Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Яке аз қитъаҳои интихоботӣ.
Яке аз қитъаҳои интихоботӣ.

Натиҷаҳои интихоботро рӯзи душанбе эълон мекунанд

Дар Тоҷикистон раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба поён расид. Комиссияи марказии интихобот соати 8-и шом ба вақти Душанбе эълон кард, ки дари марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар баста шуданд, вале бар хилофи ваъдаи пешин, доир ба ҳузури мардум дар ин корзори сиёсӣ хабар надод.

  • Дар Тоҷикистон беш аз 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда ҳаст;
  • 238 нафар барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон рақобат карданд. 65 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва 173 нафар аз ҳавзаҳои якмандатиянд;
  • Аз замони имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 ин интихоботи панҷуми порлумонӣ дар Тоҷикистон аст;
  • Нозирони байналмилалӣ ва созмону кишварҳои ғарбӣ то кунун ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои демократӣ надонистаанд.
  • Матолиб ва баҳси бештарро дар бораи интихобот дар инҷо хонед.
14:26 1.3.2020

Усулҳои маъмулии тақаллуб дар интихоботҳои Тоҷикистон кадоманд?

Аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соли 1991 панҷ дафъа интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Нозирони байналмилалӣ аз усулҳои ба ҳам монанди тақаллуб гузориш медиҳанд, ки мақомот такрор ба такрор аз онҳо истифода мекунанд.

Сохтакориҳои маъмул дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

Рехтани варақаҳо

Ба сандуқи раъй як миқдор варақаҳо ба ҷонибдорӣ аз “номзади мавриди назар” рехта мешавад. Албатта, бар изофаи варақаҳое, ки интихобкунадагон овоз додаанд. Ин кор аз назари нозирон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ пинҳонӣ сурат мегирад ваё ҳатто дар ҳузури онҳо. Варақаҳои қаблан пуркардашуда ба дасти намояндаи ҳавзаи интихоботӣ дода мешавад, то ки ноаён онҳоро ба сандуқ андозад. Дар гуззоришҳои ниҳоии САҲА дар мавриди интихоботҳои порлумонии солҳои 2000, 2005, 2010 ва 2015 гуфта мешавад, ки рехтани варақаҳо ба сандуқи раъй аз хилофкориҳои маъмул дар рӯзи интихоботи Тоҷикистон аст.

Раъйдиҳӣ ба ҷойи аъзои оила

Таҷрибаи раъйдиҳӣ ба ҷойи ҳама аъзои оила дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Ин гуна ҳолатҳо дар ҳама интихоботҳои Тоҷикистон - порлумонӣ ва ҳам президентӣ - мушоҳида шудаанд. Дар интихоботи соли 2015 ба ҳисоби нозирони САҲА раъйдиҳии оилавӣ дар чоряки ҳавзаҳои интихоботӣ ҷой доштааст. Нозирони САҲА изҳор доштанд, ки комиссияҳои маҳаллӣ ин гуна шикоятҳоро нодида мегиранд.

"Чархофалак"

Ин чӣ гуна усул аст? Ба гуруҳе аз одамон ва наздикони онҳо супориш дода мешавад, ки ба «номзади мавриди назар» дар ду ва ё се ҳавзаи интихоботӣ овоз диҳанд. Такрори овоздиҳии як гуруҳи шахсон ба гуфтаи нозирон аз сӯи мақомот ташкил карда мешавад. Дар гузориши САҲА доир ба интихоботи соли 2015 гуфта мешавад, ки «раъйдиҳии гуруҳӣ дар 18 дарсади ҳавзаҳои интихоботӣ ва овоздиҳии такрорӣ дар 16 фоизи ҳавзаҳо мушоҳида шуд».

Сохтакорӣ дар шумурдани оро

Риоя накардани тартиби шумориши овозҳо низ яке аз тақаллубкориҳои анъанавӣ аст. Дар гузориши САҲА аз интихоботи соли 2010 гуфта мешавад, ки «нозирон дар ҳавзаи рақами 65-ум 900 интихобкунандаро сабт карданд, аммо пас аз соати 7 ва баъди рафтани нозирони байналмиллалӣ 300 овози «изофӣ» дар сандуқ пайдо шуд ва роҳбари ҳавза аз ширкати сад дар садии раъйдиҳандагон гузориш дод. Дар гузориши интихоботи соли 2015 зикр мешавад, ки дар 28 дарсади ҳолатҳо овозҳо дуруст шумурда нашуданд. Бо назардошти ҷой доштани ин хатокориҳо ва мушкилоти дигар нозирони байналмилалӣ, ки дар давоми 20 соли охир интихоботи Тоҷикистонро назора мекунанд ҳар панҷ сол ба хулосаҳои яксон мерасанд:

  • "Интихоботи порлумонии соли 2000 дар Тоҷикистон мутобиқ ба уҳдадориҳо дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сурат нагирифт".
  • "Интихоботи порлумонии соли 2005 дар Тоҷикистон ба бисёре аз меъёрҳои интихоботи демократӣ мутобиқ набуд".
  • "Интихоботи порлумонии соли 2010 ҷавобгӯйи аксарияти тааҳудоти калидии САҲА ва дигар меъёрҳои байналмиллалии интихоботи демократӣ набуд".
13:05 1.3.2020
#3 Кӣ чӣ гуна раъй дод? Навори корбарон ба озмун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
12:55 1.3.2020

Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки соати 6 бомдод шуруъ шуд, ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот то соати 12 бештар аз 47 дар сади мардум ширкат кардаанд.

Хабару назарҳои бештар дар инҷост

12:49 1.3.2020
Ҷараёни интихобот дар Бохтар. Ҳавзаҳо камодам шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Субҳи якшанбе дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар шаҳри Бохтар, маркази Хатлон, ҳузури зиёди овоздиҳандагон мушоҳида шуд. Мақомот гуфтанд, то нисфирӯзӣ беш аз чиҳил дарсади афроди қобили раъй овоз доданд. Баъд аз нисфирӯзӣ ҳавзаҳо камодам буд. Ҷараёни интихоботро дар маркзаи Хатлон ҳамкори мо Орзуи Карим ба навор гирифтааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG