Гирдиҳамомадагон аз мақомоти ҳукумати ин вилоят талаб доранд, ки низомиён аз қаламрави вилояти Бадахшон хориҷ карда шаванд.
Дар ин бора Алим Шерзамонов, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон, иттилоъ дод. Вай гуфт, ин иқдом бо ташаббуси ҳизби онҳо сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, ҳадафи асосии гирдиҳамоӣ ихроҷи нерӯҳои иловагии Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии
амнияти миллӣ мебошад, ки ба Бадахшон ахиран ворид шуданд. Вай гуфт, вакилони мардумӣ ва намояндагони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ бо раиси вилоят Қодир Қосим мулоқот намуда, аз ташаннуҷи авзоъ изҳори нигаронӣ кардаанд. Аммо ба гуфтаи намояндагони маҳаллаҳо, раиси вилоят кафолати таъмини амниятро надодааст ва бинобар ҳамин онҳо маҷбур шудаанд, ки ба гирдиҳамоии эътирозӣ даст зананд.
Дар ҳамин ҳол раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зойиров ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин гирдиҳамоӣ гурӯҳҳои дигар низ бо Ҳизби сотсиал-демократ ҳамроҳ ҳастанд. Вай таъкид кард, ки Ҳизби сотсиал-демократ аз ин гурӯҳҳое, ки ҳоло барои матбуот мушахас нестанд, тақозо мекунад, ки мавқеъ ва хадафи худро равшан кунанд.