Коршиносон мегӯянд, ҳамчунин як илтифот ба раҳбари Чин бозгӯӣ аз таҳкими нақши ин кишвар дар иқтисоди Тоҷикистон мекунад ва аммо қабл аз ҳама дар пай вуруди сармояи бузурги чиниро дорад.
Тибқи иттилоъи расмӣ, қарор аст тайи ин сафари давлатии раҳбари Чин рӯйи эҳдоси се нерӯгоҳи барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расад, ки дар кул беш аз 1 миллиарду 400 миллион доллари амрикоӣ ҳазина хоҳад дошт.
Инҳо нерӯгоҳи «Сангвор» рӯйи руди Хингоб, «Нуробод» рӯйи дарёи Вахш ва «Ёвон» рӯйи рудхонаи Зарафшон мебошанд. Ширкати давлатии «Синоҳидро»-и Чин эҳдоси нерӯгоҳҳои «Ёвон»-у «Нуробод», ки 400 млн доллар ҳазина тақозо мекунанд, ба зимма гирифтааст. Масрафҳо фаннии нерӯгоҳи «Сангвор»-ро, ки 1 млрд доллар сармоя мехоҳад, низ ин ширкат анҷом хоҳад дод ва коршиносон бар инанд, ки эҳдоси нерӯгоҳ низ бар дӯши «Синоҳидро» хоҳад уфтод.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод, мегӯяд, далели афзоиши сармоягузории Чин ба соҳаи энержии Тоҷикистон мушкили энержӣ дар вилояти шарқии ин кишвар Шинҷон аст, ки барқ дар он ҷо тавассути мазуту ангишт ҳосил мешавад ва ин ба муҳити зисти ин вилоят таъсири манфӣ расондааст. Оқои Умаров мегӯяд, ин сармоягузориҳои Чин ҳанӯз ибтидои кор аст:
«Эҳдоси ин нерӯгоҳҳои на он қадар калон як машқ ва омодагӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои бузург рӯйи рудхонаҳои Вахшу Панҷ аст. Ман бовар дорам, ки Чин акнун дар сохтани нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон хеле фаъол хоҳад шуд, то барқро худ бигирад».
Коршиносон мегӯянд, баъд аз вуруди сармояҳои нав Чин умдатарин кишвари сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон хоҳад шуд. Зеро то ин вақт ин кишвар дар сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва як хатти интиқоли барқ аз ҷануб ба шимоли Тоҷикистонро сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаашон дар маҷмӯъ ҳудуди 800 млн долларро ташкил додааст.
Аммо иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, сармоягузориҳои Чин хусусияти бештар геополитикӣ доранд, на иқтисодӣ. Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, Чин дар Тоҷикистон аслан бо эҷоди зерсохторҳое машғул аст, ки оянда ҳаракати маҳсулоти соддиротиашро осон мекунанд: «Ҳадафи Чин рушди саноати Тоҷикистон нест, балки фақат фароҳам сохтани заминаҳо барои он маҳсулоти саноатие ҳаст, ки дар Чин истеҳсол мешавад. Модели иқтисодии Чин ҳам ин аст, ки барои содироташ бозор дошта бошад».
Коршиносон мегӯянд, афзоиши сармоягузории Чин бидуни шак густариши нуфузаш дар Тоҷикистонро низ дорад. Рустам Ҳайдаров, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, яке аз хусусиятҳои сиёсати хориҷии Чин таъмини густариши нуфуз тариқи иқтисод аст ва далели умдаи ин, тавассути ширкатҳои давлатӣ сармоягузорӣ кардан ба иқтисоди кишварҳои дигар аст:
«Чин оромона, бе ягон доду вой, яъне ботамкин сиёсатҳои иқтисодии худ дар Тоҷикистонро пиёда месозад. Қудрате, ки таъсири худро ба иқтисоди кишвар расонд, дер ё зуд дар сиёсат ҳам таъсири худро мерасонад. Яъне Чин бо роҳҳои иқтисодӣ стратегияҳои худро дар Тоҷикистон пиёда мекунад».
Равобити дипломатии Чину Тоҷикистон ҳанӯз соли 1991 барқарор шуда буд. Аммо шурӯъи равобити танготангашон, ба қавли коршиносон, танҳо замоне даст дод, ки Тоҷикистон 1 ҳазор километри мураббаъ ҳудуди баҳснокашро ба Чин дод ва аз марзи 509 киломатраи байнашон нерӯҳои марзбони Русия хориҷ шуданд. Ин ҳама тайи солҳои 2003-2005 ба вуқӯъ пайваст ва Чин бадоҳатан соли 2006 700 млн доллар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузошт.
Коршиносон мегӯянд, Чин тайи ду соли ахир ба таври бесобиқа ба иқтисоди Тоҷикистон роҳ ёфт ва нуфузи сиёсиашро низ густариш дод. Исмоил Раҳматов, коршиноси сиёсӣ гуфт, Русияву Амрикову Эрон рақибони Чин дар Тоҷикистон баробари сармоягузорӣ аҳдофи сиёсиашонро на фақат пинҳон намедоранд, балки гоҳо дахолаташон ошкор аст.
Вай афзуд: «Сиёсати хориҷии кишвари Чин дахолат накардан ба умури дохилаи кишварҳои дигар аст. Замоне, ки ҷаҳон дуқутба буд, яъне собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА аслан дар ҷаҳон ҳукмронӣ мекарданд, солҳои ҷанги сард, кишвари Чин ҳам ба умури дохилии кишварҳои атроф дахолат мекард. Вале ҳоло мебинем, ки Чин ба умури дохилии кишварҳои дигар дахолат намекунад, масалан, Афғонистон. Агар дахолат ҳам кунад ноаён…».
Абдуллоҳи Ҳаким, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, хуб аст, ки Чин аз лиҳози ҷуғрофӣ наздиктарин қудрати ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон аст. Аммо паёмади қаробатҳо ба нафъи Тоҷикистон тамом нахоҳад шуд:
«Ҳамаи кишварҳои бузург соҳиби сиёсатҳои муайяни хориҷие ҳастанд, ки ба таъмини манофеъашон дар кишварҳое мисли Тоҷикистон равона шудаанд. Онҳо сармоягузорӣ мекунанд, имтиёз медиҳанд, аммо ҳамеша манофеъи минтақавиву миллии хешро ба назар мегиранд. Дар ин муомила чун онҳо аз ҳар маврид қудратмандтар ҳастанд, онҳо ин имконро доранд, ки дар кишварҳои хурде мисли Тоҷикистон фаъолияташонро ба манофеи худ мувофиқ созанд. Яъне ҳар қадар ба назари мо намояд, ки мо аз ин фурсатҳо истифода мекунем, бояд инро ҳам донем, ки онҳо ҳам дуруст истифода мекунанд».
Коршиносон мегӯянд, агар Тоҷикистон дар баробари сиёсатҳои иқтисодии Чин дар ин кишвар барномае надошта бошад, ҳамкориҳояш бо Чин қабл аз ҳама мӯҷиби вуруди теъдоди зиёди чиниҳо ба кишвар хоҳад шуд, ки метавонанд ҷойгузини беш аз 1 млн муҳоҷири меҳнатии тоҷик шаванд. Онҳо мегӯянд, аз ин равобит бояд ҳадди аксари истифода сурат гирад ва ҳади ақалли зарар бояд дида шавад.