Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон хабар дод, ки то соати 9-и субҳ дар саросари кишвар 23,4 дарсад ё 1 миллиону 150 ҳазор нафар раъй додаанд.
Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар қитъаи раъйдиҳии рақами 34-и шаҳри Душанбе овоз дод. Ҳизби ӯ ягона нерӯи мухолиф аст, ки дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекунад. Ин ҳизб панҷ номзад барои ширкат дар ин интихобот пешниҳод кардааст. Зоиров пас аз раъй додан дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, умедвор аст, дар ин интихобот ҳизбаш порлумонӣ мешавад. "Аммо ин ба шаффофу демократӣ баргузор шудани интихобот бастагӣ дорад", - афзуд Зоиров.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистонро беш аз 230 нозири байнулмилалӣ мушоҳида мекунанд. Ин нозирон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони САҲА ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.
Дар баъзе аз нуқтаҳои раъйдиҳии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, ҳузури сокинон пурранг будааст. Аксҳои фиристодаи хабарнигори Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки дар Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав ҷавонон барои раъйдиҳӣ саф кашидаанд.