Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мардикорӣ ба ватан бо пул ва бо беморӣ


Шумораи зиёди онҳое, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд, бино ба набуди шароити муносиби зист дар ҷараёни муҳоҷирати корӣ ба бемориҳои мухталиф, аз қабили бемории сил, зардпарвин, хоришак, бемориҳои таносулии оташак, сузок ва бемориҳои пуст гирифтор мешаванд.

Табибон ин нуктаро низ рад намекунанд, ки дар миёни чунин беморон гоҳо мубталоёни бемории марговари СПИД ё ЭЙДз низ мушоҳида шудааст. Сабаби гирифтории муҳоҷирони корӣ ба чунин бемориҳо танҳо набуди шароити муносиби зист дар кишвари муҳоҷират, аз ҷумла дар Русия нест, балки нодонии худи муҳоҷирин низ ҳаст. Таъкид мекунем, ки Русия маркази бемориҳо нест, балки худи муҳоҷирон бино ба набуди иттилоъ ва нодорӣ дар ҷойҳое хобу хез мекунанд, ки зояндаи ҳар гуна бемориҳост.

Гузашта аз ин, ҳолати равонии мардумони Осиёи Марказӣ, ба вижа мардуми Тоҷикистон, ба гунаест, ки онҳо баъзе бемориҳо аз қабили бемориҳои таносулиро, ба истилоҳ бемориҳои "шармовар" мешуморанд ва аз рафтан ба назди табиб худдорӣ мекунанд. Гоҳо камсаводӣ ё бесаводӣ низ сабаб мешавад ва онҳо ба умеди худо интизор мемонанд, ки беморӣ худ ба худ мегузарад ва онҳо шифо меёбанд.

Вале ҳолатҳое низ ҳастанд, ки муъолиҷаи баъзе бемориҳо пули бештар мехоҳад, пулеро, ки муҳоҷир барои хонааш ҷамъоварӣ кардааст ва дилаш намеравад онро барои муъолиҷаи худ сарф кунад. Дар чунин ҳолатҳо масъулияти таъмини рӯзгор дар назди зану фарзандон ва эҳсоси хонадорӣ дар вуҷуди онҳо боло мегирад. Ба ин тартиб мумкин аст, соле ҳазорон нафар бо бемориҳои мухталиф аз Русия ба Тоҷикистон баргарданд.

Аксари онҳо ҷавононанд ва дастони кории кишварашон ба шумор мераванд. Бино ба иттилоъи тақрибӣ, онҳо соле ҳудуди як милярду панҷсад милён доллар аз роҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ вориди Тоҷикистон мекунанд ва ин пулҳо зиндагии қисмати аъзами аҳолии Тоҷикистонро мечархонад ё бозорҳои дохилиро гардон мекунад. Вале бо ин пулҳо муҳоҷирони бемор низ ба Тоҷикистон бармегарданд ва сол то сол ин шумора бештар мешавад.

Бо назардошти ин ки беш аз милён нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия кор мекунанд ва нафъи онҳо на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба Русия низ мерасад, то ҳол барои фаро гирифтани муҳоҷирони кории тоҷик бо хадамоти тиббӣ байни Тоҷикистон ва Русия санади ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Ҳамкори мо Муҳаммадраҳими Сайдар дар гузорише аз Маскав мегуяд, муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия саршори чунин қонуншиканиҳост ва чунин мушкилӣ тақрибан 90 дарсади муҳоҷиронро ба бемориҳои гуногун ба вижа ба бемориҳои равонӣ гирифтор кардааст.

Пизишкон ва коршиносон дар водии Рашт мегуянд, онҳое, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, дар бораи имкони гирифторӣ ба бемориҳо хабаре надоранд. Дар миёни чунин афрод ҳатто ҷавононе низ ҳастанд, ки тоза мактаби миёнаро хатм кардаанд. Ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар водии Рашт аз қавли табибон дар гузоришаш мегуяд, ононе, ки аз муҳоҷират бармегарданд, бояд аз муъоинаи тиббӣ бигзаранд.

Дар ноҳияи Панҷакент низ шумораи ононе, ки аз муҳоҷирати корӣ бо беморӣ бармегарданд, сол то сол афзоиш меёбад. Пизишкон гуфтаанд, аз 12 нафаре, ки гирифтори бемории ЭЙДз ё СПИД будаанд, чаҳор нафарашон даргузаштаанд. Дар бораи бемории муҳоҷирони корӣ дар ноҳияи Панҷакент гузорише дорем аз Шоҳини Равшан - ҳамкорамон дар ин минтақа.

Дар бораи бемориҳои маъмул дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон ҳамкори мо Насибҷони Амонӣ дар Алмаато гузорише дорад.

Шамсиддин Қурбонов-сардори раёсати хадамоти тиббии вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегуяд, вазорат талош дорад, бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар шаҳрҳои мухталиф марказҳои боварӣ ё ташхиси бемориҳо боз кунад. Ба гуфтаи Шамсиддин Қурбонов, ба ҷуз аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон дар деҳот низ бояд марказҳои иттилоърасонӣ ба муҳоҷирон боз шавад. Ононе, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд, қабл аз муҳоҷират бояд дар ҳамин марказҳо бо иттилоъи зарурӣ дар бораи кишвари мавриди назар ошно шаванд.

Муҳоҷирати корӣ ба ҷуз аз суди молӣ гоҳо ба афрод, ба хонаводаҳо зарар низ меорад, зарари ҷисмонӣ ва маҳрумият аз саломатӣ. Бо имконоти мавҷуда мешавад то андозае аз ин маҳрумиятҳо ҷилавгирӣ кард, агар муҳоҷир маълумоти кофӣ дошта бошад ва дар маҳалли муҳоҷират ба пизишк муроҷиат кунад.

Барои шунидани шумораи навбатии "Садои ҳамватан" ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро нохун занед.

XS
SM
MD
LG