Сафорати Тоҷикистон чанд рӯз қабл эълон кард, ки шаҳрвандони кишвар метавонанд дар бинои сафоратхона дар Маскав ва консулгариҳо дар Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа барои раъйдиҳӣ ҳозир шаванд. Маълумотҳои расмӣ шумораи муҳоҷиронро беш аз 460 ҳазор мегӯяд Аммо оморҳои ҷониби Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион нафар нишон додаанд. Ҳоло маълум нест, ки чӣ теъдоде аз муҳоҷирон дар интихобот иштирок мекунанд.
Ҷараёни интихобот дар Сафорати Тоҷикистон, Маскав:
https://www.facebook.com/tajembassy.ru/videos/222494222481915/
Баҳс дар бораи интихоботи имрӯзаи порлумонии Тоҷикистон дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм ҳам ҷараён дорад. Назарҳо гуногунанд ва дар инҷо хонед:
Дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ шурӯъ шуд ва нахустин интихоботе аст, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 бе ҳузури ин ҳизби мухолифи давлат баргузор мешавад. Аксарият интизор доранд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳизби ҳоким ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аксарияти 63 курсии Маҷлиси намояндагонро соҳиб мешавад. Дар интихобот шаш ҳизби хурди дигар аз ҷумла ҳизби мухолифи Сотсиал-демократии Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Ин ҳизб ба сабаби надоштани пули кофӣ, маҷбур шуд, аз феҳрасти ҳизбӣ на 8, балки 6 нафарро ба мақоми номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад. Гаравпулии интихоботӣ тақрибан 600 долларро ташкил медиҳад. Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии Раҳматулло Зойиров, сиёсатмадори шинохта дар интихоботҳои гузашта натавонистааст, садди 5 дар саддиро убур карда, ба порлумон роҳ ёбад. Ҳизб мегӯяд, ки интихоботҳо шаффофу одилона сурат нагирифтаанд.
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд. Таққалубкорӣ, аз ҷумла раъйдиҳии оилавӣ, пур кардани қуттиҳои раъй ва шумориши нодурусти раъйи мардум дар тамоми интихоботҳои гузашта вуҷуд доштааст. Ҳукумати Тоҷикистонро чанд соли ахир барои саркӯби мухолифон ва мунтақидону дигарандешон пайваста танқид мекунанд.
Ҳукумат соли 2014 Гурӯҳи 24, як созмони мухолифи давлатро гурӯҳи ифротгаро эълон кард ва фаъолияташро манъ намуд. Як сол баъд Ҳизби наҳзати исломиро ҳам созмони террористӣ эълон карданд. Ҳарду мегӯянд, ки ин иддаоҳо беасосанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва дигар гуруҳҳои мухолифи давлат, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд, аз тарафдоронашон хостаанд, ки ба Ҳизби сотсиал-демократ раъй бидиҳанд.
Имсол дар дохили бинои Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ барои хабарнигорон толори махсус ҷудо нашудааст. Барои пушиш ва бозтоби раванди интихобот аз КМИР барои хабарнигорон дар бинои Маркази таҳқиқоти стратегӣ ҷой ҷудо карданд. Дар ин толор ҳамагӣ як монитор гузошта шудааст, ки дар он гузоришҳои мустақими шабакаҳои давлатӣ аз ҷараёни интихобот пахш мешавад. Ба гуфтаи масъулини КМИР барои хабарнигорон интернети бесим ё WiFi дастрас мебошад, аммо дар соатҳои аввали интихобот, журналистони мустақил ва хориҷӣ ҳузур надоштанд. Аммо дар як толори дигари Маркази таҳқиқоти стратегӣ, ки махсус барои пахши мустақим шабакаи телевизиони давлатӣ омода шудааст, намояндагони КМИР натиҷаҳои интихоботро ҳар се соат эълон мекунанд.