Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти як сокини Хуҷанд барои қимат фурӯхтани билети ҳавопаймо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як масъули ширкати билетфурӯширо бо ҷурми "фиреби муштариён" ва "аз худ кардани пули онҳо" айбдор донист ва 10 ҳазор сомонӣ, муодили ҳазор доллари амрикоӣ, ҷарима баст. Бахтиёр Ғаниев, хазинадори ширкати "Ориён Трейдинг", инчунин, 2 сол аз ҳаққи кор дар ин вазифа маҳрум шудааст.

Маъмурони додситонӣ Бахтиёр Ғаниевро моҳи сентябри имсол дар пайи шикояти ду нафар боздошт карданд. Муштариҳо шикоят кардаанд, ки Ғаниев ба онҳо билети ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷандро, ки 3000 сомонӣ нарх дошт, худсарона аз 3200 то 3480 сомонӣ фурӯхтааст.

Тафтиши аввалияи парвандаро додситонӣ анҷом дода, хазинадори "Ориён Трейдинг" ба шарти то замони анҷоми тафтиш тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ буд.

Ғуфрон Ғаниев, раҳбари ширкати "Ориён Трейдинг", падари Бахтиёр Ғаниев, рӯзи 3-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо қарори додгоҳро қабул доранд. "Вай нав ба ин кор машғул буд ва аз камтаҷрибагӣ ба камбуд роҳ додааст. Хуб, ӯ дар назди қонун ҷавоб дод ва умед дорам, дигар дониста кор мекунад", - афзуд Ғуфрон Ғаниев.

Сокини Хуҷанд барои қиммат фурӯхтани билети ҳавопаймо ҷазо гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00
Линки мустақим

Ҳамсуҳбати мо гуфт, писараш дар оянда пайи касбу кори дигаре хоҳад шуд: "Акнун аз паси кори дигар мешавад. Шояд ба муҳоҷирати корӣ ба Русия равад."

Билети гарони ҳавопаймоҳо яке аз масъалаҳои бисёр дарднок барои Тоҷикистон ва бахусус барои муҳоҷирон ба ҳисоб меравад. Чун ҳар сол дар баҳору тобистон, авҷи сафар ва бозгашти муҳоҷирон, қимати билети ҳавопаймоҳо ба Русия бисёр гарон мешаванд.

Муштариён дар ҳоле алайҳи хазинадори ин ширкат, Бахтиёр Ғаниеви 28-сола аз қиматфурӯшии билет шикоят карданд, ки имсол моҳи июл дар Тоҷикистон нархи билети ҳавопаймоҳо ба самти Маскав ба таври бесобиқа боло рафт.

Бино ба арзёбии Бонки миллӣ моҳи июл нархи билети ҳавопаймоҳо якбора 47 дарсад ва қимати чиптаи Душанбе - Маскав 60,2 дарсад гарон шуд. Масалан, нархи билети Хуҷанд – Маскав то 4 500 сомонӣ, муодили тахминан 480 доллар боло рафт.

Ширкатҳои Тоҷикистон чун ҳамеша иллати гаронии билетҳоро ба гаронии қимати сузишворӣ рабт медиҳанд. Аммо мусофиронро бар изофаи гаронии қимати билет, бо таваққуф дар фурудгоҳи дуюм ба нуқтаи аслӣ парвоз кардани ҳавопаймои ширкатҳои дохилӣ маҷбур кардааст, ки роҳи дигари сафар ба хориҷи кишварро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG