Дар Тоҷикистон раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба поён расид. Раиси Комиссияи марказии интихобот соати 8-и шом ба вақти Душанбе эълон кард, ки дари марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар баста шуданд, вале бар хилофи ваъдаи пешин, доир ба ҳузури мардум дар ин корзори сиёсӣ хабар надод.
Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, зимни суҳбати мустақим дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон гуфт, “интихобот шаффоф ва ошкор гузашт.”
Худоёрзода гуфт, “Комиссия дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки 41 ҳавзаи якмандатӣ пешниҳод мекунад., натиҷаҳоро пас аз нисфирӯзии 2-юми март дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ эълон мекунад."
Ба қавли ӯ, то шоми якшанбе дар бораи қонуншикание дар ҷараёни интихобот “ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашудааст.” Хабарнигорони Радиои Озодӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми инъикос ва мушоҳидаи раъйдиҳӣ қонуншиканиҳо, аз ҷумла раъйдиҳӣ аз номи дигар касро мушоҳида карданд ва ба навор гирифтанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон соати 3 эълон кард, ки дар интихоботи порлумонӣ беш аз 75 дар сади мардум ширкат кардаанд ва интихобот баргузоршуда ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи мақомоти комиссия 3 миллиону 700 ҳазор нафар то соати 3 ба вақти Душанбе дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд.
Муҳоҷирони корӣ дар Русия аз вакилонашон чӣ мехоҳанд?
Ҷараёни интихобот аз назари худи раъйдиҳандагон
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ки дар интихоботи порлумонӣ бештар аз бештар аз 75 дар сади мардум ширкат кардаанд ва интихобот баргузоршуда ба ҳисоб меравад. Дар ин бора хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар қароргоҳи комиссия ҳузур доранд, хабар доданд. Ба гуфтаи мақомоти комиссия 3 миллиону 700 ҳазор нафар то соати 3 ба вақти Душанбе дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд. Бахтиёр Худоёрзода раиси комиссия тариқи пахши мустақим аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ гуфтааст, ки дар 3412 маркази раъйдиҳӣ шароит барои "интихоботи шаффофу одилона" муҳаё карда шуд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми инъикос ва мушоҳидаи раъйдиҳӣ қонуншиканиҳо, аз ҷумла раъдиҳӣ аз номи дигар касро мушоҳида карданд ва ба навор гирифтанд.
Масъулони КМИР дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то баъд аз нимаи дувуми рӯз ҳеҷ муроҷиат ва шикояте аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ ва раъйдиҳандагон дарёфт накардаанд. Ба иттилои масъулини КМИР, қарор аст натиҷаҳои ибтидоии интихобот баъд аз 24 соати интихобот дар як нишасти хабарӣ эълон шавад. Тибқи гузориши расмӣ, дар сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соати 14 73, 4 дар сади мардум дар интихобот ширкат кардаанд. Бо вуҷуди он ки бархе аз нозирони аҳзоби сиёсӣ ҳузури мардумро камфаъол арзёбӣ мекунанд, вале тақрибан дар нимаи рӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи порлумониро баргузоршуда эълон кард. Бархе аз номзадҳо ва қонундонҳо ба ин эълони зудраси Комиссияи марказии интихобот бо шубҳа менигаранд.