шароит барои анҷоми корҳои илмӣ мутобиқ нест. Шуморе аз онҳо шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд ва баъзеи дигар тибқи тавофуқоти ҷониби Тоҷикистону Русия рисолаҳои номзадии худро дар Маскав таҳия мекунанд. Баъзе доираҳо дар Русия хостори ба кор гирифтани пизишкони тоҷиканд ва аз матбуъоти Русия низ ин хабар садо додааст. Онҳо аз кори пизишкони тоҷик розианд ва мегуянд, пизишкони тоҷик худро дар кори ҳирфаӣ хуб муъаррефӣ кардаанд. Вале сабаб чист, ки аспирантҳо дар хобгоҳҳо ба мушкил ру ба ру шудаанд?
Баъд аз шунидани сарнавишт ва шароити зисти баъзе аз аспирантҳои тоҷик дар Маскав мо бо Абдуллоҳ Сатторӣ, раиси "Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия", дар ин бора мусоҳиба анҷом додем, ки барои шунидани муҳтавои он ба ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифа нохун занед.
Комёбиҳои тоҷикони Қазоқистон дар зироъатпарварӣ
Дар ду шумораи гузашта мо гузоришҳои вижаи ҳамкорамон Насибҷони Амониро дар бораи душвории таҳсили фарзандони тоҷикони Қазоқистон ба забони модариашон ба сабаби камбуди китоби таълимӣ ба забони тоҷикӣ ва сабабҳои тағири миллияти тоҷикон ба миллиятҳои дигар пахш кардем. Дар шумораи навбатӣ ҳамкори мо Насибҷони Амонӣ дар бораи комёбиҳои тоҷикон дар бахшҳои кишоварзии ҷануби Қазоқистон гузорише таҳия кардааст.
Ҳаёти пур аз меҳнати занону кӯдакони деҳаи Сурхоби Панҷакент
Бо ру овардани мардон ба муҳоҷирати корӣ тақрибан ҳамаи корҳоро дар деҳот занон бар душ мегиранд. Ҳоло бо фаро расидани тобистон чунин падида бештар ба назар мерасад. Дар баробари ташвишҳои рузгор кор дар бахшҳои кишоварзӣ ва дар сохтмон ба фаъолияти маъмулӣ ва ҳаррузаи занон табдил ёфтааст. Ҳамкори мо Шоҳини Равшан дар Панҷакент аз деҳи навбунёди Сурхоби ноҳия боздид кард ва дар бораи натиҷаҳои боздидаш гузорише фиристод.
Ёдовар мешавем, ки барномаи "Садои ҳамватан" ҳар ҳафта ним соъат шоми шанбеву якшанбе соъати 20:30 дақиқа ва субҳи якшанбеву душанбе соъати 8:30 дақиқа ба вақти Тоҷикистон пахш мешавад.