Суннатулло Ҳамидзод як корбари "Фейсбук" навиштааст, ки аз ӯ хостаанд, 26 баргаи раъйдиҳиро пур кунад. Ӯ гуфтааст, ки дигар ба интихобот намеравад. Аммо ин корбар пас аз муддате сафҳаашро пок кард.
https://m.facebook.com/groups/1850530778525172?view=permalink&id=2603691099875799
- Аз Орзуи Карим
Қурбоналӣ Қурбонзода, раиси Комисияи интихоботии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, то соати 10 бештар аз 41 дар сади мардум дар интихобот ширкат кардаанд.
Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон умедвор аст, ҳизбаш ба порлумон роҳ меёбад, ба шарте ки он шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шавад. Зоиров ин суханонро баъди овоздиҳӣ дар қитъаи рақами 34-и ноҳияи Синои пойтахт ба хабарнигорон иброз дошт.
Ҳизби ӯ ягона нерӯи мухолиф аст, ки дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекунад. Ин ҳизб панҷ номзадро аз феҳрасти ҳизбӣ ба порлумон пешниҳод кардааст. Қитъаи овоздиҳии рақами 34, бештар аз 1300 райъдиҳанда дорад ва ба гуфтаи масъулонаш то соати 8-и субҳ 9 дарсад интихобкунандаҳо овоз доданд. Раҳбарияти ҲСДТ гуфтанд танҳо дар ҳамин нуқтаи овоздиҳӣ бештар аз 400 овоздиҳанда доранд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон то ин дам дар порлумон ҳеч курсӣ надошт. Дар интихоботҳои гузашта мақомот гуфта буданд, ки ҳизб овози заруриро ба даст наовардааст. Раҳбарияти ҲСДТ бовар дорад, ройи тарафдорони онҳоро "дуздидаанд". Ахиран Паймони миллии Тоҷикистон, гуруҳе аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа пуштибонии худро аз Ҳизби сотсиал-демократ ва номзадҳои он дар интихобот эълон карданд. Зоиров дар посух ба ин суол ки оё ин тарафдорӣ бар зарари сотсиал-демократҳо нест, гуфт: “не, чун фикр мекунам миёни мо ҳеҷ созише набуд ва он ки Додгоҳи олӣ ин ё он созмонро терорристӣ эълон кардааст, ин нисбати ҳамон ташкилотҳо амал мекунад. Лекин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла онҳо ҳам шаҳрванди ин кишвар ҳастанд ва ҳеҷ кас ҳуқуқи конститутсияи шаҳрвандонро маҳдуд накардааст. Бояд аз ин лиҳоз ҳамагуна мавқеро эҳтиром кард”.
Таҳлилгарон баъд аз даъвати мухолифон, ки ҳукумат паймони онҳоро созмони “террористӣ” эълон кардааст, гуфтанд, ки чунин ҳимоят бар зарари ҳизби Зоиров аст.
Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ гуфт аз ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ дар аввали рӯз таассуроти хубе дорад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳолат то охири рӯз идома кунад ва интихобот шаффофу демократӣ натиҷагирӣ шавад. Раҳматилло Зоиров ҳарчанд ба феҳристи умумии интихобкунандагон ки 4 миллиону 900 ҳазор эълон шудааст, бовар надорад, вале мегӯяд, мумкин аст 50 дарсади мардум дар интихобот ширкат кунанд.
Ҳизби сотсиал-демократ яке аз ҳафт ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон аст ва беш аз 8,5 ҳазор узв дорад. Ҳизби сотсиал демократ соли 1998 ва замоне сабтином шуд, ки Зоиров мушовири ҳуқуқии президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай баъди сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва аз он замон то кунун раҳбарии ин ташаккули сиёсиро ба уҳда дорад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи интихоботии рақами 15, раъй дод. Оқои Раҳмон ҳамзамон раиси Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон низ мебошад. Ҳизби ӯ дар гузашта аксари мутлақи курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дошт ва ба гуфтаи соҳибназарон, интизор меравад, ки дар ин интихобот низ бештари курсиҳоро аз худ кунад.