Раъйдиҳӣ барои интихоби вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ оғоз ёфт.
Мушоҳидаҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд нуқтаи раъйдиҳӣ дар Душанбе нишон медиҳад, ки то ин лаҳзаҳо мизони иштироки мардум чандон зиёд набудааст.
Дар баъзе аз нуқтаҳои раъйдиҳии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, ҳузури сокинон пурранг будааст. Аксҳои фиристодаи хабарнигори Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав ҷавонон барои раъйдиҳӣ саф кашидаанд.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистонро беш аз 230 нозири байнулмилалӣ мушоҳида мекунанд. Ин нозирон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.