Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танаффус дар гирдиҳамоии Хоруғ


Эътирозгарон дар маркази шаҳри Хоруғ пас аз ваъдаҳои мақомот ҷиҳати иҷрои талабҳои онҳо идомаи гирдиҳамоиро то ду рӯз мавқуф гузоштанд.

Алим Шерзамонов, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, гуфт, ки дар мулоқоти намояндагони ин ҳизб ва маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо сардори раёсати корҳои дохилаи вилоят ва намояндагони амниятӣ дар минтақа ваъда шудааст, ки нерӯҳои низомии ахиран воридшуда дар муддати ду рӯз аз Бадахшон ихроҷ хоҳанд шуд.

Алим Шерзамонов афзуд, ки онҳо ба муддати ду рӯз гирдиҳамоиро мавқуф гузоштаанд ва дар сурати иҷро нашудани талабашон аз нав ба майдон хоҳанд баргашт.

Дар назди ҳозирин нафарони гуногун аз ҷумлаи гирдиҳамомадагон сухан гуфтанд. Дар ҳузури гирдиҳамомадагон намояндагони мақомот, аз ҷумла раиси шаҳр, муъовини раиси вилоят ва муъовини сардори раёсати амнияти вилоят баромад карда, вуруди нерӯҳои низомӣ ба вилоятро ба сафари президент рабт доданд.

Гирдиҳамоӣ дар маркази шаҳри Хоруғ субҳи имрӯз, 18 июн, оғоз шуд ва то зуҳр давом кард. Ба иттилоъи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зойиров, шумори ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ то ба 800 нафар мерасид.

XS
SM
MD
LG